Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони ғайридавлатӣ ё "агент"? Талаби HRW Аз Бишкек


​Созмони Human Rights Watch аз парлумони Қирғизистон хост, тарҳи қонунеро, ки созмонҳои ғайридавлатиро "агентҳои хориҷӣ" меномад, қабул накунад.

Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар аз қонунгузорони Қирғизистон хостааст, пешнависи қонун дар бораи дарёфти кумакҳои хориҷӣ ба созмонҳои ғайридавлатиро ба тасвиб нарасонанд. Дар пешнависи ин қонун омадааст, ки созмонҳои ғайридавлатӣ кумак ё грантҳои хориҷиро дарёфт мекунанд ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул мешаванд, ба ин далел чунин созмонҳо бояд ба унвони “агенти хориҷӣ” сабтином шаванд.

Дар дархости Дидбони ҳуқуқи башар омадааст, “чунин кор мудохилаи беасос ба озодиҳои инсон барои ташкили созмонҳост.” Гуфта мешавад, ин пешнависи қонун ба муқаррароти миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи башар муғойират дорад. Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки дар сурати қабул ин қонун фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро дар Қирғизистон маҳдуд мекунад.

Дар мусоҳибае аз Тулуқан Исмоилова, раҳбари ҷунбиши ҳуқуқи башари мавсум ба "Бирдине" дар Бишкек пурсидем, ин пешнависи қонун аз куҷо сарчашма мегирад ва оё барои Қирғизистон зарурат дорад?

Исмоилова: "Ин пешнависи қонун ба қонуни Русия хеле шабоҳат дорад ва ҳатто нусхбардорӣ аз он ҷост. Дар ин пешнавис ҳам чун дар қонуни Русия гуфта мешавад, ҳар созмон, ки аз хориҷ кумаки молӣ дарёфт мекунад, чун “агенти хориҷӣ” шинохта шавад. Изофа бар ин гуфта мешавад, ки созмонҳои ғайридавлатӣ бояд бо фаъолияти сиёсӣ машғул нашаванд, вале гуфта намешавад, ки ба ин фаъолияти сиёсӣ чӣ медарояд. Ин қонун дар сурати қабул фаъолияти чунин созмонҳоро маҳдуд ва бо бастани андозҳои ҳангуфт онҳоро муфлис мекунад, бо вуҷуди он ки чунин созмонҳо тибқи қонун андоз пардохт мекунанд. Дар маҷмуъ, ин пешнавис ба Қонунии асосии худи Қирғизистон ва ба муқаррароти байналмилалӣ мувофиқ нест.”

Озодӣ: Оё дар доираҳои расмии худи Қирғизистон эътироф мекунанд, ки ин пешнависи қонун ба муқаррароти байналмилалӣ мутобиқат намекунад?

Исмоилова: "Ҳанӯз соли 2014 дафтари ҳукумати Қирғизистон ба Кумитаи қонунгузории Қонуни асосӣ хулосаҳои худро фиристод ва гуфт, ки пешнависи қонуни мазкур ба Қонунии асосии нави Қирғизистон мутобиқат намекунад. Онҳо гуфтанд, ки бахши ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсия бо уҳдадориҳои байналмилалии Қирғизистон ва бо муқаррароти байналмилалӣ ҳамоҳанг карда шудааст. Ҳуқуқи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Қонуни асосӣ хеле рӯшан нишон дода шудааст ва дар сурати қабули ин пешнавис Қирғизистон аз ҳамаи ин уҳдадориҳои худ дур мешавад. Ба ин далел набояд ин пешнавис дар ин шакл ба тасвиб расад. Вале таҳиякунандагони ин пешнависи қонун, ба вижа Вазорати адлия аз бесаводии ҳуқуқии баъзе шаҳрвандон истифода мебаранд ва дар остонаи интихобот бозиҳо дуруст мекунанд."

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, имкон дорад, ки намояндагони парлумон ин пешнависи қонунро ба тасвиб расонанд?

Исмоилова: "Чунин “ватанпарастӣ” дар нохунак хатари воқеӣ ба демократияи Қирғизистон мебошад. Барои ҳамин, раванди мушкили тасвиби ин пешнавис идома дорад. Мо умед дорем, ки онро намояндагони парлумон дар ин шакл ба тасвиб намерасонанд. Дар он сурат бисёриҳо, аз ҷумла ҷавонон, аз кори худ маҳрум мешаванд. Агар ба тасвиб расонанд, мо роҳи дигар дорем. Раисиҷумҳур зомини иҷрои Қонуни асосӣ мебошад ва ҳаққи гузоштани вето ба ин қонунро дорад. Мо ба вай муроҷиат хоҳем кард."

XS
SM
MD
LG