Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 28 май зимни сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳаводиси ахири шаҳри Хоруғ дар раёсати ин ҳизб мавриди баҳсу баррасии амиқ қарор гирифт ва дар иртибот ба ин қазия изҳороти ҳизб низ қабул гардид.
Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, мавқеи Ҳизби коммунист дар иртибот ба ҳаводиси Хоруғ ин аст, ки то якпорчагӣ, сулҳу суботу оромӣ, ваҳдату муттаҳидӣ, волоияти қонун болотар аз ҳама манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳӣ аст ва ба ҳар ҳодисае, ки иттифоқ меафтад, баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, дар чорчӯби қавонини кишвар таҳқиқи мунсифона ва шаффоф сурат гирад. Ин аст, ки ба таъкиди ҷаноби Талбаков, Ҳизби коммунист ҳар амале, ки барои ноором кардани вазъ дар кишвар, халадор кардани сулҳу субот ва қонуншиканӣ равона карда шудааст, шадидан маҳкум мекунад ва омилони он бояд тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.
Зеро ба таъкиди муовини раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ин кишвар дар марҳалаи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд қарор дорад ва бояд волоияти қонун ва адолати иҷтимоъӣ дар меҳвар қарор дошта бошад. Исмоил Талбаков гуфт, ки "Ҳизби коммунист вобаста ба ҳаводиси ахир ва бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулотҳои ҷаҳони имрӯз, аз мардуми Тоҷикистон, тамоми ҳизбу созмонҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мекунад, то барои устувории сулҳ дар кишвар талош кунанд, фирефтаи дасисаи хоҷагони берунӣ нашаванд ва дар атрофи ҳукумати феълӣ аз ҳарвақта дида бештар мутаҳҳид шаванд."
Ҷаноби Талбаков бо ишора ба сафари ахири намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба вилояти Бадахшон ва дидору гуфтугӯи онҳо бо яке аз фармондеҳони собиқи мухолифон, ки ба дунболи ин боздид ҳаводиси Хоруғ иттифоқ афтод, гуфт, ки "дар изҳороти Ҳизби коммунист таъкид гардид, ки то мардуми тоҷик ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳанд ва ақли солимро кор фармоянд, то неъмати сулҳу суботро ҳифз кунанд."
Чун ба таъкиди ин мақоми ҳизби коммунисти Тоҷикистон, "бо он ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта бошад ҳам, дар шароити мураккаб ва печидаи ҷаҳони имрӯз, ҳар фарди тоҷик тавони дарки ҳадафҳо ва ниятҳои ғаразноки ба истилоҳ "меҳмонони хориҷӣ" -ро бояд дошта бошад."
Ин аст, ки ба гуфтаи Исмоил Талбаков, Ҳизби коммунист дар поёни изҳорот аз ҳама қишрҳои ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват кардааст, то аз хештандорӣ кор бигиранд ва ба ҳар гуна "маслиҳату машварат" - ҳо дода нашаванд.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон нахустин ҳизби сиёсӣ аст, ки дар иртибот ба ҳаводиси Хоруғ изҳорот медиҳад. Ҳарчанд рӯзи якшанбеи 25 май чанде аз созмонҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ дар Бадахшон бо пахши изҳоротҳо дар алоҳидагӣ ҷавонони бадахшониро, ки муддати чанд рӯзи ахир дар маркази ин вилоят гирди ҳам омада буданд ба хештандорӣ даъват карда, ҳодисаҳои охирро кори дасти "авомфиребон" ном бурда буданд.
Шӯрои қӯҳансолони вилояти Бадахшон дар як изҳороти худ ба ҷавонони Бадахшон, онҳоро ба зиракию ҳушёрӣ ва нигоҳ доштани сулҳу субот даъват кардаанд. Дар ин изҳороти Шӯрои куҳансолони Бадахшон, ки шоми 24-уми май нусхаи он ба дафтари радиои «Озодӣ» расид, омадааст, ки дар ҳодисаҳои ахир дар Хоруғ рухдода «нафарони бадхоҳ манфиатдоранд.»
Дар муроҷиатномаи ин шӯро аз ҷумла омадааст, ки «Имрӯз иддае аз шахсони тангназар ва ҷудоихоҳ мехоҳанд барои пиёда кардани манфиатҳои нопоки хеш дар байни мардуми меҳмоннавозу сулҳпарвари Бадахшон рахнае ворид созанд ва ба ин мақсад наврасону ҷавононро истифода мекунанд»
Дар ҳамин маврид рӯзи 24-уми май созмони Ҳизби халқӣ демократӣ дар вилояти Бадахшон, Кумитаи вилоятии бадахшонии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва гурӯҳе аз занони шаҳри Хоруғ бо пахши изҳорот ба ҷавонони бадахшонӣ ҳамаи онҳоро ба сабру таҳамул ва нигоҳ доштани суббот дар кишвар даъват кардаанд.