Рӯзи 5 май ба ёди ҷанговарони тоҷике, ки дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҷон бохтаанд, дар Гулгашти ёдбуди оромгоҳи Пискаревои шаҳри Санкт-Петербург Санги хотира гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин ёдгорӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев ширкат кард. Ин оромгоҳ 9-уми майи соли 1960 барои зинда нигоҳ доштани хотираи ҷанговарон, ки солҳои 1940-1945 бар зидди Олмон ҷангидаанд, бунёд шудааст. Аз Тоҷикистон ҳам дар сангарҳои Ҷанги бузурги ватанӣ 300 000, ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ин ҷумҳурӣ ширкат варзида, қариб 92 ҳазораш дар он ҷанг шаҳид шуданд. 65 зодаи Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд.
Санги хотира барои ҷанговарони тоҷик баъд аз 69 сол
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир