Ин рақам дар матбуот ба чоп мерасад ва хашми баъзе гурӯҳҳову шахсиятҳоро бармеангезад, ки ин қадр пули онҳоро муҳоҷирон гӯё “муфт” аз Русия мебаранд ва мардуми онҳо аз ин пулҳо маҳрум мешаванд. Вале касе намегӯяд, ки ин маблағ пули ночизест, ки ба 10 миллиону 800 ҳазор (рақами расмӣ) муҳоҷир дар ивази кори сангину тоқатфарсо пардохт мешавад ва муҳоҷирон ҳар сол 100 миллиард доллар ба иқтисоди Русия фоида медиҳанд. Ва оё касе медонад, ки тибқи қонунҳои Русия дар ин кишвар муҳоҷир ғайриқонунӣ буда наметавонад ё "нелегал" буда наметавонад. Пас муҳоҷире, ки иҷозаи корӣ надорад кист?
Мо ин масъалаҳоро дар мусоҳибае бо Александр Попов-ҳуқуқдон ва корманди Иттиҳодияҳои синфӣ ё Профсоюзи муҳоҷирони кории Шӯравии пешин дар Маскав ба миён ниҳодем.
Суол: Александр Степанович, фикр намекунед, ки сиёсатмадорон дар кишварҳои мухталиф муҳоҷири кориеро, ки дар ҷустуҷӯи ба истилоҳ “порае нон” ба Русия рафтааст, ба асбоби сиёсӣ ё василаи фишор ба якдигар табдил додаанд?
Попов: Ба назари ман муҳоҷирати корӣ ба асбоби сиёсии миёни раҳбарони давлатҳо ва байни нухбагони ҳоким табддил ёфтааст. Ва ин албатта, барои одамони оддӣ бад аст, барои ононе, ки ба кишвари бегона сафар мекунанд, то пуле ва ё пораи ноне ба даст оранд, то зиндагии худ ва хонаводаи худро таъмин намоянд. Ин гуна одамон ҳеҷ гоҳ дар фикри он нестанд, ки ҳууматҳо онҳоро ба василаи расидан ба ҳадафҳои худ ва ё фишор овардан ба якдигар истифода баранд. Одамони оддӣ ҳеҷ гоҳ намехоҳанд ба бозиҳои бузурги сиёсӣ кашонда шаванд. Вале ҳукуматҳо дар бораи онҳо қарордодҳо имзо мекунанд ва бар асоси қарордод баъзе ӯҳдадориҳо мегиранд. Ин кор дар таҷрибаи байналмиллалӣ ҳаст. Бо вуҷуди ин, баъд аз имзо ҳукуматҳо талош мекунанд, ки якдигарро фиреб диҳанд. Масалан, ин кор ҳангоми музокирот роҷеъ ба тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон мушоҳида шуд, ки бо масъалаи муҳоҷирон иртибот дошт. Ҳар яке аз тарафҳо ба ҷои он ки дар фикри муҳоҷир ва дар фикри шароити кории вай бошад, талош мекарданд, ки аз қарордод барои худ манфиати сиёсӣ ҷӯянд. Дар чунин ҳолат муҳоҷирони корӣ ба гаравгони вазъи пешомада табдил меёфтанд. Онҳо ё боздошт ва ё ба ватан истирдод мешуданд. Барои ҳамин миллионҳо нафаре, ки аз “роҳи муҳоҷират” мегузаранд, набояд аз сиёсатбозиҳои байнидавлатӣ ё манфиатҷӯии нухбагони ҳоким ба маҳрумият дучор шаванд. Ба назари ман, муҳоҷирати корӣ бояд тақсими байналмиллалии кор бошад. Дар чунин ҳолат одами оддӣ метавонад ба кишвари бегона равад ва агар дар он ҷо эҳтиёҷ ба нируи корӣ мавҷуд бошад, бояд вайро сазовор пешвоз бигиранд ва вай дар он кишвар кор кунад, пул ба даст орад ва баргардад”.
Суол: Дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ чӣ метавон гуфт? Оё онҳо худашон гунаҳгоранд, ки бо кори ғайриқонунӣ машғул мешаванд?
Попов: Истилоҳи “муҳоҷири ғайриқонунӣ” дар бораи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин дар чаҳорчӯбаи СНГ чандон дуруст нест, зеро вақте, ки муҳоҷири кории ин кишварҳо марзро мегузарад ва чун байни ҳамаи ин давлатҳо муқаррароти раводид ё визо вуҷуд надорад, муҳоҷир ҳуҷҷатро нишон медиҳад ва ба вай корти муҳоҷират медиҳанд. Ба ин далел, вай ҳеҷ гоҳ муҳоҷири ғайриқонунӣ ё “нелагал” буда наметавонад. Бисёре аз ҳуқуқдонон бар ин ақидаанд, ки агар ба муҳоҷир кори қонунӣ пешниҳод накунанд, муҳоҷир ғайриқонунӣ шуда наметавонад, балки онҳоро бояд муҳоҷирони дорои мақоми танзимнашуда ё “неурегулированный мигрант” ном бибаранд. Ба муҳоҷирон баъзе ҳуҷҷатҳои зарурӣ намедиҳанд ва онҳо худии ба худ, ба гуфтаи мақомот, ба “муҳоҷири ғайриқонунӣ” табдил меёбанд. Муҳоҷир барои он ба чунин вазъ гирифтор мешавад, ки қонунҳои Русия ҳанӯз такмил нашудааст. Шояд “муҳоҷирони ғайриқонунӣ” аз “қонунӣ” панҷ баробар зиёд бошанд. Ман фикр мекунам, ки дар Русия баъзе доираҳое ҳастанд, ки аз “муҳоҷирати ғайриқонунӣ” суд мебаранд. Ин гурӯҳи одамон кордиҳандаҳо ҳастанд ва аз манофеи худ ҳимоят мекунанд. Аз сӯи дигар дар сиёсат низ “муҳоҷирати ғайриқонунӣ” як василаи фишор ба кишварҳои ҳамсоя, яъне кишвари содиркунандаи муҳоҷири корӣ мебошад”.
Суол: Ба ҳар ҳол Русия аз ҳамин муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ ҳам ҳам даромад мегирад, на ба таври мустақим, балки ба таври ғайримустақим?
Попов: Дар ҳар ҳолат даромад мегирад. Баъзе вақт касоне фарёд мезананд, ки бубинед, пулҳои моро ба хориҷ мебаранд. Вале ин сару садоҳо аблаҳона аст. Ман мегӯям, ки аз ин кор Русия зарар намебинад. Аввал ин, ки муҳоҷир дар ин ҷо муваққатан зиндагӣ мекунад, дуввум ин ки вай ин пулҳоро намедуздад, балки онро дар ивази кораш мегирад. Бо ин пулҳо барои худаш молу коло ё хӯроквории Русияро мехарад. Ба ин тартиб, вай ба таври ғайримустақим барои тавлидоти Русия пул медиҳад. Ин ҷиҳати ночизи масъала аст. Ман ҷиҳати дигарро ёдорварӣ мекунам. Масалан, дар соли 2010 муҳоҷирони кории хориҷӣ аз Русия 17-18 миллиард доллар ба хонаҳояшон фиристодаанд. Бисёриҳо фарёд мезаданд, ки муҳоҷирон ин қадр пулеро, ки ба Русия ва ба мардуми он тааллуқ дошт, ба хориҷ фиристодаанд. Вале касе намегӯяд, ки ин 17-18 миллиард доллар музди ночизи кории муҳоҷир аст, коре ки ба Русия 100 миллиард доллар фоида овардааст, молу коло истеҳсол кардааст, сохтмонҳои бузург сохтааст, яъне панҷ баробар бештар ба Русия фоида додааст. Ин фоида дар Русия мемонад ва ин 100 миллиард доллар саҳме дар пешрафти иқтисоди Русия аст. Вале агар муҳоҷир ба қавле “ғайриқонунӣ” бошад, кордиҳанда ба давлат андоз намесупорад, ба фондҳои иҷтимоӣ барои муҳоҷир пул намедиҳад ва фоидаи бештарро худаш мегирад. Барои чунин кордиҳандаҳо доштани чоҳҳои нафту газ зарур нест. Онҳо бештар дар бахшҳои сохтмон метавонанд пулҳои ҳангуфт ба даст оранд. Барои ҳамин онҳо таввасути парлумон ва сохторҳои давлатӣ талош мекунанд, ки ҳамин вазъ боқӣ бимонад”.
Суол: Муҳоҷирони корӣ ба ватан пул мефиристанд ва барои ҳали мушкилоти иҷтимоии ҷомеа ва мушкилоти иқтисодии кишвари худ кӯмак мекунанд. Вале ин муҳоҷирон барои Русия чӣ фоида меоранд, агар ин нуқтаро дар назар бигирем, ки Русия ба мушкили демографӣ ва камбуди нируи корӣ дучор шудааст?
Попов: Бале, абатта демографияро бояд дар назар гирифт. Бисёре аз ҷомеашиносони мо ба таври воқеӣ ин вазъро дарк намекунанд. Ба ҳамин сабаб онҳо фикр мекунанд, ки Русия бо нерӯи худ ва бо аҳолии худ ин мушкилро ҳал мекунад. Ман фикр намекунам, ки ба ин зудиҳо ба Русия муҳоҷири корӣ зарур нашавад. Нуфусшиносон мегӯянд, ки дар ин самт то соли 2025 мушкилиҳои зиёд дар пеш хоҳад буд. Вале Русия бояд пеш равад, кишвар саноатӣ шавад, барои ҳамин дар баъзе бахшҳо Русия ба эҳтимоли зиёд бе муҳоҷирон наметавонад пеш равад. Аз сӯи дигар, агар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кунанд, дар он сурат барои нухбагони ҳокими он кишварҳо низ мушкилоти зиёд пеш хоҳад омад”.
