Дар чанд ҷумла
Зилзила дар Филиппин боиси марги беш аз 30 кас шуд
Маркази заминларзаи нерӯяш 7,2 дараҷаи Рихтер, ки рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваст, ҷазираи Бохол буд. Дар ин ҷазира дасти кам 16 нафар кушта ва беш аз сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Шиддати заминларза дар ду ҷазираи дигар – Себу ва Сикихора низ қавӣ буд. Дар Себу, ки аз манотиқи дӯстдоштаи сайёҳон маҳсуб мешавад, 15 нафар дар дар Сикихора як кас ҷон бохтаанд.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки аз офати табиӣ ҳам ибодатгоҳҳои қадима ва ҳам биноҳои муосир осеб дидаанд. Бар асари ярч баъзе аз қитъаҳои роҳҳои мошингард хароб ё масдуд шудаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Як ниҳоди Тоҷикистон фармони Путинро дар бораи муҳоҷирон шарҳ дод
Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия як фармони президент Владимир Путинро дар бораи муҳоҷирон шарҳ дод.
Фармон рӯзи 30-юми декабри соли 2024 имзо шудааст.
Тибқи он, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, бояд ҳарчи зуд санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд. Барои анҷоми ин кор то охири апрели соли 2025 муҳлат додаанд.
Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат аз шартҳои асосист. Ҳамчунин, муҳоҷирон набояд аз пули телефону пардохти ҷарима ва хадамоти дигари давлатӣ қарздор бошанд.
Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-юми январ гуфт, ин фармон афв нест, вале “агар дуруст татбиқ шавад, барои баъзе аз муҳоҷирон имконияти хуб барои танзими вазъи ҳуқуқиашон хоҳад буд”.
Ин талаб ба онҳое, ки барои хидмати ҳарбӣ дар Русия қарордод бастаанд, дахл надоштааст.
Пештар рӯйхати 120 ҳазор зодаи Тоҷикистон нашр шуд, ки дар қаламрави Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд ва ба онҳо ихроҷ таҳдид мекунад.
Сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус” дар баҳори соли 2024 шиддат гирифт. Аксари гумонзадҳо, ба иттилои мақомоти Русия, зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Ин рухдод на танҳо боис ба авҷи бегонаситезӣ дар Русия шуд, балки сабаби чанд маҳдудияти қонунӣ гашт.
Додситонии Туркия парвандаи вобаста ба "Крокус"-ро ба додгоҳ фиристод
Додситонии Туркия алайҳи панҷ хориҷӣ, ки ба қавли муфаттишон бо тоҷикони гумонзад ба ҳамла ба толори "Крокус"-и Русия тамос доштаанд, айбнома эълон кард.
Хабаргузории расмии "Анадолу" рӯзи 2-юми январ навишт, ин афрод ба узвият дар ДОИШ ё гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" муттаҳам ҳастанд.
Ба Ҳофизҷон Усмонов, Мутеулло Асоев, Раҳматулло Солиҳов, Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳамза Муҳаммад то понздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад. Мақомоти Туркия шаҳрвандии онҳоро ошкор накарданд, вале расонаҳо Муҳаммадраҳим Файзовро зодаи Тоҷикистон навиштанд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Муҳаммадраҳим Файзов бародари Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус" дар Маскав аст. "Ӯ 29-сола аст. Баъд аз ду ҳафтаи ҳамла ба "Крокус" дар Туркия боздошт шудааст," – гуфт як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми январ. Иттилои аз ин бештар феълан дастрас нест.
Ба гузориши "Анадолу", Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳофизҷон Усмонов бо Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин, ду гумонзади ҳамла ба “Крокус”, тамоси мустақим доштанд.
Манбаъ мегӯяд, Муҳаммадраҳим Файзов рӯзи 5-уми январи соли 2024 ҳамроҳи Саидакрам Раҷабализода вориди Туркия шуда, Ҳофизҷон Усмонов бо Фаридуни Шамсиддин дар як хона дар Истанбул зистааст.
Мавқеи дастгиршудаҳо маълум нест.
Бибисоро Ашӯрова, ҳамсари Саидакрам Раҷабализода, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ дар оғози моҳи январи соли 2024 бо нияти сафар ба Русия аз хона рафт.
