Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занги камолот" барои мактабиён чӣ паём дод?


Имрӯз, 25-уми майи соли 2012 дар мактабҳои таҳсилоти умуми Тоҷикистон “Занги камолот” садо дод.

Маросими «Занги охир» ё «Занги камолот» дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар мисли чанд соли ахир дар доираи як маҳфили хоксоронае баробар ба як соати дарсӣ ё 45 дақиқа баргузор шуд.

Аммо фарқи аслии ин чорабинӣ дар муқоиса ба солҳои пеш ин буд, ки имсол дар пайи таъкиди вазири умури дохилии Тоҷикистон назорат аз болои хатмкунандаҳо ва мактаҳои миёна дар ин рӯз ҷиддитар ба роҳ монда шуд. Барои пешгирӣ аз ҳамагуна ҳодисаҳои нохуш ва таҷлили бошукӯҳи ин чорабинӣ дар макотиби кишвар, дар баробари намояндагони вазорати моариф, кормандони мақомоти интизомӣ ва дигар сохторҳои масъул низ фаъолият доштанд.

Абдусамад Муллоев раҳбари Раёсати мактабҳои ҳамагонии вазорати маориф дар ин замина гуфт: «Мо талош кардем, ки ин чорабинӣ ҷиддӣ назорат шавад ва дар ин рӯз ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳам корҳои дохилӣ ва ҳам намояндагони раёсати бозравсии давлатии автомобилӣ дар муасиссаҳои таълимӣ буданд ва ҳама дар ҳолати хуб анҷом ёфт ва ягон ҳодисаи нохушу қоидавайронкуниҳо ба қайд гирифта нашудаст. Баъди ин чорабинӣ дар мактабҳо дарсҳо идома карданд.»

Абдусамад Муллоев мегӯяд, имсол 3 ҳазору 810 муассисаи таълимии умумии кишварро тақрибан 100 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Кароматулло Қурбонов, яке аз аввалин хатмкунандаҳои мактаби махсус барои кӯдакону наврасони боистеъдоди шаҳр аст. Ӯ мегӯяд аз дониши андӯхтааш дар мактаби миёна розӣ аст ва бовар дорад, ки метавонад бо қувваи худ ба донишгоҳи техникӣ шомил шавад: «Сад дар сад бовар ба ин бовар дорам, зеро омӯзгороне, ки моро дар мактаб таълим доданд ҳама олимону донишманданд ва барномаи таълимии мо ҳам мушкилу хуб буд.»

Сол то сол коҳиш ёфтани теъдоди қабулшавандагон ба шӯъбаҳои буҷавӣ ва боло рафтани нархи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ, имконияти ба даст овардани унвон донишҷӯро барои хатмкунандаҳо камтар кардааст. Ин аст, ки солҳои охир аксари толибилмони соли охири мактаб бо харҷи маблағи бештар, ҳанӯз чанд моҳ ё ҳатто як ду сол пеш дар курсҳои махсус ба омӯзишӣ барномаҳои ихтисоси интихобкардаашон шурӯъ мекунанд: «Барои дохилшавӣ ба донишгоҳ ман 6 моҳ ҳаст дар курси махсус мехонам. Барои ин 250 доллар супурдем ва баъди як ду моҳи дигар он ҷо имтиҳон супурда барои дохилшавӣ ба донишгоҳ омодагӣ мегирем.»

Аммо дар ҳамин ҳол мушоҳида мешавад, ки аксар хатмкардаҳои имсолаи мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ба таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ бартарӣ медиҳанд. Назир Собиров муаллими литсеи рақами 1 - и шаҳри Душанбе мегӯяд, дар пайи як назарпурсӣ миёни хатмкунандаҳои ин муассисаи таълимӣ, ӯ муайян кардааст, ки аксарият орзу ва тасмими таҳсил дар донишгоҳҳои Русияву Амрико ва дигар кишварҳоро доранд: «Бо вуҷуди он, ки мо муаллиму донишгоҳҳои хуб ҳам дорем, намедонам аз чӣ сабаб аксарият ҳаракат мекунанд маълумоти олиро дар хориҷ аз кишвар ба даст оранд. Ва бисёре аз хатмкунандаҳои мо ҳам ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар, ба вижа Русия месупоранд. Бино бар ин, аксарият забони русӣ ва англисии худро беҳтар мекунанд.»

Амина Дониёрова, хатмкунандаи яке аз мактабҳои пойтахт мегӯяд, ӯ барои иштирок ва ғалаба дар яке аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳ имтиёз ба даст овардааст ва имкон дорад ба ҳар донишгоҳи кишвар, ки хоҳад, ройгону беимтиҳон шомил шавад. Аммо ӯ мехоҳад таҳсилашро дар хориҷ аз кишвар идома бидиҳад: «Мехоҳам мисли бародару хоҳари бузургам дар Қирғизистон ё Амрико таҳсиламро идома бидиҳам, аммо имкони молии хонаводаамон ҳоло ба ин даст намедиҳад ва ягон сарпарасте ҳам наёфтам, ки дар ин маврид ба ман кӯмак кунад.»

Ва бояд гуфт Вазорати маорифи Тоҷикистон дар 4 соли пеш бо ҳадафи боло бурдани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони хуб, шумори қабули донишҷуёнро ба мактабҳои олии кишвар маҳдудтар намуда, 25 ҳазор ҷой муайян карда буд. Вале барои дохил шудан ба донишгоҳ ҳамасола беш аз 30 ҳазор нафар довталаб мебошанд.

Навор аз бойгонӣ

Занги камолот дар макотиби Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00
XS
SM
MD
LG