Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 000 кирми лойхӯрак барои тавлиди нуриҳои биологӣ


Донишмандони тоҷик мегӯянд, бо ёрии кирмҳои лойхӯрак нурии биологие омода мекунанд, ки дар муқоиса ба нуриҳои кимиёвӣ безарар ва фоидабахштар аст.

Донишмандони тоҷик бо кумаки кирмҳои лойхӯраке, ки ба Тоҷикистон аз Русия оварда шудаанд, навъе аз нурии биологие омода мекунанд, ки бо истифодаи он кишоварзони тоҷик маҳсулоти аз лиҳози экологӣ безарар хоҳанд рӯёнд.

Манзараи он ки олиме хилъати сафед дар тан бо кирмҳо сару кор мегирад, ба чашми бисёриҳо шояд як бозӣ ва саргармии беҳударо монад, аммо Шавкат Саидмуродов, муовини директори "Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббӣ"-и раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, инҳо кирмҳои махсусанд ва се сол пеш 100 ҷуфти онҳо бо эҳтиёти тамом аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ҳоло шумораи онҳо ба 20 ҳазор адад расидааст ва олимони тоҷик умедворанд, бо истифода аз онҳо Тоҷикистон тавлиди нуриҳои биологиро ба роҳ хоҳад монд.

Ин ҳам дар ҳоле ки то кунун дар киштзорҳои Тоҷикистон барои рӯёнидани пиёзу сабзӣ, картошкаву бодиринг ва даҳҳо маҳсулоти дигар нуриҳои кимиёвӣ истифода мешуд, ки ҳам ин сабзавотро барои саломатӣ зараровар мекард ва ҳам заминро заҳролуд. Акнун маҳсулоти кирмҳо бояд нуриҳои кимиёвиро аз киштзорҳо берун ронад.

Истеҳсоли нурии биологӣ бо ёрии кирми лойхӯрак
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Тарафи дигари судманди ин таҷриба дар он аст, ки кирмҳои махсус асосан партовҳоро “мехӯранд” ва онҳоро аз моддаҳои зараровар тоза карда, нурии хушсифат ба вуҷуд меоранд.

Шавкат Саидмуродов мегӯяд, то кунун дар Тоҷикистон партовҳоро оташ мезананд, ки ин ба муҳити зист зиёни ҷиддӣ дорад. Кирмҳои нав имкон медиҳанд, ҳам муҳити зист тоза шавад ва ҳам аз он нурии биологие омода гардад, ки барои сабзавоту меваи поки экологӣ хидмат хоҳад кард.

Ҳоло ба гуфтаи Саидмуродов барои таҷриба дар ноҳияи Рӯдакӣ назди чаҳор хоҷагии деҳқонӣ чоҳҳои таҷрибавии таҳияи неруи органикӣ аз партовҳои ҷамъшуда таъсис ёфтаанд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз истифодаи нурии биологӣ дар киштзорҳо истиқбол мекунад.

Муҳаммадӣ Ормонов, муовини сардори раёсати растанипарварӣ ва зироати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд, истифодаи заҳрхимикатҳо дар нобуд кардани ҳашарот ва нерӯҳои кимиёвӣ дар зиёд шудани ҳосил саҳм доранд, маҳсулоте, ки олуда бар ин навъи нурианд, ба саломатии инсон ва муҳити зист зиён мерасонад. Ӯ мегӯяд, ҳоло ба кишоварзон тавсия дода мешавад, то ба оҳистагӣ аз истифодаи заҳрхимикатҳо ва нуриҳои кимиёвӣ даст кашанд.

Холмаҳмад Абдулов, раҳбари иттиҳоди зироаткории “Ҳамза” воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, ки ду сол боз ҳамчун таҷриба аз нурии органикие, ки тариқи кирмҳои лойхӯрак омода мешаванд, истифода мебарад, аз афзоиши ҳосили маҳсулоти кишоварзиаш сӯҳбат мекунад. Ӯ мегӯяд, беш аз даҳ сол ҳамеша аз заҳрхимикатҳо ва нуриҳои кимиёвӣ барои нобуд кардани ҳашарот ва афзоиши ҳосил истифода мебурд, вале дар солҳои охир ҳосили заминаш баръакс ба маротиб кам мешуд.

Ин хоҷагии деҳқонӣ аз 10,5 гектар замин иборат аст ва дар баробари се хоҷагии дигари деҳқонӣ истифода аз нуриҳои биологие, ки аз партовҳо омода мешаванд, истифода мекунанд.

Мавзӯи истифодаи нурии биологӣ дар ҳоле ба миён омдааст, ки дар Тоҷикистон бемориҳои саратон, дил ва фишорбаландӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст ва пизишкон як омили онро истеъмоли маҳсулоте медонанд, ки бо истифода аз нуриҳои кимиёвӣ рӯёнида шудаанд.

Пажӯҳишгарони “Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббӣ»-и раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон низ мегӯянд, зимни як таҳлил дар таркиби бодирингу помидор ва картошкае, ки тариқи нуриҳои кимиёвӣ парвариш меёбанд, микроорганизмҳои зараровар пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG