Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти дубораи 12 узви "Ҳизби Таҳрир"


Додгоҳи шаҳри Ваҳдат барои ташкили махфигоҳ дар зиндони "Кирпичний" 12 узви маҳкумшудаи "Ҳизби Таҳрир"-ро дубора аз 16 то 23 сол аз озодӣ маҳрум кард. Як мақоми Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон 24 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳукм дар дохили маҳбаси 3/2, маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат эълон шудааст. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Завқиддин Нуъмонов аз додгоҳ хоста буд, ин 12 узви Ҳизби Таҳрирро аз 22 то 27 соли зиндон ҷазо бидиҳад. Ин афрод пештар барои узвият дар ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" аз 10 то 16 сол равонаи зиндон шуда буданд. Мақомот онҳоро дубора ба он айбдор карданд, ки тайи чанд соли охир қуттии симҳои электрикии дохили чойхонаи маҳбасро ҳамчун махфигоҳ барои нигоҳдории телефону кассетаҳои сабти овоз истифода кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин махфигоҳ 27 телефони мобилӣ, 41 симкорт, 11 гӯшӣ (наушник), 1 дастгоҳи сабти навор (видеокамера), 3 МP3, 28 дастгоҳи сабт ва 6 дона USB маҳфуз буда, аъзои "Ҳизби Таҳрир" бо истифода аз онҳо барои таблиғу ташвиқи аҳдофи худ, яъне таъсиси хилофат ва ҷалби афрод ба ин созмон, истифода мекардаанд.

XS
SM
MD
LG