Нашрияи туркии "Ҳуррият" моҳи марти соли 2024 хабар дод, ки Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин чанд ҳафта дар Истанбул буда, рӯзи 2-юми март ба Маскав рафтаанд. Фаридуни Шамсиддин дар бозпурсӣ гуфтааст, барои санадҳояш бояд аз Маскав берун мешуд ва аз ин рӯ ба Истанбул рафту баргашт.
Муфаттишони Туркия гуфтаанд, яке аз боздоштшудаҳо ба ивази бомбгузорӣ дар маркази тиҷоратии “Вегас” дар канори Маскав низ 800 ҳазор рубл (беш аз 7 ҳазор доллар), ҳуҷҷати нав ва манзили муваққатӣ дар Беларус пешниҳод кардааст. Фурӯшгоҳи “Вегас” дар як бино бо “Крокус Сити Ҳолл” ҷойгир аст.
Ҳамаи ин афрод пас аз ҳамлаи маргбор ба "Крокус" дастгир шудаанд. Мақомот гуфтаанд, онҳо талош доштанд, аз Туркия ба Эрон ва бархе сипас ба Афғонистон бираванд.
Додгоҳи Истанбул парвандаро пазируфтааст, вале рӯзи муҳокима ҳанӯз маълум нест.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд, вале то кунун шубҳаву суолҳо боқӣ мондааст.
Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад. Баъзе аз гумонзадҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.
Хулосаҳои нахустин дар бораи марги садҳо саги дарёӣ дар Қазоқистон
Донишмандон дар Қазоқистон хулосаҳои нахустини таҳқиқро дар бораи марги садҳо тюлен ё саги дарёӣ нашр карданд.
Тирамоҳи соли 2024 дар соҳилҳои Баҳри Хазар ё Каспий дар ҳудуди вилояти Манғистауи Қазоқистон марги дастҷамъии сагҳои дарёӣ сабт шуд.
Аз моҳи октябр то декабри 2024 ҷасади тақрибан 2 ҳазор саги дарёӣ ёфтанд.
Ба маълумоти Озмоишгоҳи илмӣ дар Алмато, ҷонварон аз уфунати роҳҳои нафас ва мағзи сар ҷон додаанд.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми январ аз қавли Ойдин Қидирманов, мудири озмоишгоҳи экологияи вирусҳо, навишт, "ин навъи нави вирус аст. Он боиси пайдо шудани уфунати сирояткунанда дар миёни ҷонварони баҳрӣ мешавад".
Қидирманов афзудааст, аксар сагҳои дарёии мурда мода ва ҳомила буданд.
Ӯ фарзияи заҳролудшавии ҷонваронро рад кард.
Таҳқиқи марги сагҳои дарёӣ дар Пажӯҳишгоҳи гидробиология ва экологияи Қазоқистон низ давом дорад.
Дороии 500 шахси сарватмандтарини сайёра дар соли 2024 афзудааст
Дороии 500 шахси сарватмандтарини сайёра дар соли 2024 аз 10 триллион доллар ҳам гузашт.
Дар ин бора хабаргузории Bloomberg рӯзи 2-юми январ хабар дод.
Ин пул бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилии якҷояи Олмон, Ҷопон ва Австралия дар соли гузашта баробар аст.
Се шахси бойтарини ҷаҳон Илон Маск – молики Tesla ва SpaceX, Ҷефф Безос – муассиси Amazon ва Марк Тсукерберг – раҳбари ширкати Meta мебошанд.
Ҳашт намояндаи пешгоми соҳаи фанновариҳо дар умум дар давоми як соли гузашта 600 миллиард доллар ба даст овардаанд.
Ба навиштаи Bloomberg, Илон Маск ба шарофати наздикиаш бо президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп тавонист қисми калони даромади ширкатҳояшро таъмин кунад.
Дар давоми як сол дороиҳои Маск 213 миллиард доллар афзуда, дар умум аз 442 миллиард доллар гузашт.
Булғористон ва Руминия узви комилҳуқуқи Шенген шуданд
Булғористон ва Руминия аз аввали соли 2025 узви комилҳуқуқи ҳавзаи Шенген шуданд.
Ин тасмим сайру сафари озод ва бевизаи мардумро дар қаламрави кишварҳои узв имкон медиҳад.
Мақомоти Булғористон ва Руминия гуфтанд, посгоҳҳои марзиро бо давлатҳои дигари аврупоӣ мебардоранд.
Ҳарду кишвар дар соли 2007 узви Иттиҳоди Аврупо шуда, аммо бо сабаби мухолифатҳои Австрия қабули онҳо ба ҳавзаи Шенген тӯл кашид.
Австрия мегуфт, ин ду кишвар барои мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ талоши кофӣ намекунанд.
Ҳавзаи Шенген дар ҳоли ҳозир шомили 27 кишвар аст.
Теъдоди қурбониёни тирпаронӣ дар Монтенегро ба 12 кас расид
Шумори қурбониёни тирпаронӣ дар шаҳри Тсетине дар Черногория ё Монтенегро ба 12 нафар расид. Ду нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Чор каси дигар маҷруҳ шудааст.
Шумори қурбониёни тирпаронӣ дар шаҳри Тсетине дар Черногория ё Монтенегро ба 12 нафар расид. Ду нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Чор каси дигар маҷруҳ шудааст.
Ҳодиса рӯзи 1-уми январ рух дод.
Бахши Балкании Радиои Озодӣ бо такя ба вазири корҳои дохилии Черногория, Данило Шаранович, хабар дод, ки гумонбари ҳамла Атсо Мартинович даст ба худкушӣ зад.
Муфаттишон гуфтаанд, Мартинович аввал чор касро дар як ошхона дар маркази шаҳр кушт ва сипас ба гӯшаҳои дигари шаҳр рафта, чанд узви хонаводаи худро ба қатл расонд.
Мақомоти полис гуфтанд, ҷиноят ба ихтилофҳои эҳтимолии миёни гурӯҳҳои ҷиноӣ рабт надорад.
Таҳқиқ сар шудааст.
Аз 2 то 4-уми январ дар Черногория ё Монтенегро мотами миллӣ эълон шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ паём надод?
Бархилофи солҳои гузашта, паёми табрикии президенти Тоҷикистон ба муносибати Cоли нави 2025 пахшу нашр нашуд.
Тибқи маълумоти сомонаи президент, Эмомалӣ Раҳмон одатан шоми 31-уми декабр мардумро бо соли нав табрик мекард. Паёми шодбошии ӯ аз соли 2000-ум дар ин вебсайт маҳфуз аст.
Дар охирин рӯзи соли 2024 ва ҳам 1-уми январи 2025 на дар сомонаи президент ва на расонаҳои давлатӣ паёми табрикие аз номи Эмомалӣ Раҳмон нашр нашуд.
Дафтари матбуоти президент ҳанӯз дар ин бора шарҳе надодааст.
Эълони номи ҳамлавар ба издиҳоми мардум дар Ню Орлеани Амрико
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро эълон карданд, ки бо мошин одамонро дар шаҳри Ню Орлеани Амрико пахш кард.
CBS News бо такя ба ду манбаъ дар мақомоти федеролии Амрико навишт, ҳамлавар Шамсуддин Ҷаббор ном дорад. Ин мард бо оташи ҷавобии пулис кушта шудааст.
Субҳи 1-уми январ дар пайи бархӯрдани як мошини борбар ба издиҳоми одамон дар 10 кас кушта ва 30 нафар захмӣ шуд. Сабабу ангезааш маълум нест. Ҳодиса дар ҷануби аёлати Луизиана иттифоқ уфтод. Замоне ки мардум фаро расидани соли нави 2025-ро таҷлил мекарданд.
Баъзе аз шоҳидон гуфтаанд, ронанда ҳамчунин ба сӯйи одамон тир холӣ кард. Нерӯҳои пулис оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Ҳокими Луизиана ҳодисаро "амали даҳшатбор" ва шаҳрдори Ню Орлеан "амали террористӣ" номиданд. Мақомот гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Маълумот дар бораи як кон дар ВМКБ фош мешавад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон амр додааст, ки маълумот дар бораи кони Икар дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ошкор карда шавад.
Дар матни амри президент, ки Радиои Озодӣ 2-юми январ бо он шинос шуд омадааст, “бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нав барои коркарди кон” маълумот дар бораи кони Икар дигар “ғайримахфӣ гардонида шавад.”
Кони Икар дар 60-километрии шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, асосан ҳамчуни кони волфрам шинохта мешавад. Тибқи маълумотҳои боз, дар ин кон захираи фаровони кобалт низ мавҷуд аст. Эҳтимол дар ин кон тило ва мис ҳам бошанд.
Истихроҷи маъданҳои табиӣ барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим ба назар мерасад. Калонтарин конҳои кишвар азҷумла, конҳои тило ва нуқра бо сармояи Чин истихроҷ мешаванд.
Порлумон созишнома бо як ширкати чиниро қабул кард
Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон созишномаи ҳукумат бо як ширкати чиниро қабул кард.
Ҳукумат созишномаро бо ширкати “Иттифоқи Бародарон” дар аввали моҳи октябри соли 2024 ба Маҷлиси намояндагон фиристода буд.
Бар асоси ин созиш, ширкати "Иттифоқи Бародарон" акнун ҳақ пайдо кард, ки дар канори рӯдхонаи Муқсу, калонтарин шохоби дарёи Сурхоб, маъданҳои табиӣ ҷустуҷӯ кунад. Шаст дарсади саҳмияҳои ширкат ба Ли Хоуфу, шаҳрванди Чин, тааллуқ дорад.
Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Иттифоқи Бародарон" барои панҷ сол имзо шудааст.
Тибқи он пешбинӣ шудааст, ки “Иттифоқи Бародарон” барои ёфтани маъдан 20 миллион доллар сармоягузорӣ кунад ва дар иваз ҳукумати Тоҷикистон ба ширкат имтиёзҳои зиёде додааст.
Аз ҷумла, "Иттифоқи Бародарон" дар панҷ соли оянда ҳақ дорад, дастгоҳҳоро бе пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт аз арзиши иловашуда ба Тоҷикистон орад. “Иттифоқи Бародарон” ҳамчунин аз пардохти нисфи андоз барои ширкатҳо (шахсони ҳуқуқӣ) озод шудааст.
Ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистон ҳузури густурда доранд ва кори онҳо нигаронии баъзе сокинони маҳаллиро ба миён овардааст.
Зодаи Файзободро, ки дар суқути ҳавопаймо ҷон бохт, ба хок месупоранд
Зиннатулло Саъдуллоев, тоҷике, ки дар садамаи ҳавопаймои Озарбойҷон ҳалок шуда буд, имрӯз, 2-юми январ дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод ба хок супорида мешавад.
Яке аз дӯстони марҳум ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими видоъ соати 10 дар маркази ноҳияи Файзобод баргузор мешавад.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҷасади Зиннатулло Саъдуллоевро рӯзи гузашта ба Душанбе оварданд. Саъдуллоев 29 сол дошт ва соҳиби як фарзанд буд. Ҳамсараш мунтазири фарзанди дуюм буд.
Ба гуфтаи наздиконаш Зиннатулло Саъдуллоев аз соли 2020 шаҳрвандии Русияро дошт ва дар Русия таксӣ меронд ва дар ошхонае кор мекард.
Ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines", ки рӯзи 25-уми декабр аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар ҷануби Қазоқистон суқут кард. Мақомот гуфтанд, аз 67 мусофир ва сарнишин 38 кас ҷон бохт.
Ба ҷуз Зиннатулло Саъдуллоев дар ин ҳавопаймо як зодаи дигари Тоҷикистон Субҳонқул Раҳимов ҳам буд. Ӯ аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд.
Дар ҳодисае дар Ню Орлеан 10 кас кушта шуд
Дар пайи бархӯрдани як мошини борбар ба издиҳоми одамон дар шаҳри Ню Орлеани Амрико 10 кас кушта ва 30 нафар захмӣ шуд. Сабабу ангезааш маълум нест.
Ҳодиса субҳи 1-уми январ дар ҷануби аёлати Луизиана иттифоқ уфтод. Замоне ки мардум фаро расидани соли нави 2025-ро таҷлил мекарданд.
Баъзе аз шоҳидон гуфтаанд, ронанда ҳамчунин ба сӯйи одамон тир холӣ кард. Нерӯҳои пулис оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Пулиси Ню Орлеан дар изҳороте ба шабакаи амрикоии CBS хабарро тасдиқ кард.
Волии Луизиана ҳодисаро "амали даҳшатбор" ва шаҳрдори Ню Орлеан "амали террористӣ" номиданд.
Мақомот гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Як кушта ва ҳафт захмӣ. Ҳамлаи Русия дар шаби Соли нав ба Киев
Русия шаби гузашта бо даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) ба Украина ҳамла кардааст.
Мақомоти Украина рӯзи якуми январ гуфтанд, ки аз 111 паҳподи Русия беш аз 60-тояшро аз байн бурданд.
Дар шаҳри Киев як кас кушта, ҳафт нафари дигар захмӣ шуд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, гуфт, як бинои истиқоматӣ қисман вайрон гардид.
"Русия ҳатто дар остонаи Соли нав танҳо дар фикри он буд, ки чӣ гуна ба Украина зарар расонад," -- гуфт Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар Telegram.
Поёни ҷанг ва афзоиши нархи биткоин. Пешбинии як маҷаллаи бритониёӣ
Маҷаллаи бритониёии "Financial Times" пешбиниҳои худро барои соли 2025 нашр кард.
Рӯзноманигорони маҷалла пешбинӣ кардаанд, ки сулҳ миёни Русия ва Украина имконпазир ҳаст, вале бо таҳримҳои зиёдтар ва фишори бештари Амрико.
Ба андешаи муаллифони гузориш, Киев мумкин аст дар ивази тазмин ё кафолати амниятӣ аз баъзе заминҳояш даст кашад.
Маҷалла дар бахши иқтисод пешбинӣ кардааст, ки бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед метавонад ба “ҷанги иқтисодӣ” доман занад.
Ба пешбинии "Financial Times", Трамп ба эҳтимоли зиёд барои молҳои Чин, маҳсулоти Мексика ва Канада боҷи гумрукиро зиёд мекунад.
Дар гузориш омадааст, арзиши асъори рақамӣ ё криптовалют дар соли 2025 метавонад то 200 ҳазор доллар боло равад. Ҳукумати нави Амрико аз ин навъи асъор пуштибонӣ мекунад.
Духтари афғонистониро баъди шикояташ аз Тоҷикистон "рондаанд"
Мақомоти Тоҷикистон Тамкини Меҳробиддин, як паноҳҷӯи афғонистониро, ки қаблан аз хушунати хонаводагӣ шикоят дошт, аз кишвар ихроҷ (депорт) кардаанд.
Ин духтар рӯзи 19-уми ноябри соли 2024 бо гиря дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфт, ки шаҳрванди Афғонистон аст ва як ҳамватанаш ӯро дар Тоҷикистон озору азият медиҳад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе он замон эълон кард, ки Тамкини Меҳробиддин 24-сола аст ва ҳамсари марде, ки алайҳи ӯ шикоят кардааст. Дигар чизе нагуфтанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон Тамкини Меҳробиддинро 17-уми декабри соли 2024 ба Афғонистон ихроҷ кардаанд. Шарҳи расмӣ феълан дастрас нест.
Тамкини Меҳробиддин рӯзи 31-уми декабри 2024 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот бе шарҳи зиёд ӯ, хоҳар ва бародарашро аз хонаашон дар шаҳри Ваҳдат гирифта, ба гузаргоҳи Панҷ бурданд ва ба Афғонистон пеш карданд.
Ба нақли ӯ, мақомот сабаби ихроҷи ӯро ба он рабт додаанд, ки "ҳам раводиди Тоҷикистон ва ҳам корти паноҳандагӣ дорад".
"Чанд намояндаи мақомот ба хонаи мо омада, гуфтанд, ки барои тафтиши ҳуҷҷатҳо бояд ба Душанбе равем. Ҳатто иҷоза надоданд, ки либосҳоямонро дигар кунем. Соати 8-и бегоҳ ба марз оварданд, хоҳарам хеле зорӣ кард, ки ихроҷ накунанд, мо касе надорем. Кормандони мақомот гуфтанд, бародаратон шуморо дар он тарафи марз интизор аст. Апаам ҳайрон шуд, ки чӣ хел бародар? Мо ака надорем. Бо вуҷуди зораву таваллои мо кормандони мақомот гуфтанд, ки супоришро иҷро мекунанд," -- афзуд Тамкин Меҳробиддин.
Назари мақомот дар ин масъала феълан маълум нест. Дар сурати дастрас шудани шарҳи расмӣ дар матлаб илова мешавад.
Шикояти қаблии Тамкин Меҳробиддин дар бораи озору азият вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграм, ба миён овард ва корбарон аз мақомот хостанд, қазияро таҳқиқ кунанд.
Қатъи интиқоли гази Русия ба Аврупо. Созишнома нав мешавад?
Ширкати русии "Газпром" рӯзи 31-уми декабри 2024 ба коҳиши интиқоли газ ба Аврупо (аз тариқи хоки Украина) сар кард. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерс" иттилоъ дод.
Рӯзи 1-уми январ созишнома барои интиқоли гази Русия аз тариқи Украина ба анҷом расидааст.
Намояндагони идораи гази Украина хабар доданд, ки “Газпром” барои тамдиди созишнома дархости нав надод. Киев пештар аз музокирот барои идомаи транзити гази Русия ба Аврупо худдорӣ карда буд.
Президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки бастани созишномаи нав дар бораи интиқоли газ ба Аврупо то оғози соли 2025 ғайримумкин аст.
Словакия ва Австрия, муштариёни асосии гази Русия дар Аврупо, аллакай аз манбаъҳои дигар гази мавриди ниёзи худро таъмин кардаанд. Барои ҳамин, баъзе аз таҳлилгарон гуфтаанд, қатъи газ аз тариқи Украина ба бозори Аврупо таъсири зиёде надорад.
Аз соли 2022 ва баъди ҳамлаи бедалели Маскав ба Украина, кишварҳои аврупоӣ гази Амрико, Норвегия ва Қатарро ҷойгузини гази Русия кардаанд.
Сабабҳои суқути ҳавопаймои озариро баъд аз як моҳ мегӯянд
Натиҷаи аввалини таҳқиқот дар бораи суқути ҳавопаймои "Озарбойҷон Эйрлайнз" то 30 рӯзи дигар эълон хоҳад шуд.
Талгат Ластаев, муовини вазири нақлиёти Қазоқистон, гуфт, корҳои саҳроии таҳқиқот анҷом шуда, боқимондаҳои ҳавопайморо дар анбори махсусе дар фурудгоҳи Оқтау нигоҳ медоранд.
Баъзе аз коршиносони хориҷӣ, аз ҷумла аз Созмони байнулмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ аз Бразилия барои таҳқиқи ҳодиса вориди Қазоқистон шудаанд.
Қарор аст, қуттии сиёҳи ҳавопайморо низ барои таҳқиқ ба Бразилия фиристанд. Кишваре, ки ҳавопаймоҳои навъи Embraer истеҳсол мекунад.
Ҳавопаймои ширкати "Озарбойҷон Эйрланз", ки рӯзи 25-уми декабр аз шаҳри Боку ба Грозний парвоз дошт, дар фазои Русия осеб дида, дар наздикии шаҳри Оқтау дар Қазоқистон суқут кард.
38 нафар ҷон бохта, 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми декабр аз ҳамтои озариаш Илҳом Алиев барои суқути ҳавопаймои ширкати озарӣ узр пурсид.
Баъди гузориши Радиои Озодӣ даҳ муҳоҷири тоҷик аз ғуломӣ озод шудаанд
Даҳ муҳоҷири тоҷик, ки дар як фермаи говпарварӣ дар минтақаи дурдасти Магадани Русия, ба гуфтаи худашон, ғуломвор кор мекарданд, баъди гузориши Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ наҷот дода шудаанд.
Ин гуруҳи муҳоҷирон дар як паёми видеоӣ ба Вазорати меҳнат ва бахши Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ миннатдорӣ кардаанд, ки онҳоро баъди се моҳ аз меҳнати сангини ғуломӣ озод карданд. Муҳоҷирон дар ин навор мегӯянд, онҳоро ба утоқи гарм оварданд ва бо ғизо таъмин ҳастанд.
Ин муҳоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди раҳо шудан аз шароити сахт то ҳол натавонистанд маоши худро бигиранд. Онҳо аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷират дархости кӯмак доранд.
Ин муҳоҷирон аввали моҳи декабр аз шароити сахташон дар як фермаи говпарварӣ ба бахши Мигрант медиаи Радиои Озодӣ шикоят карда буданд. Онҳо гуфтанд, дар сардиҳои тоқатфарсо кори вазнин мекунанд, вале на хӯроки хуб доранд ва на маош мегиранд. Соҳиби ферма шиносномаашонро гирифта, ҳузури онҳоро қонунӣ накардааст. "Мигрант Медиа" борҳо талош кард, бо ӯ тамос гирад ва мавқеашро ба қазия пурсад, вале то ин дам бенатиҷа буд.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шароити ғуломӣ гирифтор мешаванд.
Навор дар Инстаграм:
"Ангур 130, қулфинай 200 сомонӣ." Ҳолу ҳавои бозорҳои Душанбе пеш аз Соли нав
Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки дар арафаи иди Соли нав дар шаҳри Душанбе нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла меваҳо, якбора гарон шудааст.
