Нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Минск, пойтахти Беларус фаъолияти Ҷомеаи Ҳамкориҳои Иқтисодии Авруосиё ё ЕвразЭС-ро хотима хоҳад дод. Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ин нишаст омадааст, ҳамтои украини ӯ Петро Порошенко дар ҳамоиш ширкат надорад ва нишасти сарон дар айни авҷи хусумат байни Маскав ва Киев бар пояи сиёсатҳои Русия дар Украина ба вуқӯъ мепайвандад. Дар моҳи май Украина эълон дошт, ки аз ИДМ мебарояд. Русия ба таври ғайриқонунӣ дар моҳи март Қрими Украинаро ба моликияти худ табдил дод ва ба он айбдор мешавад, ки бо ирсоли силоҳ ва ҳарбиёни худ вазъро дар шарқи Украина ноором нигоҳ медорад. Маскав ин иттиҳомро рад мекунад.