Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, се узви дигари гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъро дар идомаи амалиёт дар дараи Ромит дастгир кардаанд. Дар баёнияи вазорат, ки рӯзи 8 сентябр нашр шуд, омадааст, аз ин се нафар яроқу аслиҳа, аз ҷумла 5 автомати Калашников ва миқдори зиёди тир мусодира шудааст. Ба ин тартиб, ба иттилои мақомот, беш аз 50 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт ва 17 тани дигарашон кушта шудаанд. Амалиёти боздошти ӯ ва ҳамроҳонаш ҳанӯз дар дараи Ромит идома дорад. Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ дар баёнияи худ рӯзи 8 сентябр гуфтанд, “аз онҳое, ки барои дастгир ва нобуд кардани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода кумак кардаанд, изҳори сипос мекунад”.