Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар он сӯи Омӯ. Ҷангсолорҳо пушти кадом сангар мераванд?


Мақомҳои афғонӣ эълон карданд, ки ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ҳоло дар вилояти Тахор ҳам пайдо шудаанд. Пештар онҳо дар Бадахшону Қундузи Афғонистон ҷойгир шуда буданд.

Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) дар вилояти Тахор ҳам пайдо шуданд - қаблан онҳо дар Бадахшону Кундузи Афғонистон мустақар шуда буданд. Ба иттилои расмӣ, даҳҳо рустоҳо дар он тарафи Омӯ таҳти назорати гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ даромадаанд.

Воҳидхон Миртоҳир, яке аз фармондеҳони пулиси марзии вилояти Тахор, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт, даргирӣ бо аъзои ҲИУ ду рӯз идома кард ва ситезаҷӯён дар як мавзеи дастнораси кӯҳӣ паноҳ бурданд. Ӯ афзуд, "амалиёт зидди ин гурӯҳ ҳанӯз поён наёфтааст, зеро бино ба маълумоти кашфӣ ва амниятӣ, онҳо мехоҳанд дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷой бигиранд ва таҳдидҳоеро барои сарҳадҳои Афғонистону Тоҷикистон халқ кунанд".

Ба гуфтаи Воҳидхон Миртоҳир, теъдоди афроди мусаллаҳ зиёд нест, аммо онҳо мехоҳанд, ки дар се волусволии марзи Афғонистону Тоҷикистон – Дарқад, Янгиқалъа ва Чаёб ва ҳамчунин минтақаи Хоҷаи Ғор мустақар шаванд ва бо гурӯҳҳои зиддиҳукуматии маҳаллӣ тамос барқарор кунанд. Ӯ меафзояд, "агар ин афроди мусаллаҳ дар яке аз ин волусволиҳо ҷойи пой пайдо кунанд, талоши васл кардани мусаллаҳони

Бадахшони Афғонистон
Бадахшони Афғонистон

Бадахшон ва Кундузро хоҳанд кард". Тахор дар миёни ин ду вилоят ҷойгир аст. Аммо Воҳидхон Миртоҳир мутмаин аст, ки ин ситезаҷӯён ба ҳадаф намерасанд, зеро нерӯҳои ҳукуматӣ барои нобудсозии онҳо аз ҳама чораҳо кор мегиранд.

МАРЗИ "ЛАРЗОН" - АЗ ХАСТАКИ БАДАХШОН ТО ХОМЁБИ ҶУЗҶОН

Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки бештари ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар вилояти Бадахшон мустақар шудаанд. Ба гуфтаи Зикриё Савдо, узви комиссиюни амниятии парлумони Афғонистон, фақат дар дараи Хастаки волусволии Ҷурм аз 200 то 400 тан аз мусаллаҳон аз Узбакистон, Тоҷикистон, Чин ва Чеченистони Русия ҳузур доранд, аммо ҳукумат барои аз он берун карданашон амалиёти ҷиддиеро роҳандозӣ накардааст. Дар чанд ҳамлаи ғофилгиронаи онҳо ба нерӯҳои ҳукуматӣ даҳҳо афсару сарбоз кушта шуданд.

Тақрибан 70-80 нафари мусаллаҳ дар минтақаи Калвоти Қундуз, воқеъ дар 10-километрии марз бо Тоҷикистон ҳам ҳузур доранд. Мӯъмин, як фармондеҳи маҳаллӣ дао сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусаллаҳон аз Узбакистону Тоҷикистон ва Чеченистонанд ва аммо онҳо мансуб ҳам ба Ҳаракати исломии Узбакистонанд ва ҳам ба гурӯҳи “Давлати исломи”. Мусоҳиби мо тайид кард, ки тақрибан 80 дар сади Имом-Соҳиб аз сӯи мухолифини давлат тасарруф шудааст.

Толибон, ки ба гуфтаи фармондеҳони маҳаллӣ, миёни онҳо тоҷикону узбакҳо ва чеченҳо ҳам кам нестанд, ба ҷуз Бадахшону Қундуз дар ду вилояти шимолии дигар - Ҷузҷон ва Форёб, манотиқи ҳаммарз бо вилояти Марви Туркманистон ҳам мустақар шудаанд. Муҳаммад Тоҳир, таҳлилгари туркман мегӯяд, ки волусволии марзии Хомёби Ҷузҷон чанд моҳ боз аз зери итоати Кобул берун шудааст. Миёнаҳои ҳамин моҳ нерӯҳои афғон хостанд ситезаҷӯёнро аз марз дур кунанд, аммо ду нафарро талаф дода ба қароргоҳи худ баргаштанд.

Фатҳулло Қайсорӣ, вакили Маҷлиси Афғонистон аз вилояти Фарёб, ахиран дар як ҷаласаи парлумон бо ширкати вазири умури дохилии кишвар гуфт, ки айни ҳол 80 дар сади Форёб пурра дар дасти Толибон аст. Дар яке аз волусволиҳо – Қайсор “ҳар толиб на фақат дар заминҳои обӣ тарёк мекорад, балки аз мардум закот ҳам ҷамъ мекунанд”. Вакили парлумон нерӯҳои ҳукуматиро дар он айбдор намуд, ки амалиёти густурдае алайҳи толибон доир накардаанд ва аммо пайваста Кобулро “ором” мекунанд, ки вазъиятро таҳти назорат доранд.

Ба иттилои расмӣ, ду ҳафта пеш минтақаи Ҷунди Бодғиз, дигари вилояти ҳаммарз бо Туркманистон ҳам аз сӯи толибон тасарруф шуд - нерӯҳои амниятии вулусволӣ натавонистаанд пеши роҳи ҷангҷӯёни саропо мусаллаҳро бигиранд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар вилоятҳои Ҷузҷону Форёб ахиран мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам пайдо шудаанд. Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон чанд рӯз пеш дар нишасте дар Сенати кишвар гуфт, ки ҳадаф аз ҳузури “эмиссарҳо” ва ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон – густариши фаъолияти ин гурӯҳ дар кишварҳои Осиёи Марказист.

Муҳаммадқасими Паймон, дигар фармондеҳи афғон ҳам, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки моҳҳои ахир афроди мусаллаҳи се ниҳоди “ҷиҳодӣ” – ҷунбиши “Толибон”, Ҳаракати исломии Узбакистон ва “Давлати исломӣ” дар чаҳор-панҷ вилояти шимолии Афғонистон ҳузур пайдо кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, мусаллаҳони узбаку тоҷики ҲИУ зери фишори артиши Покистон, Вазиристони шимолиро тарк намуда бо аҳли хонаводаҳояшон ба ин минтақа омадаанд. Аммо ҷангиёни дар марзҳои Туркманистон ҳузурёфта асосан толибонеанд, ки аз ин пеш дар манотиқи ҷанубии Афғонистон фаъолият мекарданд. Муҳаммадқасими Паймон, ки чанд моҳи ахир фармонеҳии нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Нимрӯзро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, размандагони Ҳаракати исломии Узбакистон метавонистанд ба вилоятҳои ҷанубии қисман зери назорати “Толибон” раванд ва аммо дастур гирифтаанд, ки дар марзҳои Осиёи Марказӣ мустақар шаванд.

ОМОДАГӢ БА ҲАМЛА Ё ФИШОРИ РАВОНӢ?

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарону сиёсашиносон дар бораи ҳадафҳои ҳузури ҳарчӣ густурдаи ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон назари воҳид надоранд. Андрей Казансев, устоди МГИМО - Донишгоҳи давлатии робитаҳои байнулмилалии вазорати умури хориҷии Русия, мегӯяд, айни ҳол теъдоди бузурги тундравҳо аз Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ҷамъ омадаанд ва “ҳар лаҳза метавонанд аз марз убур кунанд, яъне, ин амалиёт мумкин аст”. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Туркманистон ва Узбакистон аз тақвияти дидбонии марзҳои худ бо Афғонистон хабар додаанд. Ҳамзамон мақомоти Туркманистон, ягона кишвари минтақа, ки аз сиёсати бетарафӣ кор гирифтааст ва дар сурати ҳамла фақат ба нерӯҳои посдори сулҳи СММ метавонад умед бандад, баъд аз чанд даргирӣ дар марз бо Афғонистон афсарону сарбозони захиравии худро ба “такмили ихтисос” даъват карданд. "Аммо се кишвари дигари минтақа – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар сурати ҳамла аз он сӯи марз метавонанд ба кӯмаки Маскав умед банданд – дар ҳарсеи ин кишварҳо пойгоҳҳои низомии Русия мустақаранд",, мегӯяд Андрей Казансев. Ахиран дар як нишасти Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Қайроққум ҳам гуфта шуд, ки дар сурати убури террористҳо аз рӯди Омӯ ин ниҳод Тоҷикистонро танҳо нахоҳад гузошт.

