Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Фирӯз Қурбонови 29-сола ва шарикаш Фатҳулло Раҷабов, сокинони шаҳри Хуҷанд, ки мақомот онҳоро аъзои гурӯҳи ҷиноии “Абрешимчӣ” ва созмони “Лашкари ислом” ном мебаранд, барои “тамаъҷӯӣ бо истифодаи зӯр ва бо машварати пешакӣ бо нафарони дигар", тибқи банди 250-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор мекунад. Бозбинии парвандаи онҳо дар боздоштгоҳи рақами 2-и Хуҷанд, паси дарҳои баста ҷараён дорад. Ва додгоҳ аз бозгӯи ҷузъиёти бештар дар бораи аъмоли ин афрод худдорӣ меварзад. Ба гуфтаи додгоҳ, тафтиши парвандаи онҳоро мақомоти амниятӣ анҷом додаанд.
Аз дастгир шудани Фирӯз Қурбонови 29-сола, ки раҳбари “Лашкари Ислом” дониста мешавад ва шарикаш Фатҳулло Раҷабов низ, мақомоти амниятӣ охири моҳи январи соли равон ба расонаҳо иттилоъ дода, гуфта буданд, ки боздошти онҳо баъди бозгашташон аз Имороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифт. Онҳо баъди боздошти 3 шарикашон аз Тоҷикистон фирор карда, дар Имороти Муттаҳидаи Араб паноҳ бурданд, “вале дар поёни соли гузашта ба таври пинҳонӣ аз Дубай ба Хуҷанд баргашта, ба аъмоли ҷиноии худ идома доданд.”
Мақомот ибтидо дар бораи боздошти раҳбар ва 4 узви гурӯҳи ҷиноии мавсум ба "Абрешимчӣ” (“Шелковик”) дар моҳи июни соли гузаштаи 2013 хабар дода буданд, ки гӯё тӯли солҳои зиёд дар маҳаллаҳои атрофи корхонаи абрешими Хуҷанд амал мекард ва ба ситондани “ҳақ” аз соҳибкорони маҳаллӣ машғул буд.
Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ ба расонаҳо, ҳар узви ин гурӯҳ дар баданаш татуи вижае бо ҳуруфи арабӣ ва аксҳои шер ва ситораву моҳ доштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Қурбонов ва Раҷабовро вақти бо истифода аз аслиҳаи оташфишон ғоратгарӣ ва пулситонӣ дар Хуҷанд дастгир кардаанд.
Вале Равшаной Маҳкамова, вакили дифои ин афрод ба “Озодӣ” гуфт, айби эълоншуда алайҳи зерҳимояҳояш ба он иттилои расмие, ки мақомот замони боздошти онҳо паҳн карда буданд, мувофиқат намекунанд. Вай афзуд: “Қурбонов ва Раҷабов ба ягон гуна гурӯҳи мафиозӣ шомил набуданд ва онҳо дар парванда чун “гурӯҳи шахсон” ном бурда мешавад, ки барои тамаъҷӯӣ айбдор шудаанд. “Онҳоро аъзои гурӯҳҳои мафиозӣ эълон кардан аз воҳимае беш набуд ва дар парванда ҷой надорад” - афзуд хонум Маҳкамова.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишот, аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ дар роҳи ситондани “ҳақ” аз соҳибкорон зери чатри шиорҳои мазҳабӣ ва ифротӣ амал карда, гурӯҳи худро номи баланди “Лашкари Ислом” дода буданд. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, онҳо гӯё соҳибкоронро маҷбур мекардаанд, ки барои “ҷиҳод” ва “рушди Ислом” бо додани пул ба онҳо саҳм гузоранд. Ду нафар аз аъзои ин гурӯҳ Абдумаҷид Халилов ва ва Набиҷон Собиров ҳатто дар ҳудуди Русия ҳам даст ба ҷиноятҳои авбошӣ зада, “бо истифода аз туфангча шаҳрвандони Тоҷикистон таҳдиду зӯроварӣ намуда, ҳатто чанд нафари онҳоро захмӣ кардаанд.»
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 8-уми декабри соли 2013 Зоҳирҷон Бобоевро ба мӯҳлати 11 сол, Абдумаҷид Халилов ва Набиҷон Собировро ба мӯҳлатҳои 10 солӣ аз озодӣ маҳрум карда буд. Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон гурӯҳҳои мафиозии замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар фаъол дигар саркӯб шудаву аз байн бурда шудаанд, дар солҳои охир ин бори аввал аст, ки мақомот аз ошкор ва боздошт кардани аъзои гурӯҳи мафиозие, ки аз тоҷирону соҳибкорон ба зӯрӣ пул меситонд, хабар медиҳанд.