Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон мегӯяд, аз миёни идораҳои давлатӣ вазорати маориф ва илм имсол низ аз рӯи фасоди молӣ бо 101 ҳолат дар ҷои аввал аст. Ҷои дувум бо 70 ҳолат “насиб”-и вазорати тандурустӣ шуда, дар зинаи севум вазорати молия қарор дорад.
Аммо Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, дар умум, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо имсол фасодзадатарин буда, 224 ҳолати коррупсионии онҳо сабт ёфтааст. Бонкҳо низ бо 127 ҳолати коррупсионӣ мақоми “боло” доранд.