Додгоҳи вилояти Хатлон раиси бозори “Ином”-и Шаҳритус Бурҳон Абдуллоевро, ки бо додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон Муҳибулло Саъдуллоев бар сари ҳаққи моликият ба ин бозор кашокаш дорад, бо иттиҳоми "сӯиқасд ба дороии шаҳрванд" ва "маҳви барқасдонаи моликияти дигарон бо роҳи сӯзондан, таркондан ё дигар тарзи барои ҷамъият хафнок" ба 3 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳукми додгоҳ дар ҳоле баромад, ки айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдуллоев 3 солу 9 моҳи маҳбасро талаб мекард.
Вакилони Абдуллоев Бузургмеҳр Ёров ва Раҳматулло Зоиров дар мурофиа гуфтанд, ки зерҳимояи онҳо амалан ба ин ҷиноятҳо даст назадааст ва тафтишот гуноҳи ӯро исбот карда натавонист, аммо мегӯянд, додгоҳ далелҳои онҳоро ба эътибор нагирифт.
Бурҳон Абдуллоев, ки моҳи декабри соли гузашта боздошт шуда буд, ба он айбдор мешуд, ки хостааст, бозорро зимни баҳси ҳаққи моликият ба оташ кашонад. Ҳабси ӯ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки дар маркази ин бозор Ҳошим Ризвонов як сокини ноҳияи Шаҳритус бо 10 шишаи бензин дар дохили як халта боздошт шуд. Ризвонов ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ӯро Ҳоҷӣ Бурҳон (Абдуллоев) дастур додааст, то бозорро оташ занад. Бино бар ин баёнот Абдуллоев аз рӯи 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ -- 32, қисми 3 (сӯиқасд ба дороии шаҳрвандон) ва 255, қисми 2, яъне сӯиқасд ба вайрон кардани амволи шаҳрвандон ба шеваи хатарнок айбдор шуд.
Баҳси бозори "Ином" дар Шаҳритӯси вилояти Хатлон замоне рӯ зад, ки Санавар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба ҳайси молики ин бозор иддао кард, Муҳибулло Саъдуллоев -- додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон қасди кашида гирифтани бозорро дорад. Баъдан вакили дифои Саъдуллоев эълон кард, онҳо низ дар таъсису фаъолияти бозор саҳм доранд ва танҳо мехоҳанд, моликияти худро аз хонаводаи Абдуллоевҳо ҷудо кунанд. Шеваи тақсими бозор хонаводаи Абдуллоевҳоро норозӣ гузошт.
Роҷеъ ба ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон ин хонадон гуфтааст, ба Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.