Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House аз Туркия хост, Қувватовро надиҳад


Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ аз эҳтимоли истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари боздоштшудаи Гурӯҳи 24, аз Туркия ба Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кардааст. Дар изҳороти ин созмон, ки 21 январ нашр шудааст, омадааст, “мо аз амнияти Умаралӣ Қувватов шадидан нигаронем. Агар ӯ ба Тоҷикистон интиқол ёбад, мавриди шиканҷа қарор хоҳад гирифт.”

Роберт Ҳерман, муовини раҳбари Хонаи Озодӣ гуфтааст, дар тӯли солҳои охир чанде аз аъзои аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон андохта шуданд. “Дар сурати интиқолаш ба Тоҷикистон, Қувватов низ наметавонад аз адолати додгоҳӣ бархӯрдор шавад ва дар зиндон бо ӯ муносибати бад хоҳад кард”,-гуфтааст Ҳерман.

Ин масъули Фридом Ҳауз афзудааст, “Туркия бояд масъулият ё уҳдадории худро дар назди ҳуқуқи байналмилалӣ фаҳмад ва набояд нафареро, ки дар кишвараш метавонад мавриди шиканҷа қарор гирад, таслим намояд.”

XS
SM
MD
LG