Маҳмад Сафаров, раиси Маркази обу ҳавшиносии Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, "аз имрӯз ҳарорати ҳаво рӯ ба гармӣ меорад ва рӯзона аз 0 то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ин гуна вазъият то рӯзҳои 15 ва 16 феврал идома хоҳад кард. Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, дар муддати беш аз як ҳафтаи оянда ҳарчанд офтобист ва бороишот дар назар нест, аммо ҳарорати ҳаво шабона бетағйир, яъне 10 то 15 дараҷаи сардӣ боқӣ мемонад.
Вай гуфт, ки яхбандӣ ва хатари тармафароӣ дар манотиқи кӯҳистон ва гарданаҳову роҳҳои мошингузар ҳамчунон вуҷуд хоҳад дошт ва обшавии барфу яхҳо низ ба кундӣ ҷараён мегирад. Ин ҳам дар ҳоле, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи гузашта аз наҷоти 9 нафар аз асорати тарма хабар дод.
Ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бар асари барфбориҳои зиёд дар манотиқи кӯҳистон 5 зан, 3 мард ва як кӯдаке, ки дар гузаргоҳи «Қарамиқ»-и миёни Тоҷикистону Қирғизистон дармонда буданд, раҳо карда шуданд.
Шӯъбаи фаврии Вазорати нақлиёт рӯзи 6-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки 9 шаҳрванди Тоҷикистон сокинони ноҳияи Ҷиргатол пас аз лағжиши тарма аз ду самт дар гузаргоҳ дар гарданаи «Қарамиқ» як шабонарӯз дар асорат мондаанд.
Ба иттилои вазорати нақлиёт 5 зан, 3 мард ва як кӯдаке, ки рӯзи 3-юми феврал дар асорат монда буданд бо кӯшиши роҳсозони минтақаи Лахш дар соати 16-00-и 4-уми феврал раҳо карда шуда, бо микроавтобус ба ноҳияи Ҷиргатол оварда шуданд. Ба гуфтаи масъулони вазорати нақлиёт, феълан гарданаи Қарамиқ аз барфу тарма поксозӣ шуда, равуои мошинҳо имконпазир аст.
Барфрезиҳои шадид ва ҳавои сард муддати як ҳафта идома дошт, ки дар натиҷа ба равуои нақлиёт дар роҳҳои иртиботӣ, парвози ҳавопаймоҳоро мушкил кард ва роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳатто муддате баста шуд.
Фурудгоҳи Душанбе ду дафъа қабулу гусели ҳавопаймоҳоро қатъ кард. Рӯзи 2 феврал як ҳавопаймо, ки дар масири Маскав - Кӯлоб парвоз мекард, ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Душанбе бар асари ях бастани хатти нишаст аз роҳ берун шуд ва шассии пешаш шикаст. Ҳавопаймои дигаре, ки дар масири Санкт-Петербург -Қӯрғонтеппа парвоз мекард, ба иллати аз барф тоза нашудани фурудгоҳи Қӯрғонтеппа, маҷбур шуд дар фурудгоҳи Душанбе бинишинад.
Ҳамчунин бар асари асари барфбориҳои ахир ва ҷамъ шудани барфи зиёд боми як мактаби якошёна дар рустои Корези поёни шаҳри Кӯлоб фурӯ рафт.
Барфррезиҳои ахир ва сардии ҳаво боиси он шуд, ки вазорати маорифи Тоҷикистон таътили зимистонаро барои як ҳафтаи дигар, яъне то 10 феврал тамдид кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки таътили зимистона дар мактабу донишгоҳҳо то 3 феврал эълон шуда буд.