Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" садоқати худро ба "Давлати исломӣ" эълом дошт


Зарбаҳо ба шаҳри Кобанӣ
Зарбаҳо ба шаҳри Кобанӣ

Раҳбарони “Толибон”-и Покистон садоқати худ ба гурӯҳи “Давлати исломи”-ро эълом доштанд ва ба ҷангиёни худ амр карданд, ки ба ин гурӯҳ дар таъсиси Халифати исломӣ кӯмак намоянд. Дар ин бора рӯзи 4 октябр намояндаи “Толибон”-и Покистон Шаҳидулло Шаҳид хабар дод ва гуфт, ки моҳи гузашта раҳбари созмони “Ал-Қоида” Аймон аз-Завоҳирӣ фармондеҳи пешини Толибон Осим Умарро “амир”-и бахши “Ал-Қоида” дар Осиёи ҷанубӣ таъин кард.

Дар ҳамин ҳол набардҳо бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” идома дорад ва рӯзи шанбе ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба мавқеъҳои ситезаҷӯён дар шаҳри Кобании Сурия зарба заданд. Бар пояи бархе хабарҳо, бар асари ин ҳамлаҳо панҷ тан ситезаҷӯён кушта шуданд.

Тайи ҳафтаҳои ахир тақрибан 300 ҳазор аҳолии Кобанӣ, шаҳри асосан курднишин. манзилҳои худро тарк намуданд.

XS
SM
MD
LG