Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Аслов ба нишасти Люксембург рафт


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Рӯзи 20 октябр дар Люксембург ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов раҳбарӣ хоҳад кард. Ӯ рӯзи 18 октябр дар раъси ин ҳайат ба Аврупо парвоз кард. Дар ҳошияи нишасти Люксембург як силсила мулоқотҳои дуҷонибаи оқои Аслов бо намояндагони аршади Иттиҳодияи Аврупо низ дар назар гирифта шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо аз кумакрасонҳои умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1992 ба ин сӯ ба ин кишвар ба маблағи 550 миллион евро кумак расондааст. Сафири нави Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидоят рӯзи 16 октябр дар Душанбе, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин созмон дар 5 соли оянда ба Тоҷикистон боз 250 миллион еврои дигар кумак хоҳад расонд.

XS
SM
MD
LG