“Як кило ангур (манзур ангури воридотӣ)-ро 130 сомонӣ мегӯянд. Ин чӣ гап аст? Як кило қулфинай 200 сомонӣ. Пештар 60 сомонӣ буд. Хуб, мегуфтем, ки дар гармхона парвариш меёбад. 200 сомонӣ бисёр бад аст. Нархҳоро хеле гарон кардаанд”, - изҳор дошт Парвина Ҷумаева рӯзи 31-уми декабр.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳарчанд нархҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар арафаи иди Соли нав боло рафтаанд, на ба андозае, ки ҳоло ӯ дар Душанбе шоҳид шудааст.
Аскаралӣ Ғоибов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва меҳмони пойтахт, низ назари ҳамсон дорад: “Ман маҳсулоти дигарро напурсидаам. Аз деҳот ҳастам, ҳамин об дар онҷо 12 сомонӣ аст. Дар инҷо ба 13 сомонӣ харидаам. Дар ҳоле ки инҷо макони яклухтфурӯшӣ асту мардум аз ҳамин ҷо мебаранд.”
Тоҷирон, баръакс, мегӯянд, нархи маҳсулот дар арафаи Соли нав тақрибан тағйир наёфтааст. Наҷибулло Заҳмат рӯзи 30-юми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, меваҳояшро бо нархе мефурӯшад, ки чанд рӯз пеш мефурӯхт.
“Чи хеле буд, ҳамон хел аст. Ҳеч тағйир наёфтааст. Мандарин 40 сомонӣ буд, ҳол ҳам 40 сомонӣ”, - илова кард вай.
Шикоятҳо аз гароншавии нархи молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон дар арафаи иду ҷашнҳо зиёд садо медиҳад. Ҳарчанд мақомот дар ин рӯзҳо ярмарка ва намоишгоҳҳои фурӯши маҳсулот баргузор мекунанд, аммо сокинон чунин тадбирҳоро барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо муассир намедонанд.
Амалиёти Фаронса ба зидди ДОИШ дар Сурия
Фаронса ба маконҳои гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дар Сурия бо мушак зарба задааст.
Себастян Лекорню, вазири мудофиаи Фаронса, дар ин бора рӯзи 31-уми декабр хабар дод.
Ӯ гуфт, ки амалиёти зидди ҷангҷӯён рӯзи якшанбе, 29-уми декабр, анҷом шуд.
Аз он пеш ҳамлаи мушобеҳ аз тарафи Амрико сурат гирифт. Дар ҷараёни амалиёти Вашингтон чанд ҷангҷӯйи ДОИШ кушта шудаанд.
Хабаргузории "Рейтерс" менависад, пас аз суқути режими Башор Асад ояндаи сиёсии Сурия номуайян мемонад.
Ҳукумати ӯ рӯзи 8-уми декабр аз тарафи нерӯҳои шӯришӣ таҳти раҳбарии “Таҳрир аш-Шом” (Амрико ва кишварҳои дигар террористӣ медонанд) сарнагун карда шуд.
Ҳукми волидони як навраси 13-сола дар Белград
Додгоҳе дар Белград волидони як навраси 13-соларо ба зиндон маҳкум кард.
Ин наврас соли гузашта 9 хонанда ва посбони мактабро бо зарби тир кушт.
Ҳукм рӯзи 30-юми декабр содир шуд.
Бар тибқи он, Владимир Кечманович 14 сол ва Миляна Кечманович се сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд.
Владимир Кечмановичро ба "ҷинояти вазнин алайҳи амнияти ҷомеа, бепарвоӣ ва суистифода аз ноболиғ" гунаҳкор донистанд.
Миляна Кечманович ба бепарвоӣ муттаҳам шуд.
Вакилони мудофеъ эътироз карданд.
Додситон Ненад Стефанович гуфт, аз ҳукм розист, ҳарчанд оқибатҳои фоҷиабори ҷиноятро ҷуброн намекунад.
Бонги хатар дар Украина; зарба ба як анбори нафт дар Русия
Нерӯҳои Русия рӯзи 31-уми декабр бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба минтақаҳои мухталифи Украина ҳамла кардаанд.
Дар ин рӯз дар пойтахти Украина садои таркиш шунида шуда, дар Черниҳов, Суми, Полтава, Луҳанск, Днепропетровск, Запорожйе, Черкаси, Кировоҳрад ва Виннитса бонги хатар садо дод.
Сергей Попко, раиси маъмурияти низомии Киев, гуфт, боқимондаҳои як мушаки Русия дар ноҳияи Дарнитский ба се бино ва ду мошин зарар расонд.
