Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиронасарон ҷониби масҷид меравем...


Мансабдорони бознишастаро чӣ омилҳое сӯи масҷид раҳнамун мекунанд – танҳоӣ, зарурати “ҳамранги ҷомеъа будан” ё эҳсоси гуноҳ?

...Як омӯзгори кӯҳансол аз масҷиди як деҳаи дурдасти ноҳияи Шӯрообод озурдахотир берун шуд. Одинааҳмад, сокини ин деҳа, ки шоҳиди баҳсу моҷаро дар масҷид буд, мегӯяд, мӯйсафедро, ки аз ноҳияи Восеъ ба меҳмонӣ омада буд, як шогирди собиқаш ранҷонд. Баъд аз намози шом марди миёнаумре, ки аз ин омӯзгор дар мактаб сабақ омӯхта будааст, бо ӯ дар як мавзӯи мазҳабӣ “сар ба сар” шуд ва ниҳоят писхандаш зад. “О муаллим, то дирӯз як чойник дар даст синф ба синф гашта, кӯдакҳои рӯзадорро об менӯшонидед, мегуфтед, ки дин афъюн аст, ба ҷои Худо ба Ленину ҳизбаш саҷда мекардед, арақа об барин менӯшидед, ҳоло даъвои саводи исломӣ мекунед-а”. Одинааҳмад мегӯяд, бузургсолҳо ҳамдеҳаи худро сарзаниш карданд ва ба ҷойи ӯ барои беодобӣ аз меҳмон узр хостанд, вале омӯзгори кӯҳансол бо дили озурда аз масҷид бадар рафт....

ХОҲӢ НАШАВӢ РАСВО, ҲАМРАНГИ ҶАМОАТ БОШ?

Ҳоҷӣ Ғайбулло, хатиби яке аз масоҷиди ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон расм шудааст, ки аксари мансабдорон ё кормандони маорифу тиб фақат баъди ришсафедиву синни нафақа ба тоату ибодат шурӯъ мекунанд. Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, ки ҳоло шумораи чунин одамон камтар шудааст, зеро афроди эътиқодманд, агар дар муассисаҳои давлатӣ ҳам кор кунанд, рӯзаву намози худро тарк намекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳадди аққал дар намози ҷумъа ширкат дошта бошанд.

Саидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ
Аммо чаро бештари мансабдорону кормандони идораҳои давлатӣ фақат баъд аз бознишастагӣ қадам ба остонаи масҷид мегузоранд? Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, ки аз як сӯ, ин афрод баъд аз нафақа эҳсоси танҳоӣ мекунанд ва аз сӯи дигар мехоҳанд, ки ҳамранги ҷомеа бошанд. “Миёни онҳо, мутаассифона, касоне ҳам кам нестанд, ки ба масҷид на барои намозу ниёиш, балки барои хушгузаронии вақти худ мераванд, яъне масҷид барои онҳо ҷойи сӯҳбату чақ-чақ бо ҳамсолонашон аст ва гумон аст, ки ибодати ин гуна одамон писанди Худованд бошад”, меафзояд ӯ.

Як мусоҳиби дигарамон гуфт, ки “ҳоло ҳар тоифаро дар масҷид мебинӣ, ҳатто раису “завбаза”, ҳам атеисту корманди пешини амниятиро. Онҳое, ки замони шӯравӣ маъмурони Кумитаи амнияти миллӣ ё вазорати умури дохилӣ буданд ва дину муллоҳоро саркӯб мекарданд, имрӯз ҳамроҳи дигар муллоҳо намоз мегузоранд ва ҳатто баъзан “амри маъруф” ҳам мекунанд”. Ӯ афзуд, “албатта, онҳо ҳам ҳақ доранд, ки намоз гузоранд, аммо наход барои аъмоли пешини худ азоби виҷдонро эҳсос накунанд”.