Аммо бархе коршиносон мутмаинанд, ки Русия мехоҳад бо бузург нишон додани хатари ҳамла аз Афғонистон нуфузи низомияш дар Осиёи Марказиро тақвият диҳад. Ба гуфтаи Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, “ҳар кас курпаро тарафи худ мекашад” ва мебинад, ки аз ин вазъ чӣ манфиате ба даст меоварад – агар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо пахши иттилоъ дар бораи таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ба минтақа аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо ин гурӯҳҳо маблағи бузург ба даст меоваранд, давлатҳои абарқудрат бо тарсонидани раҳбарони Осиёи Марказӣ аз эҳтимоли суқути режимҳояшон мехоҳанд ҳузури худ, аз ҷумла, ҳузури низомияшонро дар минтақа таҳким бубахшанд. “Ҳузури низомӣ бошад кафолати дастрасии осон ба ашёи хому захираҳои ғании энержии минтақа аст", мегӯяд сиёсатшиноси рус.

Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои минтақа ва Афғонистон ба ин ақида аст, ки ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба таври доимӣ, вале фақат ба хотири нигарон сохтани кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар шимоли Афғонистон ҷойгир шудаанд. Ӯ эҳтимоли ҳамлаи густурдаи ин гурӯҳ ба қаламрави шӯравии собиқро зери шубҳа бурд ва гуфт, ки интиқоли нерӯҳои ифротӣ ба шимоли Афғонистон шояд барномаи тарҳрезишуда ба хотири тарс додани Русия ва Чин бошад, ки яке даҳсолаҳо боз ”ҳоким”-и минтақа аст ва дигарӣ мехоҳад нуфузашро аз роҳи сармоягузории тарҳҳои иқтисодӣ боло барад.

ҶАНГСОЛОРҲО, КУҶОЕД ВА БО КИҲОЕД?

Воҳидхон Миртоҳир, яке аз фармондеҳони полиси марзии вилояти Тахор мегӯяд, ки чӣ гунагии авзоъ дар оянда аз мавқеъгирии ҷангсолорҳои пешин, аз ҷумла, ҷангсолорҳои ҷиҳодӣ ҳам вобаста аст, зеро онҳо то ҳанӯз дар "ватани хурд"-ашон нуфузи зиёд доранд. Абдулрашиди Дустум, Исмоил Хон, Абураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ ва даҳҳо ҷангсолорони дигар солҳо, аз як сӯ, ҳомиёни манотиқи шимолӣ маҳсуб мешуданд, аз сӯи дигар, мардумозорӣ ва ҳатто ҷиноёти низомияшон сари забони маҳфилу расонаҳо буд. Бархе аз онҳо вориди майдони сиёсат шуданд, фармондеҳони дигар, ки аз сӯиқасду моҷароҳо ҷон ба саломат бурдаанд, ҳамоно лаҷоми қудрат дар ин ё он минтақаро дар даст доранд. Ҷангсолорҳое чун Дустум, ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳарчанд акнун дар Кобуланд, нуфузашонро дар зодгоҳҳояшон ҳифз кардаанд. Вале бархе аз мусоҳибони мо ин нуктаро зери суол мебаранд ва мегӯянд, талоши ишғоли манотиқи Бадахшону Қундузу Фарёбу Ҷузҷон баёнгари он аст, ки насли ҷавони ҷангҷӯён дигар аз ҷангсолорони собиқ "сари тарс" надорад.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки иддае аз ин ҷангсолорҳо борҳо аз ин сангар ба он сангар гузаштаанд ва аз ин рӯ маълум нест, ки фардо чӣ тасмим хоҳанд гирифт. Аммо Воҳидхон Миртоҳир мутмаин аст, ҷангсолорҳое чун Башир, Пиронқул, Козими Кабир, Мулло Анбар ҳанӯз ҳам дар паҳлӯи мардум ва ҳукуматанд ва "агар гурӯҳҳои террористӣ пешравияшонро давом диҳанд, ин раҳбарҳо омодаанд, ки дубора силоҳ ба даст бигиранд”.

Мӯъмин, ҷангсолоре, ки минтақаи Дашти Арчии вилояти Қундузро таҳти назорат дорад, низ мегӯяд, бештари фармондеҳони собиқ ҳоло ҳам дар сафанд. Ба ҷуз ӯ чанд ҷангсолори пешин, аз ҷумла, Қумандон Ғиёс ва Устод Гулмаҳмад ҳам либоси низомиро аз тан бадар накардаанд. Аммо Мӯъмин иқрор мекунад, ки онҳо акнун пир ва заъиф шудаанд ва тавони пештараи муқовимат бо ситезаҷӯёнро надоранд. Зиёда аз ин, ба гуфтаи ӯ, таъмини нерӯҳои маҳаллӣ бо муҳимот ва силоҳ заъиф ҳам аст ва ҳатто ҷасуртарин фармондеҳ дар пеши душмани саропо мусаллаҳ оҷизу нотавон мемонад...

XS
SM
MD
LG