Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пули муҳоҷирон"-и тоҷик 42,2% кам шудааст


Ҳаҷми сармояе, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан мефиристанд, дар семоҳаи аввали сол 42% кам шудааст. Дар ин бора Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе хабар дод ва мегӯяд, “маблағе, ки дар семоҳаи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон 289 миллион доллар интиқол дода шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2014 42,4 дарсад камтар аст. Ин бузургтарин коҳиши “пули муҳоҷирон” аз Русия ба Тоҷикистон, зеро дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар солҳои 2008-2009 он ҳамагӣ 10 то 15% кам шуда буд. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, то 90 дарсади пуле, ки аз Русия ба Тоҷикистон интиқол меёбад рубл буда, 9 %-и он доллар ва 1 дарсадро евро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор на камтар аз 95 дарсадро муҳоҷирон ба ватан мефиристанд. Ин сармоя дар соли 2014 3 миллиарду 349 миллион доллар ё или 36,2% -и Маҳсулоти нохолиси миллиро ташкил дода буд

XS
SM
MD
LG