Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17.5 соли зиндон - барои "Гурӯҳи 24" ва таҳқири раисиҷумҳур (ВИДЕО)


Ҳангоми ворид кардани Умедҷон Солиҳов ба бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт
Ҳангоми ворид кардани Умедҷон Солиҳов ба бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт

Додгоҳ Умедҷон Солиҳов -- нафари муттаҳам ба узвият дар “Гурӯҳи 24”-ро ҳабдаҳуним сол ба зиндон фиристод. Додраси парванда гуфт, Солиҳов 4 сол аз ҳаққи фаъолияти тиҷорӣ низ маҳрум аст.

Умедҷон Солиҳов, нафари муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24", аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ барои Солиҳов аз додгоҳ 18 соли маҳрумият аз озодиро тақозо карда буд.

Ҳотам Раҷабзода -- додраси парванда, рӯзи 4 март гуфт, Умедҷон Солиҳов баъд аз раҳоияш аз зиндон чор соли дигар ҳаққи машғул шудан ба фаъолиятҳои тиҷориро надорад.

Ӯ зимни қироати ҳукм гуфт, Солиҳов барои талоши ғасби ҳокимият, вайрон намудани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, таҳқири раиси ҷумҳур ва ҷалби шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ҷиноӣ муҷрим шинохта шудааст. Аммо Умедҷон Солиҳов як рӯз қабл аз эълони ҳукмаш, ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ гуфта буд, ҳеч гоҳ аз “Гурӯҳи 24”-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов пуштибонӣ накарда ва узви он низ набудааст.

Дар видео: Умедҷон Солиҳов ҳангоми ворид шудан ба бинои додгоҳ

Гулчеҳра Маҳмудова, модари Умедҷон Солиҳов, баъд аз эълони ҳукми фарзандаш дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, барои додхоҳӣ ба суди солӣ ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат хоҳад кард.

Гулчеҳра Маҳмудова
Гулчеҳра Маҳмудова

Вай афзуд: "Зидди ҳукми баровардаи додгоҳ ҳастам ва барои исботи бегуноҳии фарзандам то суди олӣ, додситонии кулл ва то назди раисиҷумҳури Тоҷикистон меравам. Агар фарзанди ман гунаҳкор мебуд, бо хоҳиши ман ба Тоҷикистон намеомад ва худро ба мақомот таслим намекард. Аз вазнин будани шароити зиндагиямон маҷбур шудем, ӯро дар сардии сол, 8 январ, барои пулкоркунӣ ба Русия фиристем. Агар арзу хоҳиши маро касе ба инобат нагирад, худамро дар назди бинои ҳукумат оташ мезанам."

Бар пояи маводи парвандаи ҷиноӣ, ин сокини ноҳияи Ваҳдат дар тобистони соли 2014 дар як гирдиҳамоии “Гурӯҳи 24”, як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия иштирок карда, ҳукумати Тоҷикистонро ба фурӯхтани замини кишвар ба Чин муттаҳам ва президентро таҳқир кардааст. Ӯ рӯзи 9 ноябри соли 2014 ҳудудан як ҳафта баъди бозгашт ба Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шуд.

Умедҷон Солиҳов дар мурофиаи рӯзи 3 март, зимни ироаи сухани охиринаш танҳо ин ҷумларо ба забон овард, ки “узви “Гурӯҳи 24” нестам ва ҳеҷ гоҳ аз ин созмон ҷонибдорӣ накардаам.” Солиҳов аз додгоҳ хоҳиш кард, бо назардошти ягона саробони хона будан ва модари бемор доштанаш ӯро афв кунад.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Вакили мудофеи Умедҷон Солиҳов Бузургмеҳр Ёров гуфт, нафари таҳти ҳимяоташ дар сӯҳбат бо ӯ ҳукми додгоҳро беасос донистааст. "Он навореро, ки Умедҷон Солиҳовро барои таҳқиру паст задани президент айбдор мекунад, дидем. Дар он ҷо ягон таҳқир нест ва танҳо барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон зерҳимояи ман сухан рондааст,"-таъкид дошт Ёров.​

Ӯ гуфт, иштироки Умедҷон Солиҳов дар гирдиҳамоӣ дар Новосибирск бо дархости хадамоти Русия сурат гирифтааст. Қарор буд, намояндаи хадамоти амнияти Русия дар додгоҳи Тоҷикистон ҳозир шавад ва бегуноҳии Умедҷон Солиҳовро исбот кунад. Аммо бо вуҷуди танаффус дар мурофиа, ягон намояндаи ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия дар додгоҳ ҳозир нашуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ Абдулфаттоҳи Ҳабиб, ки барои Солиҳов 18 соли зиндонро тақозо кардааст, мегӯяд, ки Умедҷон Солиҳов аз ҷонибдорони “Гурӯҳи 24” буда, дар иттиҳоди ҷиноӣ ва ифротӣ узвият дорад. Солиҳов бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 307 қисми 1 - "даъват ба экстремизм", 301 қисми 2 - "даъват ба ғасби ҳокимият", 307, қисми 3 - "ҷавобгарии ҷиноӣ барои созмони гурӯҳи экстремистӣ", 187, қисми 1 - "таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ", 137, қисми 2 - “таҳқири оммавии президент" - айбдор мешавад.

Аз ин пеш созмондиҳандагони гурӯҳи 24 низ узвияти ӯро дар созмони худ рад карданд. Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони "Гурӯҳи 24", аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон, рӯзи 6 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, Умедҷон Салиҳов рабте ба созмонҳои онҳо надорад. Аммо дар рӯйхати 11 узви боздоштшудаи созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, яке аз муттаҳидони “Гурӯҳи 24”, ки дар поёни моҳи январ нашр шуд, Умедҷон Салиҳов таҳти рақами 9 зикр шудааст:

“9. Солиҳов Умедҷон Мирзодавлатович, с.т. 15.10.1984, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон. Аз Русия ба далели таҳдидҳо ба наздиконаш баргашт ва дар Душанбе дастгир шуд.»

Таҷаммӯъи тарафдорони "Гурӯҳи 24" дар яке аз шаҳрҳои Русия
Таҷаммӯъи тарафдорони "Гурӯҳи 24" дар яке аз шаҳрҳои Русия

“Гурӯҳи 24” ва муттаҳидонаш дар моҳҳои август ва сентябри соли 2014 дар чандин шаҳри Русия, аз ҷумла дар Новосибирск, Екатеринбург, Самара, Саратов ва Маскав силсилаи гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои ҳукумати кунунии Тоҷикистон баргузор карданд. Гуфта мешавад, нақши калидиро дар ташкили ин гирдиҳамоиҳо маҳз созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бозӣ кардааст.

“Гурӯҳи 24” рӯзи 10 октябри соли 2014 дар маркази Душанбе низ як гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз чанд рӯзи пеш тадобири амниятиро дар атрофи пойтахт афзоиш дода, худи “Гурӯҳи 24”-ро бо қарори Додгоҳи олӣ экстремистӣ ва мамнӯъ эълон карданд. Дар натиҷа, рӯзи 10 октябр дар соате ки “Гурӯҳи 24” даъват карда буд, касе ба гирдиҳамоӣ дар майдони марказии Душанбе ҳозир нашуд.

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

“Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил додаанд. Онҳо қабл аз тарки Тоҷикистон шарикони тиҷории Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон буданд ва ҳоло ӯро ба ғасби тиҷоратҳои худ айбдор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ба навбати худ Қувватов ва Гадоевро ба сирқати миллионҳо сомонӣ пули ширкатҳои Соҳибов айбдор карда, таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG