Бисёре аз соҳибназарон интизор доранд, ки дар ҳукумати нав тағйироти кадрии ҷиддӣ мешавад. Амирқул Азимов, раиси кумитаи амният ва дифоъи порлумони Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъд аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумат "албатта тағйирот мешавад". Аммо Амирқул Азимов дақиқан нагуфт, ки ҷаноби Раҳмон аз баҳри кадом вазиронаш мегузарад. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, мумкин аст, президент Раҳмон «поккори»-ро нахуст аз мансабдороне шурӯъ кунад, ки аз хешовандони худаш ҳастанд ва тайи солҳои ахир бо амалкардҳои худ, ба обрӯи Эмомалӣ Раҳмон латма задаанд.
Аммо на ҳама бовар доранд, ки чунин чизе сурат хоҳад гирифт.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори мустақили тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар аҳди бештар аз 20 солааш тағйироти умдае дар ҳукумат накардааст ва шояд ин сиёсат ҳамингуна идома кунад. Ба қавли ӯ, баъди оғози ҳар даври нави раёсати ҷумҳурӣ ӯ умдатан, як вазирро ба ҷойи дигар гузошта ва дигариро ба ҷойи ӯ овардааст ва ҳар одами наве, ки омадааст, ё аз афроди вафодор ба худаш будаанд, ё аз ҳалқаҳои наздикаш. Раҷаби Мирзо мегӯяд: «Мардум аз ӯ барқу ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ интизор доранд. Тахмин задан мумкин аст, ки президент Раҳмон тағйирот ё бо ном тағйироте анҷом медиҳад. Шояд нишон додан мехоҳад, ҳадди ақал ин масъала ба он хотир ба вуҷуд омадааст, ки дар худи ҳукумат ихтилофот ва интригаҳои гуногун то авфи аълои худ расидаанд. Мо инро дар мисоли наздикони худи Раҳмон дидем.»
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ба эҳтимоли зиёд, мумкин аст, вазири энергетика ва саноат, раиси «Барқи тоҷик», сардори идораи зиндонҳо, вазири адлияи Тоҷикистон, вазири корҳои дохила ва раҳбарони баъзе аз додгоҳҳо, ки мардум бештар аз онҳо шиква мекунанд, дар рӯйхати ҳукумати нав набошанд.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мутмаин аст, ки дигаргунии кадрӣ дар ҳукумати оянда ба миён меояд, вале на якбора, балки батадриҷ. Аммо ӯ ҳам дигаргунии зиёдеро интизор надорад ва мегӯяд, ки шояд дар ҳукумат аксари аъзои пешинааш бимонанд: «Он вазироне, ки аллакай паҷ сол зиёд кор кардаанд ва вазироне, ки ду се сол кор карда гуноҳе содир кардаанд эҳтимол аз вазифаашон раванд. Ё аз фаъолияти баъзеи дигарашон норозигӣ ба миён омада бошад.»
Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд, шояд бо назардошти синну сол ва фаъолияти тӯлонии баъзе аз мансабдорон, номи онҳо дар ҳукумати нав набошад. Ба унвонии мисол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон ном бурда мешавад, ки ба наздикӣ синнаш ба 64 расид. Ин аст, ки интизор меравад ҷаноби Хайруллоев ба нафақа гусел карда мешавад ва курсиро барои дигарон холӣ мекунад.
Дар сатҳҳои миёнаву поёнӣ ҳам тағйироте шояд ба амал биёяд, ки аъзои ҳукумат ба ҳисоб намераванд. Эмомалӣ Раҳмон, баъди оғози даври раёсати ҷумҳуриаш раисони ноҳияҳоро низ иваз кардааст ва ё ҷояшонро иваз кардааст, ки шикоят аз кори онҳо низ дар байни мардум кам нест.