Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи шадид Тоҷикистонро ларзонд


Имрӯз, соати 10:16 дақиқа дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба амал омад.Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфтанд, маркази зилзила дар минтақаи Султонобод, 20километрии ҷанубу шарқи пойтахт буда ва шиддати зилзила дар ин ҷо то 5 балл будааст. Шиддати зилзила дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Хадамоти геологии Амрико маркази ин заминларзаро 21-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва шиддаташро 5,2 балл баровард кардааст. Ба ҳисоби ин ниҳод, замин дар умқи 17,8 километр ларзидааст. Пажӯҳишгоҳи зилзиланигории Тоҷикистон тибқи ҷадвали MSK-64, ки кишварҳои пасошӯравӣ истифода мебаранд, шиддати заминларзаи имрӯзаро 5,1 балл ва дар пойтахт ҳудуди 4 балл баровард мекунад. Ситоди марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, зилзила хисороти молӣ ва ҷонӣ дар пай надоштааст. Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, ки шиддати зилзила ба ҳадде буд, ки деворҳои бархе аз хонаҳои истиқоматӣ кафидаанд.
Қаламрави Тоҷикистон аз минтақаҳои зилзилахези сайёра ба шумор рафта, ҳар сол дар ин қаламрав то 3000 заминларза сабт мешавад. Вале шиддати аксари ин офоти табиӣ ба андозае заиф аст, ки танҳо дастгоҳҳои вижаи зилзиланигорӣ эҳсосаш мекунанд.
XS
SM
MD
LG