Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухторнишонҳои тоҷик дафтарҳои се ҳизбро бастанд


Қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ баъди сӯхтори моҳи октябри соли 2013
Қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ баъди сӯхтори моҳи октябри соли 2013

Раёсати сухторнишонӣ барои риоят накардани меъёрҳои амнияти сӯхтор ҳуҷраҳои кории Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократиро бастааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, баъди тафтиши бехатарии дафтарҳои кории 6 ҳизби сиёсии кишвар баъхе аз ҳуҷраҳои кории онҳоро то замони мутобиқ шуданашон ба меъёрҳои бехатарии сӯхтор бастанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 20-уми август хабар дод, ки гурӯҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии вазорат, бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор дар 186 иншоот ва биноҳои давлатию хусусӣ дар шаҳри Душанбе “чорабиниҳои санҷишӣ-профилактикӣ” анҷом додааст.

Аз ҷумла ҳуҷраҳои кории ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, воқеъ дар бинои «Кохи Ваҳдат», Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ҳизби Аграрӣ дар бинои Академияи илмҳои кишоварзӣ, Ҳизби сотсиалистӣ дар бинои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳизби коммунист, дар бинои Суди олии иқтисодӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ дар кӯчаи Борбад ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино мавриди санҷиш қарор гирифтаанд. "Ҳуҷраҳои се ҳизбро боздоштаанд."

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар рафти санҷишҳо маълум шуд, ки ҳуҷраҳои кории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо системаи автоматии ҳушдор аз сӯхтор муҷҷаҳаз нашудааст, ҳамчунин ноқилҳои барқии ду ҳуҷраи корӣ мувофиқ ба қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ нестанд. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳуҷраҳои кории Ҳизби коммунист, бо воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ таъмин нест ва ҳуҷраҳо ҳам системаи автоматикии аз сӯхтор огоҳкунанда надоранд.

Дар ин баёния дар бораи қароргоҳи Ҳизби наҳзат дар Душанбе маълумоти зиёдтар дода ва гуфтаанд, ки бинои маъмурӣ ва биноҳои ёрирасони қароргоҳ “бо системаи воқифкунанда таҷҳизонида нашудааст, сипари оташнишонӣ бо воситаву асбобҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ пурра таъмин карда нашудааст, конструксияҳои чӯбии биноҳо бо маҳлули кимиёвии аз сӯхтор муҳофизаткунанда коркард нашудааст, манбаъҳои обии оташнишонӣ мавҷуд нест, ноқилҳои барқии биноҳои нашрияи қароргоҳ ва дигар биноҳо бар хилофи талаботи Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ гузаронида шуда, аз санҷишҳои муқовимати барқӣ нагузаштааст. “

Вазорат оташсӯзӣ дар бинои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2010-ро мисол овардааст, ки ба гуфтаи оташнишонҳо сабаби сар задани он расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ буд. Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсати Ҳизби наҳзат рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ маъмурони оташнишонӣ ба қароргоҳҳои онҳо омада, тафтиш карданд ва дастур доданд, ки “камбудиҳои мавҷудро бартараф намоянд, дар акси ҳол нисбати онҳо чораҷӯӣ мешавад. “Корҳо барои бартараф кардани камбудиҳое, ки зикр шуд, идома дорад”- гуфт Ҳикматулло Сайфуллозода ва афзуд, ки тафтиш дар ду ҳафтаи ахир сурат гирифт ва аз дигар ниҳодҳо, аз ҷумла Кумитаи заминсозӣ, Хадамоти санитариву беҳдоштӣ ҳам барои тафтиш ба қароргоҳи Ҳизби наҳзат омаданд.

Ба гуфтаи узви раёсати Ҳизби наҳзат ҳоло дафтари кории онҳо боз аст, ба истиснои чопхона, ки ба гуфтаи оташнишонҳо “ноқилҳои барқии он бар хилофи талаботи қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқист ва аз санҷишҳои муқовимати барқӣ нагузашт. Чопхонаи Ҳизби наҳзати исломиро ҳафтаи пеш бастанд ва то ин ҳизби мухолифи давлат натавонист, ин рӯзи 19-уми август, “Наҷот” ҳафтаномаи расмии ҳизбро нашр кунад.

Дар Ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ки ба гуфтаи вазорат ҳуҷраҳои кории он баста шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мутахассисони сарраёсати оташнишонӣ ба онҳо ба таври хаттӣ дастур додаанд, ки системаи ҳушдор аз хатари сӯхторро насб кунанд ва камбудиҳои мавҷудро бартараф намоянд. Вале ба гуфтаи намояндаи амри Сарраёсати оташнишонӣ ба кори онҳо халал нарасондааст ва онҳо корашонро ба таври маъмулӣ идома медиҳанд.

Хуршед Чӯпонов, узви фаъоли Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони оташнишонӣ ҳамроҳ бо нозири минтақавии милиса ба идораи онҳо омада ва дастури хаттиро бо зикри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо супурданд ва гуфтанд, ки “баъди як ҳафтаи дигар барои тафтиши корҳои анҷомшуда бармегарданд.”

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дафтарҳои ноҳиявии баъзе аз ҳизбҳои мухолифи давлатро барои риоят накарданди меъёрҳои амниятиву беҳдоштӣ бастаанд, аммо бори аввал аст, ки мегӯянд, ҳуҷраҳои кории ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро “боздоштаанд”.

XS
SM
MD
LG