Амиршо Ғафуров, раиси ҷамоати «Комбинати нобиноён»-и Ҳисор рӯзи 9-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, новобаста аз минтақаи озод будани ин комбинат ба онҳо маҳдудияти барқро ҳам ҷорӣ кардаанд.
Вай гуфт, ки субҳи имрӯз соати 9-00 ширкати "Барқи тоҷик" бидуни шарҳи пешакӣ барқро дар ҷамоати «Комбинати нобиноён» қатъ кард, ки то кунан онҳо аз барқ маҳруманд.
«Ҷамоати мо бо фармони президенти кишвар аз соли 2007 ба ин тараф ҳамчун «минтақаи озод» дониста шуда ва сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ дар ноҳия ба мо 24 соат барқ медоданд, аммо ширкати "Барқи тоҷик" барқро хомӯш кардааст", мегӯяд Амиршо Ғафуров.
Вай гуфт, ки дар ҷамоати онҳо 250 хонаводаи нобиноён ба сар мебарад, ки аз ин 190 хоҷагӣ бевосита дар Комбинат фаъолият ва зиндагӣ мекунанд, ҳоло дар тамоми ҷамоат барқ нест.
Вай гуфт, ки аз баски бо оғози ҷорӣ шудани лимити барқ дар ноҳия барқи "Комбинати нобиноён"-ро новақт хомӯш мекунанд онҳо ба Дастгоҳи президент нома навишта хоҳиш кардаанд, ки як кумисияи махсус таъсис дода шавад ва масъалаи мазкур санҷида шавад.
Дар ҳамин ҳол Раёсати таъмини барқи Ширкати барқи тоҷик гуфт, ки дар ҳақиқат дар соати 9-и субҳ ба хотири таъмири хати барқ ҳамагӣ ним соат ба Комбинати нобиноён барқ қатъ карда шуд, вале пас аз он дафъатан интиқол дода шуд.
Ҳоло соат ба вақти маҳаллӣ аз 15-00 гузаштааст, аммо ҳанӯз дар ҷамоати Комбинати нобиноён неруи барқ масадуд аст.
Аммо Амиршо Ғафуров, раиси ҷамоати «Комбинати нобиноён» гуфт, ки дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз аз ширкати барқи тоҷик дар тамос бо онҳо гуфта шудааст, ки барқ интиқол дода шудааст, вале дар дохили ноҳия «Шабакаи таъминоти барқ»-и ноҳия хатти интиқолро масдуд кардааст.
«Мо даҳҳо маротиба занг мезанем, касе аз Шабакаи таъминоти барқ ба мо ҷавоб намедиҳад», зикр мекунад ҷаноби Ғафуров.
Хайрулло Шарифов, корманди «Шабакаи таъминоти барқ»-и ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки феълан таъмири хатии асосии барқ идома дорад ва пас аз анҷоми он барқ ба Комбинат дода хоҳад шуд.
Хайрулло Шарифов афзуд, ки интиқол наёфтани барқ ба Комбинати нобиноён махсус набуда онҳоро аз хомӯш карда шудани барқ дар ҷамоаташон субҳи имрӯз дар ҷарёни гузошта буданд.
Вале Амиршо Ғафуров, раиси ҷамоати «Комбинати нобиноён» ин иддои Шарифовро рад карда, мегӯяд, на ин субҳ ва на рӯзҳои дигар бидуни огоҳӣ барқи ҷамоати онҳоро хомӯш мекунанд ва дирӯзу рӯзи дигар низ аҳвол ҳамин буд.
Аз оли 2007 ба ин тараф бо фармони президенти Тоҷикистон ҷамоати «Комбинати нобиноён» минтақаи «озод» эълон карда шуда ва новобаста аз маҳдудияти барқ шабонрӯзӣ ба ин ҷамоат барқ дода мешавад.