Суол: Александр Степанович, гаҳ-гоҳе муҳоҷирони ғайриқонуниро боздошт мекунанд ва дар ҷойҳое нигоҳ медоранд, ки дар он ҷо ҷинояткорон нигоҳ дошта мешаванд. Чунин кор ба қонунгузории Русия мутобиқат мекунад?
Попов: Медонед, онҳо набояд дар шароите нигаҳдорӣ шаванд, ки масалан, як ҷинояткорро дар кӯча боздошт кардаанд ва дар он ҷо нигоҳ медоранд. Ҷинояткор ҷиноят содир кардааст. Вале барои муҳоҷир шароити нигаҳдорӣ бояд фарқ дошта бошад. Онҳо ҷиноят содир накардаанд, балки масъулияти маъмурӣ доранд. Дар ин бора Русия бо созмонҳои байналмиллалӣ мувофиқатномаҳо имзо кардааст. Дар ин маврид мо метавонем аз пулиси Русия интиқод кунем. Тибқи қонун, на ҳар корманди пулиси Русия ва на ҳар вақт ҳақ дорад муҳоҷири кориро тафтиш кунад. Чунин ҳақро қонун танҳо ба Хадамоти муҳоҷирати Русия медиҳад. Дар ин маврид ҳукумат аз доираи салоҳиятҳои худ берун меравад. Бо вуҷуди ин вақтҳои охир талош доранд, ки шароити боздоштгоҳҳои муваққатӣ барои муҳоҷирони ғайриқонуниро беҳтар кунанд, ҷойҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷир маҳдуд аст”.
Суол: Аз муҳоҷирати корӣ ба Русия бештар аз 20 сол мегузарад, ононе, ки болотар аз синни 40 солагӣ муҳоҷири корӣ шудаанд, ҳоло ба синни бознишастагӣ (нафақа) расидаанд. Нафақаи онҳо чӣ хоҳад шуд?
Попов: Бояд кордиҳанда ба фондҳои нафақа миқдори муайяни пул ё дарсадии муайяни пул интиқол диҳад, агар чунин кордиҳанда аз нируи корӣ ба таври қонунӣ истифода кунад. Ононе, ки қонунӣ ҳастанд, ин корро мекунанд. Ин пулҳо ба фондҳои марбутаи Русия мераванд. Ин фондҳоро муҳоҷир метавонад барои хадамоти тиббӣ истифода кунад. Вале то ҳол мо бо ин вазъ ба хубӣ ошно нестем. Масалан, муҳоҷир баъд аз солҳои зиёди кор дар Русия ба синни нафақа мерасад ва ба ватанаш бармегардад. Вале дар ватанаш собиқаи корӣ ё стаж надорад. Чунин ҳолат дар қарордодҳои байниҳукуматӣ дар назар гирифта нашудааст. Сарнавишти миллионҳо нафар бидуни таваҷҷуҳ берун аз қонун мемонад. Барои ҳамин дер ё зуд дар ин бора бояд фикр кунанд”.
Суол: Вақтҳои охир дар Русия рӯҳияи миллатгароӣ ва бегонаситезӣ бештар шудааст. Чӣ тавр аз ин падида ҷамъиятро бояд дар канор нигоҳ доранд?
Попов: Албатта посух ба ин суол мушкил аст. Ман ҳамеша мегӯям, ки қонун барои ҳама бояд яксон бошад, яъне ҳам барои шаҳрвандони Русия ва ҳам барои намояндагони миллатҳои дигар, барои муҳоҷирони кории хориҷӣ. Муҳоҷири корӣ барои он намеояд, ки бар зидди қлонун рафтор ё кор кунад, бо вуҷуди он, ки дар байни онҳо баъзе ҷавонон ҳастанд ва бо авбошӣ машғул мешаванд. Дар он сурат мешавад гуфт, ки “ҷинояткор миллат надорад”. Вале муҳоҷирон аслан одамони муаддабу ҷиддӣ ҳастанд. Барои ҳамин матбуоти Русия бояд ҳамаро “сиёҳ” нишон надиҳад. Мо мушоҳида мекунем, ки ҷомеаи мо ба ин масъала баръакс нигоҳ мекунад ва ба сӯи “негретиизм” майл пайдо кардааст. Вазифаи рӯзноманигорону рӯшанфикрон ин аст, ки дар миёни тӯдаҳои васеи мардум чунин рӯҳияро ислоҳ кунанд. Муттаасифона, ҳоло чунин кор мушоҳида намешавад”.