Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон

Нигоҳи лаҳза ба лаҳза ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аксу видео, хабару гузориш ва вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад – раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ,Толиббек Бухориеваз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудаанд.
11:37 6.11.2013
Лаҳзаи раъйдиҳии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва номзад аз Ҳизби халқӣ демократӣ Эмомалӣ Раҳмон.
11:32 6.11.2013
Эмомалӣ Раҳмон таҳти чораҳои амниятӣ раъй дод

Раисҷумҳурии феълии Тоҷикистон ва номзади аслӣ дар интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон субҳи 6 ноябр якҷо бо аҳли хонаводааш дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе райъ дод. Ҷараёни раъйдиҳии раисиҷумҳур ба фарқ аз солҳои гузашта бидуни ҳузури хабарнигорон гузашт. Тавре хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд, ҷараёни овоздиҳии президент Раҳмон таҳти чораҳои амниятӣ сурат гирифт. Ин дафъа ба фарқ аз интихоботи қаблӣ ҳарду тарафи роҳи хиёбони Рудакӣ таҳти назорати шадиди пулис қарор дошт ва ҳаракати нақлиёт ва одамҳо дар ин масир комилан қатъ шуда буд.

Чораҳои амниятӣ дар даромадгоҳи ҳавзаи интихоботӣ низ шадид буд ва ҳар як раъйдиҳанда бо дастгоҳи махсуси амниятӣ тафтиш мешуд. Хабарнигори Озодӣ дар корвони мошинҳои раиси ҷумҳур ҳамчунин мошини замонавиеро мушоҳида кард, ки ба назар мерасад. барои таъмини амнияти президент бо васоили иртиботи моҳвораӣ муҷаҳҳаз буд.

Ин чаҳорумин ва тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон охирин давраи раёсати президент Раҳмон аст, ки зимоми қудратро 21 сол боз дар даст дорад.

Мақомот сабаби лағви ҳузури хабарнигорон дар ҷараёни раъйдиҳии президент ва таҳкими чораҳои амниятиро шарҳ надоданд ва хабарнигорон, ки аз пеш барои раисиҷумҳур суолҳо омода карда буданд, натавонистанд бо оқои Раҳмон пеш ё баъд аз раъй доданаш рӯ ба рӯ шаванд.

Пахши мустақими ҷараёни раъйдиҳии мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳур аз субҳи барвақти чаҳоршанбе аз шабакаҳои телевизонии давлатӣ идома дорад.«Шабакаи аввал»,»Ҷаҳонамо», ва «Сафина» бо гузоришҳои мустақим ҷараёни раъйдиҳӣ дар манотиқи мухталифро инъикос мекунанд.
11:30 6.11.2013
Шабакаҳои телевизионӣ аз интихоботи президентии Тоҷикистон хабару гузоришҳо медиҳанд:

11:26 6.11.2013

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG