Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Ҳарамгули Қодир ба озмуни парлумон эътироз дорад?


Ҳарамгули Қодир.
Ҳарамгули Қодир.

Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигори тоҷик аз натоиҷи озмуни беҳтарин мақола дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист эътироз дорад.

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон натиҷаи озмуни худ оид ба беҳтарин мақола дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист барои соли 2014- ро ҷамъбаст намуд, ки муалифи мақолаи «Чаро дар саргаҳи об бе барқ ва ташналабем?»-и рӯзноманигори "Садои мардум" Далер Мерганов бо 71 хол барандаи ҷои аввал дониста шуда ва 4000 сомонӣ дарёфт кард.

Барандаи ҷойи дуюм муаллифи мақолаи «Фалокати экологӣ сарҳад надорад»-и устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ Давлат Давронов дониста шудааст ва дар ҷои сеюм хабарнигори телевизони “Ҷаҳоннамо” Аҳлиддини Тоҳир барои филми «Об барои ҳаёт» ва «Тағйирёбии иқлим» қарор гирифтааст.

Озмуни мазкур аз 1-уми январ то 1 декабри соли 2014 идома карда, барои ғолибон барои ҷойи аввал 4000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 2000 сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо хабарнигори тоҷик Ҳарамгули Қодир аз натиҷа ва шеваи баргузории ин озмун эътироз дорад ва онро бо Радиои Озодӣ дар миён гузошт.

Мусоҳиба бо Ҳарамгули Қодир
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:11 0:00

XS
SM
MD
LG