Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон. Яке роҳ медиҳад, дигаре - об


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Як мақоми Вазорати корҳои хориҷӣ натиҷаи музокироти ҳайатҳои Душанбе ва Бишкек бар сари баҳси бархоста дар миёни сокинони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизистонро шарҳ дод.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ҷониби Қирғизистон ба зудӣ роҳи оби сокинони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро боз хоҳад кард. Як мақоми ин вазорат 8 август ба "Озодӣ" гуфт, ин кор танҳо баъд аз ду метр дарунтар гирифтани девори боғи як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ имконпазир шудааст. Ба қавли манбаъ, роҳбарии ҳайати ҷониби Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид Шараф Файзуллозода, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент бар ӯҳда доштааст.

Як рӯз пештар Қурбонбой Искандаров, намояндаи ҳукумати Қирғизистон низ гуфта буд, музокироти ҳайатҳои Душанбеву Бишкек барои ҳалли мушкили марзӣ дар миёни деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизистон ба поён расида, ҳарчанд то ҳол санади расмӣ имзо нашудааст, аммо тавофуқ ҳосил шудааст. Ӯ афзуд, ҷонибҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки як сокини деҳаи Сомониён девори хонаашро ду метр дарунтар мегирад ва дар ҷавоб сокинони Куктош роҳи об ба Чоркӯҳи Исфараро боз хоҳанд кард.

Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, гуфт, хонаи Фахриддин Шарофови 82-сола дар миёни қабристонҳои кӯҳна ва нави қирғизҳо воқеъ аст ва роҳи танги онҷо баъзан боис ба кашмакаш мешуд.​"Ҳоло ӯ розӣ аст, ки девори хонаашро ҳудуди ду метр дарунтар бигирад. Баъд аз он, роҳи мардуми деҳаи Куктош ба қабристон боз шуда, тақрибан як мошин метавонад ба ҳузур ҳаракат кунад," -- гуфт Шарифов.

Қурбонбой Искандаров ҳам мегӯяд, музокирот хуб ҷараён гирифта ва қарор аст, баъд аз дарунтар гирифтани девори Шарофов ва боз шудани роҳи об "протокол" ё санади расмӣ ҳам имзо шавад. "То ин вақт мо бо мардум суҳбат карда ва ба онҳо гуфтем, ки бояд дӯстона зиндагӣ кунанд. Ба онҳо фаҳмондем, ки аз душманӣ ҳеч фоида нест," – илова кард Искандаров.

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон се рӯз боз дар деҳаи марзии Куктош ҷараён дорад. Ба ин ҳайатҳо намояндагони Хадамоти марзбонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон шомиланд.

Раҳбарияти Хадамоти марзбонӣ ва дигар намояндагони сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистну Қирғизистон дар пайи задухӯрди рӯзҳои 3 ва 4 августи соли ҷорӣ дар қитъаи марзии байни рустоҳои Сомониён (Тоҷикистон) ва Кӯктош (Қирғизистон) вориди гуфтугӯ шуданд. Муовини нахуствазири Қирғизистон ваъда дод, ки ҳама иғвогарони моҷарои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Абдураҳмон Маматалиев гуфт, баъд аз анҷоми кори комиссияи муштараки ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар марз, “ҳама иғвогарони таҳрикдиҳандагони моҷароҳои марзӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”. Вай афзуд, ҳоло вазъият дар марз ором ва зери назорат аст.

Изҳороти муовини сарвазири Қирғизистон баъд аз ду даври гуфтушунид дар ҷойи воқеа ва изҳороти Хадамоти марзбонии Тоҷикистон садо медиҳад, ки бархе аз раҳбарони маҳаллии қирғизро барои барангехтани низоъ айбдор намуд. Дар ин изҳороти худ Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Роза Усарова -- вакили мардумӣ аз ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистонро ҳамчун "таҳрикдиҳандаи муноқишаи ахир" ном бурд.

Дар ин ҳодиса, бино бар охирин маълумот, аз ҳарду тараф 13 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Баҳс бар сари бунёди қубури обгузаре ба самти майдонҳои кишти рустоҳои тоҷикӣ сар зада, ки нахуст бо сангандозӣ шурӯъ шуд ва баъдан ба тирандозӣ кашид. Ҷониби Тоҷикистон кишвари ҳамсояро дар истифодаи силоҳи шикорӣ айбдор кард, ки 6 сокини Сомониёнро маҷрӯҳ кардааст. Раҳбари хадамоти марзбонии Қирғизистон ин иттиҳомро рад карда гуфтааст, ки аз ҷониби ин кишвар силоҳ истифода нашудааст.

Баҳси таъйин ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 идома дорад. То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG