Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи умеди нобиноёни тоҷик (ВИДЕО)


Рӯзи 25 март дар Наврӯзи нобиноён дар Душанбе даъват шуд, ки ҷомеа онҳоро ҷудо накунад ва аз тавонмандиҳои ин бахши ҷомеа истифода намояд.

Иди Наврӯз ва фарорасии баҳорро шояд пеш аз ҳама ва зиёдтар аз ҳама одамоне пай мебаранд, ки ба дунё бо чашми дил менигаранд. Онҳо аз дидани манзараҳои атрофи худ оҷизанд, вале барои дарки он эҳсосот ва тахайюли баланд доранд.

Наврӯзи нобиноён, ки рӯзи 25-уми март дар Душанбе баргузор шуд, на танҳо саршор аз рақсу суруд буд, балки ҳамчунин баҳси даъвати онҳоро ба нақши фаъолтар дар ҷомеа, ба вижа соҳибкории хусусӣ дар пай дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун нобиноён дар Тоҷикистон зиндагияшонро аксаран бо овозхониву ҳунармандӣ ва ё баръакс аз роҳи талбандагӣ мечархонанд.

Акнун намояндагии созмони швейтсарии “Оперейшн Мерсӣ” ва Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон тарҳеро рӯи даст гирифтаанд, ки ҳадафи он омода кардани нобиноёнест, ки тавони соҳибкорӣ доранд.

Зарина Абдураҳимова
Зарина Абдураҳимова

Заррина Абдураҳимоваи нобино, ки 27 сол дорад ва дар танҳоӣ ягона духтарашро тарбият мекунад, мегӯяд, доир кардани чунин давраи омӯзишӣ ба рӯи ӯ ва ҳамтақдиронаш дареро барои оғози зиндагии нав боз мекунад.

Ба гуфтаи Заррина, вай 6 соли пеш бо ҷавони дӯстдоштаи худ, ки низ аз қувваи босира маҳрум будааст, издивоҷ кардааст, вале баъд аз таваллуди фарзанди нахуст, ин оила аз ҳам пошидааст. Заррина дар бадбахтии худ аз хушдоманаш домангир аст, ки аз рӯзҳои аввал келини нобинояшро қабул надошт ва дар бари писараш ҳамсари солимро дидан мехост.

Заррина гуфт, “ман аз зиндагӣ хеле дилсард шудам, зеро аз шавҳаре, ки ҳамтақдирам буд, маро ҷудо карданд. Дар ин ҳангом фестивал-озмуне бо номи “Ганҷи нуҳуфта” миёни нобиноён доир шуд ва ман дар он ҷо ширкат намуда, пирӯз шудам. Баъд аз ин маро ба кор дар ансамбли “Сомон”-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон даъват карданд. Ҳоло нобиноёни дар кишвар бо ҳар ҳунаре, ки доранд, зиндагии худро пеш мебаранд. Дар миёни мо онҳое, ки малакаҳои зиёд доранд, кам нестанд.Ва ман ҳам кӯшиш мекунам, дар самти соҳибкорӣ худро бисанҷам.”

Наврӯзи нобиноён дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

​Масъулони Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе мегӯянд, феълан аз ҷамъияти 9 ҳазорнафараи маризони узви чашм, танҳо ҳудуди 300 нафар кору фаъолият мекунанд. Ягона манбаи даромади ағлаби ин қишри ҷомеа, маоши бознишастагии онҳост, ки аз 80 то ҳудуди 200 сомониро ташкил медиҳад.

Холмаҳмад Тенгиниев, раиси Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти он, ки дар кишварҳои дигар, нобиноён дар соҳибкории инфиродӣ комёб шудаанд, онҳо низ мехоҳанд чунин таҷрибаро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд.

Холмаҳмад Тенгиниев
Холмаҳмад Тенгиниев

Ҷаноби Тенгиниев афзуд, ”ман мушоҳида кардам, ки дар давлатҳои дигар нобиноён дар бахши соҳибкории ифиродӣ чун маҳсгар, барномасозони компютерӣ, соҳибони фурӯшгоҳҳои марказӣ, дорухонаҳо ва ё нуқтаҳои алоқа фаъолият мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, ман боварии комил дорам, ки дар Тоҷикистон ҳам нобиноён метавонанд дар ин соҳа фаъолият кунанд. Дар ҳамоише, ки моҳи апрел гузаронида мешавад, 22 нафар нобиноён аз минтақаҳои мухталифи кишвар даъват шудаанд. Имрӯз ман медонам, ки аллакай 6 нафар аз чунин нафарон ба маҳсгарӣ машғуланд ва дар беморхонаҳо маризон ба онҳо муроҷиат мекунанд. Ҳамзамон бархе аз нобиноён мағозаи худро доранд. Албатта онҳо худ савдо намекунад, балки роҳбарии ин фурӯшгоҳ ва ё нуқтаи дигарри савдоро бар ӯҳда доранд.”

Холмаҳмад Тангниев аз ҷумла гуфт, феълан ҳудуди 20 нафар дар шаҳри Душанбе чун соҳибкори инфиродӣ фаъолият мебаранд. Ҳамчунин ба гуфтаи ин масъул, онҳо ду нафар соҳибкорро аз шаҳри Исфара ба Русия фиристодаанд ва онҳо аллакай дар ин кишвар соҳиби чанд нуқтаи фурӯши самбӯса ва маводи ороишӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Майкл Берн, яке аз масъулони созмони “Оперейшн Мерсӣ” мегӯяд, онҳо ду сол аст бо Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ҳамкорӣ доранд ва ба беҳбудии зиндагии афроди маълул дар Тоҷикистон ва аз ҷумла онҳое, ки аз биноӣ маҳруманд , мусоидат менамоянд.

Ҷаноби Берн дар ин замина гуфт, “нобиноён ҳам мехоҳанд, ба гунаи афроди солим соҳиби ҷойи кори худ бошанд, аммо тавре мушоҳида мешавад, онҳо аз бекорӣ ранҷ мебаранд ва ҳамчунин садои онҳо шунида намешавад. Мо ҳамроҳ бо ин ташкилот кӯшиш мекунем овози ин қишри ҷомеа ҳам баланд бошад.”

Бо ин ҳама, масъулони Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе мегӯянд, ба дунболи хатми омӯзиш, барои амалӣ шудани тарҳи афроди нобиное, ки салиқаи хуби соҳибкорӣ доранд, ихтисоси як миқдор маблағ ҳам дар назар аст. Маҳфили наврӯзии нобиноён ба онҳо дар иҷрои ин тарҳ нерӯ ва рағбати бештар афзуд.

XS
SM
MD
LG