Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кардааст, ки дар оянда шаҳрвандии ин кишвар ба ҳамаи шаҳрвандони Шӯравии пешин ё СССР дода хоҳад шуд. Дар ин бора Сергей Лавров -- вазири корҳои хориҷаи Русия дар ҷараёни боздиди ахираш аз Тошканд 16 июл изҳори назар карда ва гуфт, ҳоло вазорат дар ин самт корро идома медиҳад.
Бори аввал дар ин бора як мақоми баландпояи Русия ошкоро изҳори назар кард ва аз муҳофизакорон дар Думаи Давлатӣ шикоят намуд.
Оқои Лавров мегӯяд, вақте онҳо хостори додани шаҳрвандии Русия ба ҳамаи наслҳои давраи Шӯравӣ шуданд, Владимир Путин аз ин пешниҳод ҳимоят кардааст.
Вале, ба гуфтаи Сергей Лавров, "дар марҳилаҳои ниҳоии тасвиби санад муҳофизакорони Думаи Давлатӣ тағйирот ворид карда ва гуфтанд, шаҳрвандии Русия ба ононе дода мешавад, ки на дар қаламрави Шӯравии пешин, балки дар қаламрави Русия ба дунё омада бошанду дар кишвари дигар иқомат мекунанд."
Вазири корҳои хориҷии Русия афзуд, ҳоло вазорат мубориза мекунад, ки то охир ба ҳадафи худ бирасад.
Баъд аз пахши ин изҳорот акнун коршиносон мегӯянд, ки на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ муттахассисони давраи Шӯравӣ барои дарёфти шаҳрвандӣ талош хоҳанд кард, зеро онҳо дар кишвари худ нисбат ба Русия дастмузди камтаре доранд. Вале ин нукта бояд дар назар гирифта шавад, ки Русия на ба ҳар кас, балки ба коршиносони варзида бартарӣ хоҳад дод.
Рустам Самиев, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ин изҳороти оқои Лавров дар доираи сиёсатҳои тарҳрезишудаи Русия ва ба вижа сиёсати Путин баён шудааст ва он изҳороти санҷидашуда аст. Оқои Самиев мегӯяд, "ҳоло сиёсатҳои хориҷии Русия дар бунбаст қарор дорад. Талафоти бузурге, ки сиёсати хориҷии Путин ва Лавров ба Русия расонд, бояд дар самтҳое ҷуброн шаванд. Онҳо маҷбуранд, ки ба паҳнои Шӯравии пешин ва он ҳам танҳо дар самти Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ин гуна изҳорот диҳанд. Ин изҳорот ҳадафмандона аст."
Ба ақидаи Самиев, Тоҷикистон дар баробари ин гуна тасмимҳои Кохи Кремл коре аз дасташ барнамеояд ва агар кишваре, ки дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин бештар аз ҳар кишвари дигар аз фирори мағзҳо осебпазир бошад, ин Тоҷикистон хоҳад буд.
Бино ба маълумоти тақрибӣ, ҳудуди 225 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро доранд ва дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд. Шумори дигаре ҳам шаҳрвандии Русияро доранд ва дар Тоҷикистон ё кишварҳои дигар ба сар мебаранд. Тахмин зада мешавад, ки аз 250 то 280 ҳазор нафари дигар низ интизори дарёфти шаҳрвандии Русия мебошанд ва ба истилоҳ ҳаққи иқомат ё “Вид на жительство” гирифтаанд.
Бо чунин вазъ мешавад гуфт, ки танҳо аз Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор нафар аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол дар Русия зиндагӣ мекунанд ва ин изҳороти оқои Лавров ба ҳамин гуна гурӯҳҳои кишварҳои пасошӯравӣ ё СССР-и пешин нигаронда шудааст, ки дар маҷмӯъ миллионҳо нафарро ташкил медиҳанд. Онҳо артиши бузурги корӣ барои Русия дониста мешаванд, ки дар пешрафти иқтисодии Русия саҳм мегиранд, вале кишварҳои худи онҳо аз чунин нерӯи пешрафта, ба вижа дар бахшҳои беҳдошту маориф ва муҳандисиву коммуникатсионӣ маҳрум хоҳанд монд. Дар сурате ки Русия бо чунин сиёсати ҳадафмандона рафъи душвориҳои демографии худро дар даҳсолаҳои оянда барномарезӣ мекунад.
Ҳоло Русия аз лиҳози масоҳат дар ҷаҳон дар зинаи аввал аст ва аз лиҳози аҳолӣ дар зинаи нӯҳум, яъне бештар аз 146 миллион нафар аҳолӣ дорад. Владимир Путин дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфта буд, ки Русия барои чунин қаламрави паҳновар бояд 500 миллион нафар аҳолӣ дошта бошад. Пас ин қадр аҳолиро бояд аз куҷо бигирад?