Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаби 8 ба 9 октябр як гурӯҳи авбош ба манзили сокини ноҳияи Файзобод Дӯстмурод Ҳакимов, ки дар байни мардум бо лақаби Дости Бурут маъруф аст, ворид шуда ,қасди ғорати молу ашёи ӯро кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона ба манзили зисти Дӯстмурод Ҳакимов, сокини ноҳияи Файзобод иттилоъи муфассал дода, мегӯяд, гумонбарон Барзу Ҳакимов - сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Фирӯз Шарипов, Муҳаммад Умаров, Санчимурод Худойбердиев ва Комилҷони Сайфиддинзода ҳдар дохили манзили Дӯстмурод Ҳакимов боздошт шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки Барзу Ҳакимов бо Фирӯз Шарипов, Муҳаммад Умаров ва Санчимурод Худойбердиев ҳанӯз рӯзи 9 сентябр ба шахсони дигари ҳанӯз барои гурӯҳи тафтишотӣ номаълум Маҳмад ва Абдулло занг зада, дар шаҳри Ваҳдат нақшаи ҳамла ба манзили Дӯстмурод Ҳакимовро машварат кардаанд.
Онҳо бо ин мақсад таппончаи бозичагӣ ва чанд корд бо худ гирифта, дар автомашинаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ба самти ноҳияи Файзобод ҳаракат кардаанд. Тибқи натоиҷи таҳқиқи гурӯҳи корӣ, соати яки шаби гузашта бо дастуру пешниҳоди Барзу Ҳакимов ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро ба бар карда, Шарипов Фирӯзро ҳамчун назоратчӣ дар паси дар гузошта, дигарон аз дарвоза вориди манзил ва хонаи хоби Дӯстмурод Ҳакимов мешаванд.
«Онҳо бо таҳдиду зӯроварӣ ба Ҳакимов Достӣ, аз кисаи костюмаш 1700 сомониро гирифта , баъди он аз аз дастони завҷааш Ҳакимова Гулсун ду ангуштарин ва як адад дастпонаи тиллогинро тасарруф намуда, набераи 16-солаи соҳибхона Абдулҳак Ҳакимовро зери мушту лағат қарор дода, маҷбур мекунанд, ки соҳибхона калидҳои сандуқи оҳанини (сейф) дар ҳуҷра бударо ба онҳо диҳанд.Аммо дар ҳамон лаҳза кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ огоҳ шуда вориди мангзил шуда ин афроди ҳамлаварро боздошт мекунанд," - омадааст дар иттилоияи вазорати дохила.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон меафзояд, афроде ки боздошт шудаанд, бо худ таппончаву корду дигар «васоили тарсдиҳанда» доштаанд.Гурӯҳи тафтишотӣ гузориш додааст, ки аз ин афрод 1 адад ангуштарин, 1 адад корд, 1 адад бастаи скотч, 1 ҷуфт дастпӯшаки сохтмонӣ ва автомашинаи тамғаи «Нексия» ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ овозаҳо дар мавриди ба гарав бурда шудани набераи Дӯстмурод Ҳакимовро рад кард. Ин вазорат мегӯяд, ки мақомоти пулис ҳанӯз замони дар дохили манзил будани афроди мусаллаҳ худро ба манзили Дӯстмурод Ҳакимов бо мусоидати ҳамсояҳо ва наздикон ҳамлагаронро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, онҳо феълан таҳти пурсиш қароро доранд.
Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад,ки дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шудааст.
Дӯстмурод Ҳакимов аз шахсиятҳои пурнуфуз дар ноҳияи Файзобод ба шумор рафта, падари вакили Маҷлиси намояндагон Меъроҷиддин Ҳакимов мебошад, ки дар соли 2010 дар интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Файзобод пирӯз шуда буд. Дар интихоботи соли 2006 аз ҳавзаи Файзобод писари дигари ӯ Акбар Ҳакимов вакили парлумон интихоб шуда буд.
Ангезаи ҳамла ба манзили зисти Дости бурутро Вазорати корҳои дохилӣ ғоратгарӣ арзёбӣ мекунад.
Сокинони Файзобод мегӯянд, ки 10 рӯз қабл мағозаи фурӯши гӯшти мурғу тухми Дӯстмурод Ҳакимов, воқеъ дар сари роҳи деҳаи «Кабкрез» низ аз тарафи афроди ношинос оташ зада шуда буд.