Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи ҷавонони Шаҳритус баъди боло шудани парчами сиёҳ


​Мақомоти ноҳияи Шаҳритус мегӯянд, ки барои аз андешаҳои ифротгароёна дур нигоҳ доштани насли ҷавон дар ин минтақа барномаҳои варзишӣ, бахусус футболро, ба роҳ мондаанд.

Ҳукумати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон баъди ду дафъа боло шудани парчами сиёҳи монанд ба байрақи "Давлати исломӣ" дар маркази ин ноҳия, ки омилонаш асосан ҷавонон будаанд, иҷрои барномаҳои варзишӣ ва тафреҳиро рӯи даст гирифтааст.

Зафар Ёрматов, як масъули бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус, 5 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳоло дар деҳаҳо ва ҷамоатҳои ин ноҳия бозии футболро ташкил карда, ҳамин тавр, қасд доранд аз андешаҳои ифротгароёнаи ҷавонон ва пайвастани онҳо ба саффи гуруҳҳои мазҳабии мамнуъ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ намоянд. "Барои пешгирӣ аз шомилшавии насли ҷавон хона ба хона гашта истодаем, то онҳоро ба мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб намоем," – афзуд ӯ.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, алакай дар миёни чор деҳаи ноҳияи Шаҳритус, ки ҷавононаш барои боло кардани парчами сиёҳ дар болои ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия муттаҳам мешаванд, мусобиқаи футбол баргузор шудааст. Бархе аз коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки мақомоти расмии Шаҳритус бояд барнома ва мусобиқаҳои варзиширо на барои як ё ду ҳафта ва он ҳам ҳисобот, балки барои солҳои оянда низ дар назар бигиранд.

Яке аз ин коршиносон гуфт, “мақомот бисёр вақт барои худнамоишдиҳӣ ва ё ҳисобот чунин барномаҳоро рӯи даст гирифта, зуд анҷомаш медиҳанд. Дар ин вазъе, ки мо дорем, ҳисобот муҳим нест, балки таъсиррасонӣ ба ҷавонон муҳим аст. Шояд дар ин сабқатҳои варзишӣ чеҳраҳои нав кашф шуда, имконият пайдо намоянд, ки дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳурӣ ва ё минтақа иштирок кунанд.” Мусоҳиби мо, инчунин, ташкили ҷойҳои кории муносиб барои насли ҷавонро аз барномаҳои муҳими ҷилавгирӣ аз андешаҳои ифротгароёна миёни ҷавонон донист. Мушкиле, ки мақомот солҳо боз дар ҳалли он дасткӯтоҳанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи як моҳи ахир ба далели боло кардани парчами сиёҳ дар Шаҳритус ҳашт нафарро боздошт карда, Маҳмадалӣ Абдуллоеви 15-соларо таҳти пайгард қарор додааст. Ҳоло афроди боздоштшуда дар боздоштгоҳ ё СИЗО-и Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешаванд.

Ин афрод дар суҳбат ба пулис аз Абӯсаид ном нафаре ёдоварӣ кардаанд, ки ба қавли онҳо дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна қарор дошта, тариқи Интернет онҳоро барои шомил шудан ба "Давлати исломӣ" даъват кардааст. Рамазонбек Худойбердиев, яке аз ин ҷавонон дар сӯҳбат ба муфаттишон, ки наворашро ВКД дар ихтиёри расонаҳо гузошт, гуфтааст, “баъди амри маъруфи Абӯсаид ба ин кор розӣ шудааст.”

Як боздоштшудаи дигар гуфтааст, ки “раҳбаронашон” дар миёни онҳо нафари фидоиро меҷустанд ва қасдашон ин буд, ки бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус тарконда шавад. Пайвандон ва наздикони ин ҷавонони боздоштшуда аз суҳбат худдорӣ мекунанд.

Боздошти гурӯҳи ҷавонон дар Шаҳритус барои боло кардани парчами сиёҳ дар ҳолест, ки дар шаҳри Норак низ чордаҳ нафар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” боздошт шудаанд. Мақомот мегӯянд, бар асоси иттилои расмӣ ҳудуди 200 сокини вилояти Хатлон ба майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ рафта, хабари марги чанде аз онҳо расидааст. Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ба ин ҷангҳо 519 нафар рафта, беш аз 150 нафарашон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG