Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷигар ҷигар асту дигар - дигар?


кӯдакон ятимхонаи ноҳияи Панҷ
кӯдакон ятимхонаи ноҳияи Панҷ

Оилаҳои безурёт мегӯянд, коғазбозиву судбозии раванди фарзандхонӣ дар Тоҷикистон онҳоро ба натиҷае расонидааст, ки беҳтар аст, бачаҳои пайвандони худро ба фарзандӣ бихонанд.

Барои Меҳриниссо ва ҳамсари ӯ, ки 20 сол дар талаби фарзанд ба сад дар сар задаанд, таваллуди кӯдаки сеюм дар хонаводаи бародараш хуштарин хабар дар тамоми умраш буд. Ин кӯдаки навзод, дар асоси ваъдаи бародар, акнун бачаи аммаш шудааст.

Саид, падари ин тифли навзод мегӯяд, ранҷи бефарзандӣ ва дарду доғи ҳоҳарбузургашро дарк мекард ва бо ҳамсараш машварат карду кӯдаки сеюми хонадонро бедудилагӣ ба ӯ дод. «Ӯ омада бо кӯдакони ман бозӣ мекард ва медидам, ки чӣ қадар кӯдакро дӯст медорад. Сад ҷо табобат карданд, вале бо хости худо фарзанддор нашуданд. Дили ману ҳамсарам ба ӯ сӯхт ва аз дили кушод ният кардем, ки фарзандро ба ӯ бибахшем», - гуфт Саид.

Ҳоло то як моҳ ин кӯдакро модари худаш шир медиҳад, баъдан Меҳриниссо ӯро комилан ба хонаи худ мебарад ва бо шири сунъӣ парвариш мекунад. Ин зан мегӯяд, садҳо бор бо шавҳараш талош кард аз таваллудгоҳ ё ятимхона бо роҳи қонунӣ фарзанд бигирад, аммо дархости ҳуҷҷати зиёд ва мурофиаҳои судӣ ин корро дар назарашон ғайримумкин нишон дод.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Зимнан, бар асоси моддаи 127-и Қонуни оилаи Тоҷикистон дар заминаи фарзандхонӣ, ки бори охир дар соли 2006-ум ислоҳ шудааст, танҳо сокинони кишвар ҳаққи ба фарзандӣ қабул кардани кӯдаконро доранд. Бар асоси ин қонун, оилае, ки мехоҳад тифлеро ба фарзандӣ бигирад, бояд 16 санади таъйиди ҳуввиятро пешниҳод намояд. Дар боби 19-уми Қонуни оила тартиби фарзандхонӣ дар 11 модда баршумурда шудааст, ки бисёриҳо ин талаботро беш аз ҳад ва як монеа дар роҳи фарзандхонӣ мешуморанд. Бар пояи омори Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинтологияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, беш аз 100 ҳазор оила дар кишвар безуриёт буда, ин рақам, солона аз ҳисоби оилаҳои нав бештар мешавад.

«Як бор ҳамаи ҳуҷҷатро омода кардем ва гуфтанд, ки номатонро дар навбат мемонем ва агар кӯдак шуд, даъват мекунем. Лекин аз ин кор 5-6 сол гузашт моро касе даъват накард. Боз муроҷиат кардем ва даҳ-бист ҳуҷҷат гуфтанд, ки ҷамъовариаш мушкил буд ва баъдан ҳам дигар бовар накардем, ки бо ин роҳ кӯдак гирифтан имкон дорад. Агар ҳамин корро осонтар мекарданд, савоби одами зиёди бефарзандро мегирифтанд. Барои ҳамин хостам, ки аз додарам фарзанд бигирам»,- гуфт Меҳриниссо.

