Пайвандҳои дастрасӣ

Дасту бинии Файзалиро кӣ шикаст?


Наздикони як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ даъво доранд, ки маъумрони полис вайро дар боздоштгоҳ ба андозае шиканҷа додаанд, ки ниёз ба ҷарроҳӣ ва табобат дорад, аммо мақомот барои ташхис ва табобат шудани ӯ иҷоза намедиҳанд.

Наздикони сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Файзалӣ Давлатов мегӯянд, маъумрони полис ӯро дар боздоштгоҳ ба андозае шиканҷа додаанд, ки ниёз ба ҷарроҳӣ ва табобат дорад, аммо мақомот аз тарси фош шудани қазия барои ташхис ва табобат шудани ӯ иҷоза намедиҳанд.

Дастагул Давлатова, хоҳар ва вакили мудофеи ин боздоштшуда мегӯяд, зерҳимояаш ба ҳаде латту кӯб шудааст, ки бинӣ бо қисме аз пешонӣ ва охӯраки дасти росташ шикаста, аз зарбаҳои эҳтимолан дар сараш хӯрда ҳолати рӯҳиаш хеле бад аст. Ӯ мегӯяд, осори бинии шикаста ва охӯраки дасташ рӯшан ба назар мерасад, аммо инки Файзалӣ боз чӣ қадар ва аз куҷои баданаш зарб хӯрдааст, бо чашм дида намешавад.

Ба гуфтаи вакил, пизишкони боздоштгоҳи муваққати Кӯлоб аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ хостаанд, ин боздоштшуда мавриди ташхиси тиббӣ қарор дода шавад. Аммо шӯъба аз фароҳам овардани шароити ташхиси тиббӣ худдорӣ мекунад ва хонум Давлатова мегӯяд, кормандони умури дохиилӣ намехоҳанд, шиканҷа дидани Файзалӣ Давлатов мустанад шавад.

Ин вакили дифоъ мегӯяд, парвандаи бародараш аз рӯзи аввал якҷониба ва бидуни риояи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ бурда мешуд ва аз ин рӯ Додгоҳи олии Тоҷикистон бинобар нокофӣ будани далелҳо онро ба тафтишотӣ иловагӣ баргардонидааст: «Ҳоло ҳоли зерҳимояи ман хеле бад аст. Бояд акси рентгенӣ шавад. 20 рӯзи охир нафасаш мегирад ва дасту пояш мепечад, ки инро пизишкон нишонаи шикастани охӯрак ва зарбҳои вазнин дар сараш медонанд. Дар мурофиаи судӣ ва ҳангоми вохӯрӣ бо ман баён дошт, ки вақте боздошт шуд, ӯро барои эътирофи гуноҳ маҷбур мекунанд. Шаш корманди ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ ӯро латту кӯб мекунанд ва ҳатто таҳдид мекунанд, ки дар сурати баёнот надодан таҷовузаш хоҳанд кард. Номи онҳоро бародар ва зерҳимояаам дар мурофиа ба забон гирифт. Осори шиканҷа дар баданаш намудор аст ва ӯ эҳтиёҷ ба табобат дорад, аммо сардори ШКД-и Ҳамадонӣ метарсад, ки пас аз ташхис шиканҷа окшор мешавад. Барои ҳамин ҳамаи кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то ӯ ташхис нашавад.»

Дар ҳамин ҳол, Акбаралӣ Сафаров, додраси додгоҳи вилояти Хатлон, ки ин парвандаро баррасӣ кардааст, мегӯяд, воқеан, боздоштшуда ҳангоми яке аз мурофиаҳо шикоят кард, ки аз тарафи кормандони милиса шиканҷа дидааст: «Шикояту эътироз шуда буд ва парванда то Додгоҳи олӣ рафт. Мо шикоятро ба инобат гирифтем. Ӯ номи чанд нафарро, ки гӯё латту кӯбаш кардаанд, гирифт. Мо ба додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ гуфтем, ки ин ҳолатро санҷанд. Аммо онҳо санҷида гуфтанд, ки бинобар пайдо нашудани далели шиканҷа аз оғози кори ҷиноятӣ худдорӣ мекунем. Вале ба ғайри ин ҳам, парванда камбудиҳои зиёд дошт ва мо онро ба тафтишоти иловагӣ баргардонидем.»

Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ расман ҳолати шиканҷаро рад кардааст, аммо наздикони Давлатов мегӯянд, то аз ташхиси тиббӣ нагузаштани ӯ ин санҷишҳоро воқеӣ намедонанд. Онҳо суол медиҳанд, ки агар ӯ шиканҷа нашуда бошад, пас бинию обхӯраки дасташ дар куҷо шикастааст ва ҳоло нафасгириаш мушкил шудааст? Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле ки Файзалӣ Давлатов аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кӯлоб шикоят надорад, пас дар куҷо ба ғайр аз ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ мавриди шиканҷа қарор гирифта метавонист?

Дар ҳамин ҳол, талошҳои мо дар тӯли як ҳафта барои пайдо кардани сардори ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ бенатиҷа наҷом ёфт. Ҳамеша ӯ «дар ҷои кораш набуд». Аммо Маҳмадраҳим Шарипов, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, ӯ «нав корро ин ҷо оғоз кардааст, аммо бовар дорам, ки кормандони милиса ҳеҷ гоҳ ба шиканҷа роҳ намедиҳанд. Он вақт набудам, лекин бовар дорам, ки ин хел нашудааст. Додситонӣ ин ҳолатро санҷид, вале чизе тасдиқ нашуд.»

Аммо Даврон Каримов, сардори гурӯҳи тафтишот дар ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ, муфаттише, ки парвандаи Давлатовро мебурд, шиканҷа шудан ё нашудани боздоштшударо тасдиқ ё инкор накард. Даврон Каримов дар сӯҳбати рӯбарӯ танҳо гуфт, «Файзалӣ Давлатов дар куштор даст дорад ва ҳатман ҷазо мебинад.»

Файзалӣ Давлатов 29-уми июни соли 2013 бо гумони даст доштан дар ҳалокати Дилшод Латипов, як сокини дигари ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шудааст. Ӯро дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 110 қисми 3, қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг мешавад, гумонбар медонанд.

Гуфта мешавад, ки Файзалӣ рӯзи 29-уми июн дар дӯкони фурӯши маводи спиртӣ бо Дилшод Латипов баҳс мекунад. Шахси ҳалокшуда ба ӯ ҳамла мекунад, аммо дар давоми моҷаро сараш ба бетон бархӯрдааст ва ӯ пас аз як ҳафта дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Худи гумонбар дар додгоҳ изҳор доштааст, ки дар афтидани марҳум ва ба бетон бархӯрдани ӯ даст надоштааст, балки вай худаш афтидааст.

Наздикони Давлатов мегӯянд, ки агар ҳатто дар натиҷаи ҷанҷол миёни ин ду нафар сари марҳум Латифов ба бетон бархӯрда бошад, ин ҳолат аз беэҳтиётӣ рух додааст, на қасдан. Бинобар ин, бояд парванда тибқи моддаи 108, яъне аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расидани шаҳрванд баррасӣ шавад, на тибқи моддаи 110. Онҳо ба ин боваранд, ки маъмурони милиса Файзалӣ Давлатовро барои он шиканҷа кардаанд, ки айбномаи дилхоҳи онҳоро ба гардан гирад.
XS
SM
MD
LG