Сайидумар Ҳусайнӣ ҳадс мезанад, ки баъзеи онҳо баъд аз мустаъфӣ шудан ба масҷид мераванд ва “агар ҳамон маъмуриятеро, ки дар ҷавонӣ анҷом медоданд, яъне душманӣ ба дину ойин ё ҷамъоварии сиру асрори мардумро идома диҳанд, яъне агар гӯянд, ки “равем, миёни мардум бошем ва сиру асрори онҳоро бифаҳмему дар ҳамон ҷойҳои дахлдор хабар диҳем”, хуб, ба ҳадафашон мерасанд, аммо назди Худованд дигар арзиш нахоҳанд дошт”.

Одинааҳмад, ки табиб аст ва аммо аз овони ҷавонӣ масҷид меравад, мегӯяд, ҳоло дар баъзе масҷидҳо амалдорони пештара “гули сари сабад”-анд. Ба гуфтаи ӯ, “бисёрии онҳо як-ду сол пеш аз нафақа ба намозхонӣ шурӯъ карданд ва баъди нафақа зуд ба Ҳаҷҷ рафтанду ҳоҷӣ шуданд ва акнун дар масҷидҳо бологузаранд ва ҳатто, бовар мекунед, баъзан ба ҷойи муллоҳо амри маъруф ҳам мекунанд”.

Аммо одамони зиёде ҳастанд, ки эҳсоси гуноҳ мекунанд ва мехоҳанд, ки бо тоату ибодат ҳам гӯноҳҳо ва ҳам иштибоҳҳои зиндагии худро пок созанд. Ба гуфтаи Сайидумар Ҳусайнӣ, “Худованд ба инсон фурсат медиҳад ва агар дар ҷавонӣ неву айёми пирӣ ё давраи сиҳатияш неву ҳангоми маризӣ, дар сарватмандӣ неву дар фақирӣ Ҳақро бишносад, гуноҳҳояшро мебахшад”.

Мулло Абдураҳим Каримов, рӯҳонии маъруф мегӯяд, Худованд фақат касеро намебахшад, ки ба Ӯ шак овардааст - дар ояти 72-и сураи Моида омадааст, “ҳамоно агар касе ба Худо шарик оварад, пас Худованд барояш ҷаннатро ҳаром гардонидааст ва макони ў оташ аст». Ӯ меафзояд, “Худои Таъоло дар Қуръони Карим мегӯяд, ки бигӯ, эй Муҳаммад, саллалоҳи алайҳи вассалам, ба бандагони ман, ки онҳо умматони ту ҳастанд, агар ба нафсашон исроф карданд, гуноҳ карданд, банамозу берӯза буданд, дигар корҳои ғайрисломиро анҷом доданд, ноумед аз раҳмати Парвардигор набошанд, раҳмати Парвардигор бисёр васеъ аст, Худо қудрат дорад, ҳама гуноҳҳои шуморо мебахшад, Худо ғафуру меҳрубону ғамхор аст”.

ИМОМ-ХАТИБ БО БИЛЕТИ КОММУНИСТӢ?

Бархӯрди ҷомеъа бо онҳое, ки замони пиронсолӣ ба тоату ибодат мепардозанд, яксон нест. Аксари мардум онҳоро хуш мепазиранд ё ҳадди аққал ба масҷидравии онҳо бетафовутанд, аммо иддае аз ҷавонон, ба вижа, пайравони гурӯҳҳои наве, ки мансуб ба ҷараёнҳои нав дар мазҳаби аҳли суннатанд, мансабдорон ва муаллимони табибони баъзди бознишастагӣ ба масҷид омадаро хуш надоранд. Онҳо мансабдоронеро, ки зиёрати Ҳаҷҷи Акбар кардаанд, низ эътироф намекунанд. Аз нигоҳи ин ҷавонон, коммунистҳо ҳам набояд пой ба остонаи масҷид гузоранд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ
Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ки солҳои 90-ум баъзе аз рӯҳониён садди роҳи намозгузории коммунистҳо мешуданд, ҳатто мегуфтанд, ки ҷаноза кардани коммунистҳо дуруст нест. Онҳо муаллимонро “кофир” эълон карда буданд. Ҳатто соли гузашта як мулло аз ноҳияи Шӯрообод гуфтааст, никоҳи онҳое, ки замони шӯравӣ бо “тӯйи комсомолӣ” хонадор шудаанд, ботил аст ва онҳо бояд занҳои худро аз нав никоҳ кунанд. Исмоил Талбаков тайид мекунад, ки замони шӯравӣ рӯҳониён мавриди таъқибу фишор қарор доштанд, ва аммо ин, аз нигоҳи ӯ, “на айби ҳизб, балки айби он мансабдорони ҳизбӣ буд, ки ба ин васила мехостанд садоқати худро ба ҳизб намоиш диҳанд ва ба зинаҳои болотари мансаб бароянд”.

Ӯ меафзояд, ки баъд аз истиқлол Ҳизби коммунисти Тоҷикистон он банди Ойинномаро, ки марбут ба омӯзиши атеизм ё даҳригӣ буд, лағв кард ва ҳоло ба ин ҳизб на фақат афроди эътиқодманд, балки муллоҳову имом-хатибҳо низ шомиланд. “Ба қарибӣ як гурӯҳ хабарнигорон аз Маскаву Белорус меҳмони мо шуданд ва хостанд бо коммунистоне ошно шаванд, ки муллоянд ва намозу рӯзаи худро тарк намекунанд. Мо онҳоро ба ноҳияҳои Файзободу Ваҳдату Рӯдакӣ бурдем, он ҷо ҳоҷиён, имом-хатибҳо, муллоҳо, махсумҳо, сайидзодаҳо ҳастанд ва аммо аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистонанд ва дар фаъолияти ҳизб ширкат доранд”, мегӯяд Исмоил Талбаков.

Идибек Зиёев, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, мегӯяд, вобаста ба шароити давру замон аз тоату ибодат дур мондани мусалмонҳо ба маънои беимон будани онҳо нест. Ӯ меафзояд, имон дар дил аст ва ҳатто онҳое ҳам, ки аз намозу рӯзаву тоату ибодат дуранд, метавонанд боимон бошанд ва рафтору гуфтори некашон гуноҳҳояшонро рӯпӯш месозад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳиби мо, аз намозу рӯза дур мондани бархе аз мусалмонҳоро наметавон сафед кард. Ба гуфтаи ӯ, дуруст аст, ки дар идораву муассисаҳои Тоҷикистон ҷойҳои махсус барои намозгузорӣ нестанд, аммо дини ислом барои пайраваш шароите фароҳам овардаст, ки ҳар лаҳза тавонад намоз гузорад ваё намозашро баъдан қазоӣ хонад. Яъне, чаро то пиронсолӣ бояд интизор шуд ва баъди нафақа ба тоату ибодату пардохт?

“МӮЪМИНОН ДАР ДӮСТӢ ВА РАҲМХӮРӢ ЯК ТАНАНД”

Ба ҳар сурат, аз нигоҳи Ҳоҷӣ Ғайбулло, имом-хатиби яке аз масҷидҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, бархӯрд ба ҳар нафаре, ки ба хотири саҷдаву намозгузорӣ вориди масҷид мешавад, новобаста ба синну солаш, бояд чун ба як бародари ҳамдин бошад. Ӯ меафзояд, васияти Паёмбар Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам аст, ки «мӯъминон дар дўстӣ ва раҳмхўрияшон монанди як тананд, ки чун узве ба дард ояд, боқии аъзо бо бедорӣ ва таб бо ў ҳамдард мешаванд».