Ҳамлаҳои Русия дар шаҳри Шосткаи вилояти Суми ба 12 бинои истиқоматӣ ва ду мактаб осеб расонда, чанд иншооти дигарро вайрон кард.
Дар ҳамин ҳол, ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ рӯзи 31-уми декабр ба як анбори нафт дар ноҳияи Яртсевои вилояти Смоленски Русия зарба задаанд.
Амрико рӯзи 30-юми декабр бастаи нави кумакҳоро ба арзиши дуним миллиард доллар ба Украина эълон кард.
Дертар Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки бар илова барои дастгирии буҷаи ба Украина 3,4 миллиард доллар медиҳад.
Табодули асирон байни Украина ва Русия
Русия ва Украина рӯзи 30-юми декабр даври нави табодули асиронро анҷом доданд. Гуфтугӯ барои иваз кардани асирон бо миёнравии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гузаштааст.
Ду тараф дар бораи шумораи асирони ивазшуда рақамҳои гуногун гуфтаанд.
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки табодул бо ҳисоби баробари "150 ба 150" анҷом шуд.
Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфтааст, ба ин кишвар на 150, балки 189 асир баргардонда шуд.
Дар миёни онҳо, ба гуфтаи Зеленский, низомиён ва ҳамчунин ду шаҳрванди мулкӣ буданд, ки ҳангоми тасарруфи Мариупол ба асорат афтиданд.
Вазорати дифои Русия гуфтааст, низомиёни озодшудаи ин кишвар ба Беларус оварда шуданд ва дар онҷо барояшон кумаки пизишкӣ расонда шуд.
Аз замони оғози ҷанги Русия алайҳи Украина ду кишвар чанд дафъа асиронро иваз кардаанд.
Путин имзо кард. Қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактаб мушкил шуд
Президенти Русия Владимир Путин ба қонуне имзо кард, ки қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактаб мушкил мекунад.
Бар асоси ин санад, ки раиси ҷумҳури Русия 28-уми декабр зераш имзо кард, фарзандони муҳоҷирон танҳо баъди супоридани имтиҳон аз забони русӣ, ба мактаб пазируфта мешаванд. Ин қонун аз 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд.
Агар фарзандони муҳоҷирон аз имтиҳони забони русӣ нагузаранд, ҳаққи таҳсил дар мактабро нахоҳанд дошт. Имтиҳон дар муассисаҳои давлатӣ гирифта мешудааст.
Талаботи дигар ин аст, ки пеш аз пазируфта шудан ба мактаб, қонунӣ будани ҳузури наврас дар Русия санҷида мешавад. Думаи давлатии Русия ин қонунро аввали моҳи декабри имсол қабул карда буд.
Мушкили қабули кӯдакон дар мактабҳои Русияро муҳоҷирони тоҷик ҳам доранд. Ба ин далел ҳам баъзе аз волидони муҳоҷир аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд фарзандонашонро аз худ дур кунанду дар ватан дар тарбияи хешу табор гузоранд.
Соли 2025 нархи патент дар Русия боло меравад
Соли 2025 нархи патент ё иҷозатномаи кор қариб дар ҳама минтақаҳои Русия боло меравад.
Ба гузориши сомонаи расмии "Консультант Плюс", гаронтарин патент дар вилояти Краснодар таин шудааст, ки 17 ҳазор рубл мебошад. Дар ҷойҳои дуввум ва сеюм Челябинск бо 15 ҳазор рубл ва вилояти Твер бо қариб 15 ҳазор рубл ҷой ҷой гирифтаанд.
Арзонтарин патент дар Чеченистон, як ҷумҳурии зертобеи Русия аст, ки ҳамагӣ 3100 рубл таин шудааст. Вале сокинони ин ҷумҳурии воқеъ дар Қафқоз, худашон барои кор ба дигар минтақаҳои Русия мераванд.
Ба гузориши сомонаи "Консультант Плюс", ба истиснои Ҷумҳурии Хакасия, қариб дар ҳама минтақаҳои Русия патент гарон шуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Маскав, ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷик барои кор ба онҷо мераванд, патент аз 7500 то 8900 рубл гарон шуд. Дар вилояти Новосибирск бошад, нархи моҳонаи патентро аз 6300 рубл то 7900 рубл боло бурданд.
Боло рафтани нархи патент барои муҳоҷирон хабари нохуш аст, чун хароҷоти онҳоро зиёд мекунад. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва садҳо муҳоҷирро бо ин гуноҳ ихроҷ карданд.