Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хонашинӣ то таъсиси корхонаи адрасбофӣ (ВИДЕО)


Қаноат суннати зиёновари як рустои Ғончиро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Қаноат Нуруллоева, сокини деҳаи Қалъаи Дӯстии ноҳияи Ғончӣ ҳанӯз 4 сол пеш як соҳибхоназан буд. Вале эҳтиёҷ ӯро водор кард, ки ташаббусро ба дасти худ гирад ва дар канори шавҳару писараш ба кор пардозад.

Як зани сокини ноҳияи Ғончӣ чанд сол пеш хонанишин буд, вале эҳтиёҷ ӯро водор кард, ки ташаббусро ба дасти худ гирад ва дар канори шавҳару писараш ба кор пардозад. Нахуст як фурӯшгоҳ боз кард ва дар пайи он – корхонаи адрасбофӣ. Ҳоло зери дасти ӯ даҳҳо зан кор мекунад, ки ҳанӯз чанд сол пеш дастнигари падару ҳамсаронашон буданд.

Хонуми Нуруллоева мегӯяд, ки “дар деҳаи мо аз пеш таомуле буд, ки кор кардани занҳо дар ҷойҳои ҷамъиятиро мардони оила иҷозат намедоданд ва айб медонистанд. Ҳатто ба мактаби деҳа муаллимаҳоро аз деҳаҳои дигар даъват мекарданд. Ман ин қолабро шикастам ва шавҳараму писаронам ҳам маро дастгирӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки ин кори хуб ва ба занони дигар як улгу мешавад. Гуфтанд, ки чизҳои занонаро шумо фурӯшед, ки агар фурӯшанда мард бошад, зане аз дари мағоза намедарояд.”

Сокинони деҳаи Қалъаи Дӯст мардуми заҳматкаш ва дар диндорӣ муътадиланд. Ихтиёр Раҷабов, муовини раиси ҷамоати Ваҳдат, ки деҳаи мазкур як ҷузъи он аст, мегӯяд, то ҳол ягон сокини ин ва деҳоти дигари ҷамоат ба ҳизбу созмонҳои тундрав шомил нашудааст. Ӯ мегӯяд, ҳатто дар замони шӯравӣ дар ин ҷамоат корхона ё муассисае барои кори занон вуҷуд надошт ва ҳамин чиз сабаб шуд, ки бисёри хонумҳо аз кӯдакӣ медонанд, ки баъди бузург шудан танҳо вазифаи онҳо барпо кардани оила ва тарбияи фарзанд хощад буд. Коре, ки билохира Қаноат Нуруллоева, як зани оддии деҳа, ки 5 фарзанди оиладору 17 набера дорад, анҷом дод.

Вай танҳо дар мактаби миёна таҳсил кардааст. Ҳоло ин бонуи миёнсол ба ҳудуди 30 зани коргару коромӯзи нахустин корхонаи хурди адрасбофии деҳа раҳбарӣ мекунад. Вай мегӯяд, дар муддати 3 моҳи соли ҷорӣ адрасбофиро дар шаҳри Хуҷанд, назди соҳибони ин касб омӯхтааст. Ин коргоҳи хурди адрасбофиро яке аз фарзандони хонум Нуруллоева, Раҳматулло як моҳ пеш боз кардааст.

Раҳматулло мегӯяд: “Ман дар зарфи ду сол дар шаҳри Маскави Русия мардикорӣ кардам. Ва орзу доштам, ки дар ватани худам як ҷойи кор барои худаму дигарон фароҳам кунам. Хушбахтона, бо дастгирии раиси вилоят оқибат ин орзуи деринаам амалӣ шуд ва ҳамин корхонаи адрасбофиро таъсис додам.”

Раҳматулло 32-сола аст, ҳамсар ва ҳафт фарзанд доранд. Ӯ мегӯяд, таҷрибаи аввалашон аз адрасбофӣ нишон дод, ки аз ин кор метавон даромади хуб ба даст овард.

-Як адрасбоф дар як рӯз то 8 метр адрас мебофад. Ин матои миллиро аз риштаи пахта мебофем. Қаблан ҳамдеҳагони мо барои хариди адрас ба шаҳри Хуҷанд мерафтанд, ҳоло матои соф аз риштаи табии мо бештар писандашон омадааст, 1 метрашро ба 15 сомонӣ мехаранд. Аз ин 4 сомониашро ба бофанда медиҳем. Як бофанда моҳе 700 – 800 сомонӣ кор мекунад-гуфт Раҳматулло.

Ин корхонаи хурди бофандагӣ аз се утоқ иборат аст, ки дар дастгоҳҳо ба таври дастӣ матои адрас мебофанд. Дар утоқи дигар занону духтарон аз адрас ва матои дигар либосҳои занона медӯзанд, дар утоқи сеюмӣ қолини миллии дастбоф истеҳсол мешавад. Раҳбари корхона, Қаноат Нуруллоева мегӯяд, ки “бо кори як марди хонавода бори зиндагиро кашида намешавад. Занони зиёди мо ҳам кор кардан мехоҳанд, аммо ҷойҳои корӣ нест. Занҳое, ки мо дар корхонаи адрасбофиамон ба кор гирифтем, хеле хушҳоланд, ки кор мекунанду дастнигари мардон нестанд.”

Дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ 32 ҳазор ва дар маркази он, деҳаи Қалъи Дӯст ҳудуди 7 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Аммо аксари кулли занону мардонаш бекоранд. Хонаводаҳое, ки замин доранд, ба кишоварзӣ машғуланд. Мардону ҷавонони зиёд барои дарёфти кор ба Русия мераванд. Аксари занон бекор ва хонашинанд. Дар ин ҳол Раҳматулло ва модараш – Қаноат Нуруллоева мегӯянд, чун адраси дастибофташон бозоргир шудааст, мехоҳанд корхонаашонро васеътар ва занону духтарони бештареро ба кор ҷалб кунанд.​

XS
SM
MD
LG