Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Русия барои ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги Умаралӣ


​Ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург мегӯяд, мақомоти он шаҳр ба онҳо ваъда додаанд, ки дар робита ба қазияи марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард.

Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург бо номи “Сомониён” аз мақомоти Русия расман талаб кардааст, ки дар робита ба марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар боздоштгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз карда, афроди дахил дар ин қазияро ба ҷавобгарӣ бикашад. Аҳтамбек Маҳмадов, раиси ҷамъияти “Сомониён”, 19 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз таҳқиқи қазия идома дорад ва мақомоти Русия дар суҳбат ба онҳо ваъда додаанд, ки омилони марги Умаралиро муҷозот хоҳанд кард.

“Мо бо ҳамроҳии пулиси Санкт-Петербург ҳамкорӣ дорем, то дар ин замина ҳарчӣ зудтар парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Чунки маъмурони пулис бе иҷозати додгоҳ Умаралии панҷмоҳаро аз дасти модараш гирифтаанд. Аввал дар ин бора бояд қарори додгоҳ содир мешуд,” – афзуд Маҳмадов.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим

Ӯ гуфт, маъмурони пулис Умаралиро баъди гирифтан аз дасти модараш бояд ба парастишгоҳ ва ё ҳадди ақалл ба ихтиёри бибияш, ки қонунӣ дар Санкт-Петербург кору зиндагӣ доштааст, месупурдаанд: “Вале онҳо Умаралиро бе модараш зиёда аз панҷ соат дар боздоштгоҳ нигоҳ доштанд, ки билохира бо марги ӯ анҷомид.” Аҳтамбек Маҳмадов мегӯяд, то ҷое онҳо иттилоъ доранд, Умаралӣ ягон беморӣ надошта, балки сиҳат будааст ва ин далелро бояд ташхиси тиббӣ ҳам собит кунад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, Умаралӣ дафтари муолиҷавӣ доштааст ва дар онҷо ягон навъ касалии ӯ сабт нашудааст.

Аҳтамбек Маҳмадов
Аҳтамбек Маҳмадов

Вале нигаронии Маҳмадов аз он аст, ки модари Умаралӣ бо қарори додгоҳ аз қаламрави Русия берун карда мешавад. “Дар ҳақиқат модараш дар Санкт-Петербург ғайриқонунӣ истодааст. Қарори додгоҳ содир шудааст, ки ӯ баъд аз понздаҳ рӯз берун карда шавад,” – гуфт ӯ. Вай афзуд, ҷасади Умаралӣ ҳанӯз дар сардхона аст ва имрӯз маълум хоҳад шуд, ки ҷасадашро хоҳанд дод ё на.

Рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират шаҳрвандони Тоҷикистон -- Рустам Назаров, Заррина Юнусова ва писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Назаровро боздошт карданд.

Меҳриннисо Назарова, бибии Умаралӣ, дар яке аз гузоришҳои телевизионҳои Русия гуфт, ӯ дар паси дари пулис тариқи тиреза набераашро мушоҳида мекард. Ӯ мегӯяд, ки барои набераи 5-моҳааш шир оварда ва аз кормандони пулис хоҳиш кардааст, ки онро ба наберааш бидиҳанд. Аммо Меҳриннисо Назарова мегӯяд, ки шоҳиди он шуд, ки зарфи ширро дар тоқи тиреза гузоштанд ва ба наберааш надоданд. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ набераи ӯро аз идораи пулис мебарад, вале ӯро нагузоштанд, ки набераашро ҳамроҳӣ кунад. Оилаи Назаровҳо рӯзи дигар хабари шуми марги набераашонро аз масъулони бемористон дарёфт карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Русия гуфтанд, ки тафтиши ҳодисаи марги Умаралиро таҳти назорати қатъӣ қарор додаанд. Дар ин бора Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, бо такя ба як изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар посух ба нотаи эътирозии сафорати Тоҷикистон Вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, ки муроҷиати сафорат хеле ҷиддӣ гирифта шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2013 дар Русия беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҷон додаанд, ки ҷасади аксари онҳо ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Вазорати умури хориҷии Русия бо пахши изҳороте навишт, ки дар соли 2014 дар ин кишвар 39 ҳодисаи марги маҷбурии шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ҳодисаи марги фоҷеабори тифли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфӣ ва маҳкумкунандаро дар ҳақи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия ба бор овард. Шоира ва журналисти тоҷики муқими Русия Мави Масаби (Мавҷуда Собирова) ин шеъреро ба забони русӣ ба марги Умаралӣ Назаров бахшидааст:

Прости, малыш..

Кто слезы Матери оплатит в Судный день?

Кто на себя возьмет грех страшный и жестокий?

Мигрант бесправный для чиновника - мишень,

Пропахли смертью мной оплаканные строки...

Проснись же совесть, заплутавшая моя.
Проснись... Кричи. И бей в набат. И в души.
Ведь гастарбайтер - это "мусор" бытия,
Где каждый, кто сильнее, его душит.


Где каждый, кто на чин его важней,
На голову, по статусу, чуть выше,
Ударить, норовит, под дых больней,
И опустить, бесправного, пониже.

Прости, малыш, что не смогли спасти,
Мы все в ответе за твою погибель.
Народ уставший на своем пути,
Утративший и смелость, и обитель...

XS
SM
MD
LG