Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши бесобиқаи сомонӣ дар баробари доллар


Дар нуқтаҳои фурӯши асъор қурби як доллар ба 5 сомониву 23 дирам дака хӯрдааст, ки дар гузашта ба ин андоза қурби сомонӣ дар баробари доллар коҳиши наёфта буд. Дафтари матбуоти Бонки милии Тоҷикистон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қурби миёнаи доллар рӯзи 31 октябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе аз 5 сомониву 21 дирам то ба 5 сомониву 23 дирам расидааст. Дар Хуҷанд қурби доллар ба 5 сомониву 22,50 ва 5,22 дирам баробар шудааст. Сабаби болорравии нархи долларро Бонки милии як амри муваққат шарҳ дода ва мегӯяд, ки дар рӯзҳои оянда боз дубора доллар дар баробари сомонӣ арзонтар хоҳад шуд.Фурӯшандаҳои нуқтаҳои асъор сабаби инро шарҳ намедиҳанд ва мегӯянд, ки инро фақат Бонки миллӣ медонад

XS
SM
MD
LG