Аз сӯи дигар бархе оилаҳои бефарзанд бовар доранд, ки фарзанди "кас" дар ниҳояти амр бегона мемонад, вале худиҳо бузург ҳам шаванд, ҷигарбанд мешаванд. Парвиз Назаров, марде, ки баъди 8 соли бефарзандӣ духтари амакашро фарзанд хондааст, дар як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, «бегона вафо намекунад», аз ин рӯ, "фарзанди хеши наздикро ҳамчун фарзанд бузург кардан ба манфиати кор аст."


Аммо зане, ки се фарзанд, як писар ва ду духтарро аз ятимхона гирифтааст ва ба гуфти худаш, "ҷонашро дар ҷони онҳо гузоштааст", мегӯяд, тарбияи дуруст муҳим аст, на ҳамхуниву хешутаборӣ. Ин зан, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, аз ду духтараш, ки ҳоло шавҳар доранд, розист, аммо писараш дар миёни ҷавонони маҳаллӣ тарбияи нодуруст гирифтааст ва гоҳо бо ӯ муносибати хуб надорад. "Боақлтар ки шуд, худаш хубро аз бад фарқ мекунад", - мегӯяд ӯ.

Оилаҳои бефарзанд дар Кӯлоб омили аслии парҳез аз кӯдакони ятимхонаро дар мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ ва муносибати масъулини ин соҳа вобаста медонанд. Мо бо мусоидати дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Кӯлоб, Латиф Раҳмон, котиби Шӯрои васояту парасториро пайдо кардем ва аз ӯ маълумот хостем. Ӯ ба мо маълумот надод ва гуфт "касе ҳақ надорад, дар ин бора мавод нависад, зеро ин масъалаи пӯшида ҳаст."

Аммо Зикриё Шамсов, намояндаи Шӯрои адлия дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, навиштани мавод дар ин масъала огоҳии сокинонро бештар мекунад. Ба гуфтаи ӯ, воқеан, аксари сокинон тарзи ҳуҷҷатгузориро намефаҳманд, дар ҳоле, ки ин кори душвор нест. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Шамсов, сахтгирии қонунгузорӣ дар ин масъала барои ояндаи хуби кӯдак, ки аз тарафи оилае ба фарзандӣ қабул мешавад, равона шудааст.

Ӯ мегӯяд: «Аслан, парастор бояд гувоҳномаи саломатӣ, ҷои кор, манбаи даромад ва умуман шароити хуби зиндагӣ дошта бошад, ки фардо кӯдакро хуб тарбия карда тавонад. Шурои васояту парасторӣ бояд дар ин маврид хулоса диҳад, ки ҳамин зану шавҳар имкони тарбияи хуби кӯдакро доранд ё на. Хулосааш ба таври махфӣ дастрас мешавад. Суд ва ҳукумат ояндаи хуби кӯдакро дар назар гирифта ӯро ба касе ба фарзандхонӣ медиҳанд, ки аз ӯҳдаи тарбия барояд».

Фарзандхонӣ як раванди маъмул дар тамоми дунёст, ки аксаран афроди бефарзанд аз таваллудхонаҳо ва маконҳои вижа тифлони бекасу бепарасторро барои парасторӣ мегиранд. Аммо мушкили ҳуҷҷатгузорӣ дар Тоҷикистон афроди бефарзанди мисли Меҳриниссоро, маҷбур мекунад, то модари на як бачаи бесоҳиб, балки модари бародарзодаи худаш шавад. Дар ҳоле, ки шояд чандин чашм дар ятимхонаҳо, ҳамарӯза дар интизори падару модари нав ба сӯи дар дӯхта мешавад, то онҳоро ба фарзандӣ қабул кунад.

Бар пояи омори расмии Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 157 тифл расман ба фарзандӣ қабул шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 маврид бештар будааст. Ба маълумоти Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе, аз соли 2008-ум ба ин сӯ, танҳо дар пойтахт наздики 400 оилаи хоҳишманди гирифтани фарзанд худро дар рӯйхати талабгорони фарзанд номнавис кардаанд.
XS
SM
MD
LG