Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гепотити "А" дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шумори мубталоёни бемории зардпарвин ва ё гепотити "А" дар кишвар 20 дарсад афзоиш ёфта, ба 7,5 ҳазор расидааст. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии вазорати тандурустӣ рӯзи чоршанбе, 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин беморӣ дар ҳар панҷ сол хуруҷ мекунад ва имсол 85 дарсади мубталоёни зардпарвин кӯдакони то 14 сола ҳастанд. Ҳарчанд ин масъули вазорати тандурустӣ омори фавтидагон аз бемории зардпарвинро нагуфт, аммо ба гуфтаи ӯ, «хушбахтона аз ин беморӣ ҳолатҳои фавт ками дар кам ба қайд гирифта мешавад». Ҳамчунин, ин масъули вазорати тандурустӣ, омили аслии мубтало ба зардпарвинро истифода аз обҳои олуда ном бурд.
XS
SM
MD
LG