Алексей Афғонов -- шоири русзабони зодаи Тоҷикистон дар Маскав дар толори Китобхонаи давлатии ба номи Некрасов, дувумин китобхонаи бузурги пойтахти Русия шаби эҷодӣ баргузор мекунад. Афғонов то соли 2002 дар Тоҷикистон зиста, ҳоло дар шаҳри Рязани Русия ба сар мебарад ва мегӯяд худро ҳеч гоҳ дур аз Тоҷикистон намешуморад ва ҳамеша бо ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳамкорӣ дорад. Шаби эҷодии ӯро низ Маркази фарҳангии тоҷикони муқими Маскав баргузор мекунад.
Хуршедаи Даврондухт, раҳбари ин Марказ гуфт, баргузории барномаҳои фарҳангии тоҷикон дар берун аз Ватан аз як сӯ таблиғи фарҳанги тоҷикон ва аз сӯи дигар баҳонае барои дидори тоҷикони муқими Маскав мебошад.
Ба қавли ӯ, "намояндагони фарҳанги Тоҷикистон дар ин ҷо зиёданд, шоирону устодони донишгоҳҳо ва пизишкон ҳастанд. Дар ин шабнишинӣ на танҳо шеърхонӣ дар назар дошта шудааст, балки мо дар чунин чорабиниҳо, албатта навозандгонро ҳам даъват мекунем. Мардуми мо ташнаи фарҳанги миллиамон ҳастанд. Яз як тараф хумори мусофирӣ мебарояд ва аз тарафи дигар бо якдигар дидорбинӣ мекунанд ва ошно мешаванд."
Алексей Афғоновро дар Тоҷикистон бо он мешиносанд, ки вай аз шаҳри Рязан то посгоҳи марзии Сари Ғор дар ноҳияи Шӯрообод, яъне то маҳалле, ки дар он ҷо зода шудааст, пиёда бештар аз 4 ҳазор километрро 5 сол пеш дар 68-солагӣ тай кардааст ва дар рӯзи истиқлоли Тоҷикистон вориди Душанбе шудааст.
Ҳоло Алексей Афғонов мегӯяд, дар ояндаи наздик сафари дигареро ба нақша гирифтааст ва мехоҳад ба Тоҷикистон биравад ва аз он ҷо роҳи паймудаашро давом бидиҳад. Яъне, сафараш пиёда дуруст аз ҳамон нуқта оғоз хоҳад ёфт, ки 5 соли пеш дар ҳамон ҷо ба поён расида буд.
Алексей мегӯяд, сафари вай аз ду марҳила иборат хоҳад буд. Дар марҳилаи аввал мехоҳад дар шаҳрҳову ноҳияҳои Тоҷикистон мулоқот баргузор карда ва бо шахсиятҳои фарҳангӣ мулоқот кунад ва ашъорашро ба онҳо бихонад. Марҳилаи дувуми сафари ӯ берун аз марзҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад. Вай қасд дорад, аз Тоҷикистон ба қаламрави Афғонистон гузашта ва пиёда шаҳрҳоеро тай кунад, ки дар он ҷойҳо шоирони бузурги форсу тоҷик зистаанд ва ё ба хок супурда шудаанд.
Афғонов дар бораи барномаи ин сафараш чунин мегӯяд: "Мехоҳам ба ҳамаи шаҳрҳое ворид шавам, ки дар онҳо бузургони миллати тоҷик зистаанд. Ин шаҳрҳо муқаддас ҳам ҳастанд. Яке аз онҳо шаҳри Мазори Шариф аст, ҳатман аз шаҳри Нишопур мегузарам ва мехоҳам ба зиёрати мақбараи устоди бузург Хайём мушарраф шавам. Ба Табрез ба зиёрати қабри Камоли Хуҷандӣ мехоҳам биравам. Дар Теҳрон ба зиёрати ҷое мехоҳам биравам, ки Александр Гирибоедов, шоир ва дипломати рус ба қатл расида буд. Ман ҳамчунин мехоҳам зодгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадониро дар Эрон бубинам. Сипас аз он ҷо роҳро ба сӯи Макка идома медиҳам."
Оқои Афғонов гуфт, аз ҳоло дар бораи ин сафар ба навиштани китобе бо номи “Дорога к Богу” ё “Роҳ ба сӯи Худо” оғоз кардааст. Вай афзуд, дар ин китоб ҳамаи таассуроти худро аз мулоқот дар роҳи сафар, аз мақбараву мазорҳо ва шаҳрҳои бузург ба қалам хоҳад дод ва дар ин бора андешаҳои худро аз боздиди худ хоҳад навишт.
Падари Алексей - Амиршо Афғонов тоҷик ва афсари нерӯҳои марзбонии Шӯравӣ буд ва дар нерӯҳои марзбонӣ дар посгоҳҳои Шӯроободу Панҷи Поён хидмат кардааст. Модараш Тамара Афғонова зодаи шаҳри Рязани Русия аст ва ҳоло 91 сол дорад.
Алексей дар шеърҳо ва навиштаҳои дигараш худро бо номи “Алексей Авганов - сын своего отца” муаррифӣ мекунад. То ҳол китобҳои вай “Как я прошёл этим летом”, “Исповедь мигранта”, “По стопам Хайяма” ва “Возраст осени” ба чоп расидаанд.