Амрохон Эргашев, маъруф бо лақаби Мавлавӣ Амрохон, ки яке аз ёрони Мулло Абдуллоҳ ном бурда мешавад, аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст. Масъулони додгоҳ гуфтанд, ин сокини 40-солаи шаҳри Кӯлоб соли 2009 ба Қирғизистон фирор карда, танҳо моҳи ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Мавлавӣ Амрохон бар асоси ҳукми додгоҳ ба фаъолиятҳои экстремистӣ, иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ ва нигоҳдории силоҳ айбдор мешавад. Мақомот мегӯянд, Амрохон Эргашев баъд аз хатми як мадрасаи вобаста ба “Ҷамоати таблиғ” дар Покистон ба ташвиқи ақидаҳои ин созмони мамнӯъ дар кишвар машғул буд.
Худи Мавлавӣ Амрохон дар баромади худ дар додгоҳ қисман айбҳоро ба гардан гирифта, фориғуттаҳсили як мадрасаи вобаста ба “Ҷамоати таблиғ” буданашро таъйид намудааст. Ӯ гуфтааст, дар авоили соли 2009, баъди боздошти чанд тан аз ҳамроҳонаш ба иттиҳоми пайравӣ аз “Ҷамоати таблиғ” дар Кӯлоб ба Тавилдара рафта буд.
“Бар замми ин, Амрохон Эргашев соли 2009 дар гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти роҳбарии Раҳимов Абдулло (бо тахаллуси мулло Абдулло) ва Азизов Неъмат дар ноҳияҳои Тавилдара ва Дарвоз ба муқобили сохти конститутсионии давлат баромад намуда, дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардааст,” -- таъкид шудааст дар ҳукми додгоҳ.
Ҳикматулло Азизов, яке аз ҳамроҳони Мирзо Зиёев, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн ва вазири пешини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шоҳидӣ додааст, ки Мавлавӣ Амрохонро моҳи апрели соли 2009 дар деҳаи Пастироғи ноҳияи Дарвоз бо ҳамроҳии 8 шаҳрванди Русия дидааст. Ӯ гуфтааст, “он замон онҳо мехостанд ба Афғонистон гузаранд, вале бинобар сабаби барфи зиёд будан, гузашта натавонистанд”.
Ҳикматулло Азизов дар идома афзудааст, “дар як ҳуҷуми мусаллаҳона ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара Амрохон низ иштирок дошт, аммо гурӯҳ ба нокомӣ дучор гардида, ба дараи Сурхав фирор кард. Дар ҳамон ҷо мо аз Амрохон ҷудо гардида, дигар ӯро надидем.”
Ҳукми зиндони яке аз ёрони Мулло Абдуллоҳ дар ҳолест, ки мақомоти Интерпол моҳи марти соли ҷорӣ аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия хабар доданд. Андрей Черников, раҳбари шӯъбаи бюрои миллии Интерпол дар вилояти Свердловск нафари боздоштшударо Сӯҳроб Холов ном бурд ва гуфт, “исми ин нафар дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ бо хатти сурх ишора шуда буд.”
Гуфта мешавад, Сӯҳроб Холов тайи 10 сол – аз 1996 то 2005 – таҳти фармондеҳии Мулло Абдулло Раҳимов, яке аз фармондеҳони саркаши мухолифон дар водии Рашт меҷангид ва дар чандин ҳамлаҳои ғоратгарона даст доштааст. Сӯҳроб Холов аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчун “нафари мӯътамади Мулло Абдуллоҳ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуда буд.
Мулло Абдулло Раҳимов зодаи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло – Ваҳдат) буда, дар солҳои 90 дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Нуробод амал мекард. Ӯ шароити сулҳи соли 1997 бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфт ва ҳамроҳ бо гурӯҳаш ба бедодгариҳо дар манотиқи таҳти назораташ идома медод. Дар соли 2000-ум нерӯҳои давлатӣ ҳамроҳ бо гурӯҳҳои дигари мухолифини пешин дар водии Рашт алайҳи ҷангиёни Мулло Абдуллоҳ амалиётеро ба роҳ андохтанд, ки бо саркӯби ин гурӯҳ ва фирори боқимондаҳояш бо раҳбарии худи ӯ анҷом ёфт.
Мулло Абдулло баъди ин шикаст муддате дар дараи Ромити ноҳияи Кофарниҳон паноҳ бурда, сипас ба Афғонистон фирор кард. Ӯ соли 2009 ба таври пинҳонӣ ба Тоҷикистон омада, баъдан дар амалиёте дар баҳори соли 2011 дар Нуробод кушта шуд.