Мусоҳибони мо ба он нукта ҳам таъкид мекунанд, ки “муллоҳои навбаромад” на фақат бархе аз мақомдорони собиқро мазаммат мекунанд, балки мусалмонҳоро ба “асил” ва “ноасил” ҷудо месозанд. Раҳматулло Абдуллоев, муаррих ва пажуҳишгари тоҷик, пайравони Салафияро намуна меоварад, ки мусалмонҳоро ба “асил”-у “ноасил” ҷудо мекунанд ва бо лаҳни сӯҳбату тарзи либоспӯшии худ
Раҳматулло Абдуллоев
Раҳматулло Абдуллоев
мусалмони асил буданашонро собит карданӣ мешаванд: Ба гуфтаи ӯ, “ин афрод пайваста калимаҳои “салаф” ва “авлоди гузашта”-ро такрор мекунанд ва мегӯянд, ки “он мардум ин хел рафтор мекард”, “ин тавр ибодат мекард”, яъне, ба ин васила мехоҳанд тафаккури мазҳабии худро болои дигарон таҳмил кунанд. Яъне, аксар вақт онҳо наметавонанд касеро рӯйирост айбдор кунанд, ки мусалмони “асил” нест, аммо талош мекунад собит намояд, ки ақидаи он шахс мутобиқ ба ғояҳои аслии ислом нест...”.

Раҳматулло Абдуллоев меафзояд, ин афрод бо тарзи либоспӯшии худ ҳам мехоҳанд “баргузида” будани худро нишон диҳанд. “Ҳатман шимашон аз буҷулаки поҳояшон қариб ним ваҷаб боло аст, риш доранд, дар сар ягон кӯлоҳ намегузоранд, ва аз ҳама аҷибаш, либоспӯшие мисли ҳамон “хиппи”-ҳое, ки солҳои 50-ум ва 60-ум дар Аврупо буданд, хоси фаъолони ҳамин ҷараён аст".

Аз нигоҳи Мулло Абдураҳим, мусалмон наметавонад “асил” ё “ноасил” бошад, зеро "аз нигоҳи шариат, мусалмон касест, ки “Ло Аллоҳ Илаллоҳ ва Муҳаммад расулуллоҳ” мегӯяд, панҷ вақт намозашро мехонад, рӯза мегирад, закот медиҳад, агар имкон дошта бошад, тавофи Каъба мекунад, барои ҳифзи имонаш аз ҳама гуноҳҳо парҳез мекунад, дар вақти баҳсу ҷанҷол носазо намегўяд, аз дурўғ парҳез менамояд, ба ваъдааш хилоф намекунад, паи суханчинӣ намегардад, амонатро хиёнат намекунад, аҳдшикан нест ва ва аз ғайбати мардум мепарҳезад. Мӯъмин набояд аз роҳи ҳаром мол ба даст оварад ва ба ин хотир набояд рибохўрӣ кунаду ришват бигирад, набояд моли ятимонро аз худ кунад. Мўъмин ҳамчунин набояд таънагар, лаънаткунанда, фоҳиша, беномус бошад ва бояд барои бародари мўъмини худ он чиро бихоҳад, ки барои худ мехоҳад ва пайваста дар паи ислоҳи ҷомеа бошад.

Идибек Зиёев, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, мегӯяд, маҳз ҳамин “асилтароши”-ву “кофиртарошӣ” ду даҳсола пеш мардумро ба хиёбонҳо кашонд ва боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд. Ӯ меафзояд, ки аз ҷудосозии мусалмонҳо ба “асил”-у “ғайриасил” то фатвои кофир хондани ин ё он мусалмон як қадам мемонад.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, мӯъминеро бедалел ранҷонидан ҳам гуноҳ аст. Мусалмонеро наметавон беҳуда “бедин” ё “кофир” хонд ва агар мӯъмин ҳамдини худро ҳатто дар сари қаҳр “кофир” садо кунад, худаш то ба гулӯ ба гуноҳ меғутад.
XS
SM
MD
LG