Баҳриддин Тошев -- падари Қорӣ Садриддин рӯзи 4-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки фарзандашро аз зиндони Хуҷанд мебоист ба маҳбаси Қӯрғонтеппа интиқол медоданд, вале ҳамакнун дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дафтари матбуоти Раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон имрӯз ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки тибқи ҳукми додгоҳи вилояти Суғд Садриддин Тошев дар ҳафтаи гузашта аз зиндони Хуҷанд ба Қӯрғонтеппа интиқол дода шуд ва интиқоли ӯ бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Суғд сурат гирифтааст, то давраи боқимондаи ҷазои худро дар ҳамин маҳбаси низомаш махсус сипарӣ кунад.
Ин манбаъ афзуд, ки Сунатулло Ризоев -- маҳбуси дигаре, ки ҳамроҳи Тошев маҳкум шуда буд, дар маҳбаси Хуҷанд давраи ҷазои худро мегузаронад. Аммо дар хусуси ин, ки Садриддин Тошев на дар маҳбаси Қӯрғонтеппа, балки дар СИЗО-и Кумитаи амнияти миллӣ ҳузур дорад, намояндаи Раёсати маҳбасҳо изҳори бехабарӣ кард.
Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев низ гуфт, ки зерҳимояи ӯро ҳатто қабл аз рӯзҳои таҷлили Наврӯз ба Қӯрғонтеппа интиқол дода ва ӯро расман дар ҷараён гузошта буданд. Падари Садриддин Тошев низ гуфт, ки дар ибтидо ба вай хабар додаанд, ки "Қорӣ"-ро ба маҳбаси Қӯрғонтеппа бурдаанд ва вақте вай ба Қӯрғонтеппа меравад, масъулони маҳбас мегӯянд, ки Садриддин аз Хуҷанд мустақиман ба СИЗО-и КДАМ интиқол ёфтааст.
«Вақте ки аз Қӯрғонтеппа ба Душанбе баргаштам ва ба СИЗО рафтам, гуфтанд, ки дар ҳақиқат писарам дар ҳамин ҷо будааст, лекин ҳоло мулоқот нагирифтаам ва албатта дар рӯзҳои наздик аз аҳволи Қорӣ хабар мегирам.»
Додгоҳи вилояти Суғд дар аввалҳои моҳи январ маҳбусон Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев бо ҷурми паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон ва талош барои номураттаб кардани низоми маҳбас мутаносибан ба 8 ва 9 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Дар ҳукми додгоҳи зикр шуда буд, ки Садриддин Тошев идомаи давраи ҷазои худро дар маҳбаси низомаш махсус, ки танҳо дар Қӯрғонтеппа мебошад, сипарӣ хоҳад кард.
Қаблан Садриддин Тошев, фармондеҳи мухолифини пешин бо ҷурми терроризм, бандитизм ва одамрабоӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бино бар қонуни авф, мӯҳлати ҷазои ӯ коҳиш ёфта, қабл аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд танҳо 3,5 соли ӯ боқӣ монда буд. Акнун бар иловаи ҳукми додгоҳи Хуҷанд, Тошев боз 9 солу 5 моҳи умри худро дар паси панҷара хоҳад гузаронд.