Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон

Нигоҳи лаҳза ба лаҳза ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аксу видео, хабару гузориш ва вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад – раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ,Толиббек Бухориеваз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудаанд.
11:25 6.11.2013
11:23 6.11.2013
11:22 6.11.2013
Номзади демократҳо мегӯяд, 50 дар сад ба ӯ овоз хоҳанд дод

Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон
Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон



Саидҷаъфар Исмонов, номзади раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизби демократ умедвор аст, ки 50 дар сади раъйи мардумро ба даст хоҳад овард.

Ҷаноби Исмонов, ки соати 10:00 субҳ дар маркази райъдиҳии шумораи 2, воқеъ дар бинои Иттифоқи нависандагон ҳамроҳ бо аҳли хонавода ва иддае аз аъзои ҳизбаш пойи сандуқи раъй рафт, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки интихоботи феълӣ аз интихоботҳои қаблӣ ба кулли фарқ мекунад ва ширкати фаъоли мардум дар марказҳои раъй дида мешавад.

Вай гуфт, ки «бовар дорад, интихобот ба таври демократӣ, шафоф ва озод баргузор хоҳад шуд.»
11:20 6.11.2013
То ин соат 40 дар сади интихобкуннадагон пои сандуқҳои раъй рафтаанд

Куммиссиюни Марказии интихоботи Тоҷикистон эълолн кард, ки то кунун 40 дар сади интихобкунандагон дар интихоботи президентӣ ширкат карданд.

Шермуҳаммади Шоҳиён , раиси КМИРТ гуфт, ки «то соати 10:00 дақиқа, беш аз 1 миллиону 690 ҳазор интихобкунанда дар интихобот ширкат карданд, ки ин 40,1 дар сади кулли раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.

Ҷаноби Шоҳиён гуфт, ки КМИРТ ҳар чор соат натиҷаи ширкати интихобкунадагон дар интихоботи президентиро эълон хоҳад кард.

Ба ин тартиб ба гуфтаи раиси КМИРТ, ин ниҳоди интихоботӣ соати 14.00 ба вақти Душанбе низ натиҷаҳои ширкати интихобкунандагон дар интихоботи президентиро натиҷагирӣ ва эълон хоҳад кард.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG