Дар мавриди бозсозии Боғи Камоли Хуҷанд дар канори Қалъаи кӯҳна ва рӯди Сири шаҳри Хуҷанд байни ширкати эронии “Ситораи беназир” ва ҳукумати Суғд тавофуқ ҳосил шудааст. Қарор аст, дар ин боғ марқади Хоҷа Камол сохта шуда, ба он аз гӯри ин шоири ориф, аз шаҳри Табрези Эрон як каф хок оварда шавад.
Мансурҷон Тошматов, мудири осорхонаи таърихиву кишваршиносии Хуҷанд, воқеъ дар канори боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Тибқи тарҳе, ки аз ҷониби Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд тасдиқ шудааст, чорбоғи Хоҷа Камол аз майдони Регистони назди қалъаи Хуҷанд оғоз шуда, дар байни он мақбараи Камоли Хуҷандӣ ва хонаи миллии асри 15, замони зиндагии шоир бо нақшу нигори миллӣ бунёд хоҳад шуд.”
Ҳамчунин чорбоғи Камолро растаҳои ҳунармандон ва дарахтони меваю ороишӣ, мисли анҷиру анор ва ангуру зардолу зеб хоҳанд дод. Ризо Атоӣ, раиси ширкати “Ситораи беназир” мегӯяд, боғи Камоли Хуҷандӣ бо риояти суннатҳои меъмории милливу таърихӣ эҳдос ва як мавзеи таърихиву фароғатӣ ва сайёҳӣ хоҳад гашт.
Ҳоло корҳои аввалияи бозсозии боғи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби коргарон ва мутахассисони идораи сохтмони Хуҷанд шурӯъ шудааст. Ахиран раиси вилояти Суғд бо гурӯҳҳои кории мутахассисиони тоҷику эронӣ мулоқот намуда, аз онҳо босифат ва саривақт анҷом додани бозсозии боғи Камолро дархост кард.
Соли 1996 ба ифтихори 675 солагии Камоли Хуҷандӣ, шоири орифи асри 15-и адабиёти форсу тоҷик дар зодгоҳаш, шаҳри Хуҷанд пайкараи ӯ гузошта шуда буд. Қарор аст соли 2018 дар Тоҷикистон 700 солагии Камоли Хуҷандӣ ҷашн гирифта шавад.
Афшини Наҷафӣ, аз масъулони тарҳи бозсозии боғи Камоли шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бунёди мақбараи Камол ба сурати намодин дар ватанаш барои дӯстдорон ва мухлисони ашъораш, ки бинобар дурии роҳ ва надоштани имкони сафар аз зиёрати оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Табрези кишвари Эрон маҳруманд, чунин имконро дар Хуҷанд барояшон фароҳам хоҳад кард.
Бино ба хабари хадамоти матбуотии раиси вилояти Сугд, бозсозии боғи Камоли Хуҷандӣ дар доираи барномаҳои омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки соли 2015 дар минтақаи шимолии Тоҷикистон бо иштироки зиёди меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор мегардад, тарҳрезӣ ва татбиқ мешавад.