Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири мурофиаи Зайд Саидов то 3 март


Зайд Саидов моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд
Зайд Саидов моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” то 3 марти соли ҷорӣ ба таъхир уфтодааст. Яке аз вакилони мудофеъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин таъхир баъд аз иваз шудани айбдоркунандаҳои давлатӣ ё намояндагони додситонӣ дар парвандаҳои нави Саидов сурат мегирад.

Ба қавли мусоҳиби мо, ҳоло Темур Ғуломзода ва Исматулло Нуронов, ки дар парвандаҳои нави Зайд Саидов ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ баромад мекарданд, ҷои худро ба Муродмад Салимов додаанд.

Маълум нест, ин ивазшавӣ танҳо ба айбдоркунандаҳои давлатӣ дар парвандаҳои Зайд Саидов марбут аст ё тағйироте ҳам дар ҳайати кормандони Додситонии кулл сурат гирифтааст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки 17 феврал баргузор шуд, аз кори додситонҳо интиқод карда ва хост, муовини якум, муовинони додситони кулл ва раҳбарони додситонӣ дар вилоятҳо иваз шаванд.

Аммо то ҳол дар Додситонии кулл кадом тағйироти кадриро дар ин ниҳод тасдиқ накарданд.

XS
SM
MD
LG