Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки бар асоси қонун “Дар бораи монополияҳои табиӣ” сар аз якуми январи соли 2014, корхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ бояд бар асоси нархномаҳои нави “хизматрасонии таъминоти оби ошомиданӣ ва системаи фозилоб” ҳаққи обу истифода аз ин системаро бипардозанд.
Мирзомурод Убайдуллоев, мудири шуъбаи фурӯши оби ошомидании Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" дар шарҳе дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки аз соли оянда сокинони биноҳои аз 1 то 12 табақа барои истифодаи тақрибан 11 метри мукааб об ва истифодаи шабакаи фозилоб бояд 4 сомониву 54 дирам бипардозанд, ки назар ба қимати феълӣ 4 дирам бештар аст.
Онҳое, ки ошёнашонро дар “баландӣ” ва дар табақаҳои болотар аз 12-ум гузоштаанд, барои истифодаи 14,4 метри мукааб оби ошомиданӣ ва истифодаи шабакаи фозилоб тақрибан 5 сомониву 70 дирам пардохт хоҳанд кард. Сокинони чунин хонаҳо ҳоло моҳе барои истифодаи обу хадамоти корез 4 сомониву 38 дирам мепардозанд.
Қимати об барои муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ фарқ мекунад ва дар шарҳи Мирзомурод Убайдуллоев, мудири шуъбаи фурӯши оби ошомидании Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" омадааст, ки сар аз соли оянда муассисаҳои буҷавӣ ба мисли кӯдакистону мактабу шифохонаҳо барои ҳар метри мукааб оби ошомиданӣ ва истифодаи системаи фозилоб дар як моҳ андаке тақрибан як сомониву 37 дирам хоҳанд пардохт.
Харҷи муассисаҳои хусусӣ ва ғайрибуҷавӣ барои обу хадамоти корез соли оянда андаке зиёдтар мешавад, зеро ин гуна муассисаву корхонаҳо бояд моҳона барои ҳар метри мукааб обу истифодаи хадамоти фозилоб тақрибан 3 сомониву 60 дирам бипардозанд. Корхонаву ташкилотҳои давлатӣ то кунун барои обу хадамоти фозилоб 1,04 дирам ва муассисаҳои хусусиву ғайри буҷавӣ вобаста аз навъи фаъолияташон 2 сомониву 71 дирам мепардозанд.
Дар шарҳи намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” омадааст, ба ҳамаи ин қиматҳо молиёт ва ё андоз аз арзиши изофа илова шудааст. Қимати истифодаи обу корез дар хобгоҳҳои умумӣ дар шаҳри Душанбе камтар аст. Бори охир ҳаққи обу истифода аз системаи фозилоб дар шаҳри Душанберо соли 2011 боло бурданд. Истифодаи бемеъёр ва зиёди об, ки дар Душанбе "расм" шудааст, яке аз омилҳои боло бурдани қиматҳо медонанд ва дигар ин ки ба гуфтаи мақомот, бо чунин қиматгузорӣ наметавон кори дуруст шабакаҳои обтақсимкунӣ ва фозилоби Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишварро таъмин кард.
Тайи солҳои ахир дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳукумат аз ҳисоби миллионҳо доллар қарзи Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молӣ шабакаҳои фарсудаи таъмини обу фозилобро таъмир кардааст, аммо бо вуҷуди ин на ҳамаи хонаҳо ба таври муносиб бо об таъмин ҳастанд.