Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Бозшумории ҷавонони донишҷӯ дар хориҷа


Акс аз бойгонӣ. Ҳангоми баргаштани донишҷӯён аз кишварҳои исломӣ.
Акс аз бойгонӣ. Ҳангоми баргаштани донишҷӯён аз кишварҳои исломӣ.

Мақомоти вилояти Суғд то охири соли равон рӯйхати ҷавононеро, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил ва зиндагӣ мекунанд, таҳия хоҳанд кард.

Ба гуфтаи масъулон, ин амр ба хотири муайян намудани шумораи дақиқи ҷавонони суғдӣ дар хориҷа, кишварҳои истиқомат ва ҳадафи будубоши онҳо рӯи даст гирифта шудааст.

Абдулҳаким Шарифов, раҳбари шӯъбаи оид ба дин дар ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат бо "Озодӣ" дар ин бора гуфт, ҷавононе, ки ба таври ғайриқонунӣ дар кишварҳои мусалмонии хориҷа таҳсил доранд, ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои тундрав ва таъмини амнияти онҳову ҷомеаи кишвар ба Тоҷикистон, баргардонида хоҳанд шуд:

“Дастури раиси ҷумҳур аст дар бораи баргардонидани ҷавононе, ки дар муаассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ё бо баҳонаи таҳсил дар он кишвар зиндагӣ доранд. Кӣ медонад, ки онҳо бо киву чӣ гурӯҳҳое сарукор доранд. Давлати Тоҷикистон ба ҷавонон ҳаққи таҳсили озодона дар хориҷаро додааст ва барои рафтан ба кишварҳои хориҷӣ монеа намегузорад. Вале ҷавононе, ки ба волидайни худ “ба таҳсил машғулем”, гуфта, дар кишвари хориҷӣ ба кадом – як масҷид ё муассисаи динӣ даро - баро карда гаштаанд, таҳти таваҷуҳи махсус қарор хоҳанд гирифт.”, гуфт ин масъули ҳукумати вилоят.

Оқои Шарифоф афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 15 нафар чунин ҷавони суғдӣ, ки умдатан дар кишвари Арабистони Саъудӣ қарор доранд, ошкор карда шудаанд.
Қаблан мақомоти Суғд аз 307 ҷавони суғдӣ 275 нафарро, ки дар мадрасаву донишгоҳҳои динии кишварои исломӣ таҳсил мекарданд ё омодагӣ медиданд, ба ватан баргардонида буданд.

Бозшумории нав дақиқ хоҳад кард дар ҳоли ҳозир боз чӣ қадар дар ҷавонон дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар мадрасаву донишгоҳҳои исломӣ таҳсил мекунанд ё дар он кишварҳо ба сар мебаранд.

Мирзотоҳир Набиев, мутахассиси таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати Суғд мегӯяд, бо ин вуҷуд то ҳол як омори дақиқ дар бораи ҷавонони суғдии муҳассил дар хориҷа вуҷуд надорад: “Мо ба мақомоти маҳаллӣ супориш додем муайян кунанд, ки аз маҳали онҳо чанд нафар ҷавон ва бо кадом роҳҳо: довталабона, тавассути мақомот ё кадом созмон ба нияти таҳсил ба хориҷа рафтаанд, муайян кунанд. Ҳоло 5 ноҳия чунин маълумотро ба мо пешниҳод карданд, дар ҷойҳои дигар кор дар ин самт идома дорад.”

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир чунин як омори дақиқ вуҷуд надорад, чунки қисмати умдаи ҷавонон довталабона ё бо ёрии созмонҳои байнулмилалӣ ба нияти таҳсил роҳ сӯи кишварҳои хориҷӣ пеш гирифтаанд. Вай афзуд, бозшумории нав на танҳо ҷавонони суғдиеро, ки дар кишварҳои исломӣ қарор доранд, балки ҳама муҳассилони гӯшаву канорҳои ҷаҳон аз минтақаи шимолии Тоикистонро дар бар хоҳад гирифт.

Масъулони ҳукумат мегӯянд ин иқдом на танҳо барои ба ватан бозгардони ҷавононе, ки дар мадрасу донишгоҳҳои динии хориҷӣ ба таври ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, балки барои муайян кардани мутахассисон ва кадрҳои ҷавони оянда, ҷавобгӯ ба талаботи муосир муҳим хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG