Баъд аз ду ҳафтаи раҳбари Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шудани Рустами Эмомалӣ мақомоти ин ниҳод аз боздошти ду мансабдори баландпояи Оҷонсии зидди маводи мухаддир, сардори бахши пажӯҳиши ин ниҳод С.Б ва сардори шӯъбаи 5-уми ҷустуҷӯи ҷиноии он Э.М. бо гумони ришвагирӣ хабар доданд.
Бино бар хабарҳо, онҳо барои раҳоии як қочоқбари маводи мухаддир 50 000 доллар хоста, 42 ҳазори онро гирифтаанд. Вале баъдан, вақте ки нархи ришва ба 80 000 доллар расидааст, ришвадиҳандаҳо ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кардаанд. Гуфта мешавад, кормандони баландпояи Оҷонсии зидди маводи мухаддир ҳангоми гирифтани ришва дар яке аз фурӯшгоҳҳои маводи сӯхт дар Душанбе боздошт шудаанд.