Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, аз суқути ҳукумати қонунӣ дар Яман изҳори нигаронӣ кард. Ӯ дар нишасти хабарӣ дар Анқара, пойтахти Туркия, рӯзи 3 апрел аз амалиёти Арабистони Саъудӣ алайҳи шибҳанизомиёни ҳӯсӣ дар Яман пуштибонӣ намуд.
Навоз Шариф рӯзи ҷумъа вориди Анкара шуд, то бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва нахуствазири ин кишвар Аҳмад Довудоғлу дар робита ба вазъи Яман табодули афкор кунад.
Навоз Шариф аз ин пеш баъд аз бозгашти як ҳайати сиёсиву низомии Покистон аз Арабистони Саъудӣ нишасти вижаеро дар Исломобод доир намуд. Дар изҳороти дар фарҷоми нишаст пазируфташуда омадааст, ки Покистан ба ҳама гуна нақзи якпорчагии Арабистони Саъудӣ аз сӯи дигар кишвар вокуниши шадид хоҳад кард. Дар изҳорот “аъмоли гурӯҳҳои ғайридавлатӣ барои сарнагун кардани ҳукумати қонунии Яман” маҳкум шудааст.
Покистон ҳампаймони наздики Арабистони Саъудӣ маҳсуб мешавад. Қарор аст, ки парлумони Покистан дар нишасти махсус рӯзи 6 апрел мавзӯи пайвастани кишвар ба Эътилофи таҳти сарварии Арабистони Саъудӣ зидди ошӯбгарони шиамазҳаби sусӣ дар Яманро баррасӣ кунад.