Ҳодиса ҳар лаҳза пеши назари Дилором такрор мешавад. Шавҳараш аз давраи кор дар Роғун ба хона баргашта буд, бо модари худ суҳбат мекард ва Дилором машғули корҳои хона буд: «Соат тахминан 17-и бегоҳ буд, очаву бача худашон ҷанг доштанд. Ман аловхона даромадам ва ба онҳо аҳамият надодам. Яке шавҳарам омад ва кордро аз киссаи қафои брюкаш гирифт ва ба шикамам зад, рӯдаҳоям баромад. Баъд ӯ панҷ корди дигар зад. Баъди омадани ҳамсояҳо, ёрии аввал расонданд, баъд беморхона бурданд», -- мегӯяд Дилором.
Дилороми Раҳматулло, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон як сол қабл, дар 20-солагияш аз сари ишқ ҳамсари Акбар Шарифов, сокини ноҳияи Данғара шуд. Акбар ҳатто ба падари Дилором таҳдид мекард, агар духтарашонро ба ӯ надиҳанд, Дилоромро медуздад.
Тӯйи онҳо хуб гузашт ва Акбар дар Роғун кор ёфту ҳафате як бор ба назди оилааш бармегашт. Дилором тахмин мезад, ки дӯстдории онҳо ба модарарӯсаш писанд наомада буд. Ҳар дафъа байни модару писар сари масъалаҳои реза баҳсу кашокаш ба миён меомад: «Бачааш мегуфт, ки ман чанд рӯз дар Роғун кор мекунам, хона меоям, ки камтар истироҳат кунам, лекин модараш мегуфт, ки ту кор намекунӣ. Ёд дорам, вақте маро бо корд зад ва захмӣ кард, ба модараш гуфт, ки "ба хотири гапҳои ту ин корро кардам».
Акбар баъд аз хатми синфи ёздаҳ ба корҳои кироя машғул буд ва бо ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекард. Дилором мегӯяд, ҳарфи баде аз ӯ нашунидааст ва агар ранҷиши байни онҳо пайдо мешуд, зуд мегузашт. Вай ҳанӯз ҳам намедонад, чаро шавҳараш ба шиками ӯ корд зад.
Баъд аз ҳодиса, наздикони шавҳараш Акбарро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ҷой карданд. Вақте Дилором аз захмҳои корд шифо ёфту аз бемористон рухсат шуд ва хабарро шунид, дар ҳайрат монд. Вай мегӯяд, ҳаргиз аз бемории шавҳараш чизе нашунида буд ва ба гумони ӯ, мақсад танҳо аз ҷазо гурезондани ӯст: «Тамоман дар вуҷудаш ягон касал набуд. Бачаи сози саломат буд, намоз мехонд. Дар мактаб ҳам то синфи ёздаҳ хондааст».
Аммо Маҳмад Шарифов, бародари Акбар дар як суҳбати телефонӣ бо Озодӣ бемории рӯҳӣ доштани додарашро тасдиқ кард. Вай гуфт, Акбар бемории руҳӣ дорад ва ҳатто ҳамсараш аз ин хабардор буд. Ба гуфтаи Маҳмад Шарифов ин ҳодиса дар пайи як ҷанҷоли оилавӣ рух додаст, ки шояд сабабаш ҳам бемор будани бародараш аст. «Ӯ касали руҳӣ аст. Эшон оварда хонда буданд. Вақте дар Роғун бо ман кор мекард, ҳамин хел касал шуд, худам гардонда оварда будам. Вақте мулло хонд, каме соз шуда буд, боз чизе шуд, ки ҳамин хел кор кард. Хайр, одами девонакасал, худатон медонед».
Ин дар ҳолест, ки ҷониби ҷабрдида ба бемор будани Акбар Шарифов шубҳа доранд. Ва масъулони Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, ки ин қазияро дунбол дорад, ба қавл аз суханони падари Дилором мегӯянд, нисбати Акбар Шарифов, шавҳари духтарашон парванда боз нашудааст. Зеро пас аз муроҷиати падари ҷабрдида ба мақомот, ӯ чунин як парванди ҷиноӣ дар баробари домодашро пайдо накардаст. Вале масъулини шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ин иддаои падари ҷабрдидаро рад мекунанд. Темур Воҳидов муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз ин қазия огаҳанд ва феълан парвандаро барои баррасӣ ба додсинонии ноҳия ирсол карда тафтиш давом дорад. Ҷаноби Воҳидов дар мавриди гирифтори бемории рӯҳӣ будани Акбар Шарифов гуфт: «Инро духтур муайян мекунад, ки касал аст ё не. Мо дар мавриди беморӣ ягон чиз гуфта наметавонем. Тафтиши парванда идома дорад».
Масъулони маркази боварии Кумитаи кор бо занон мегӯянд, ба хотири расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба ин зан аз мақомоти ҳукумати Кӯлоб дархости вакили дифоъ карданд. Заррина Кенҷаева, равоншиноси маркази боварии ин кумитаи гуфт: «Падари ҷабрдида, ба хотире ки ҷавоби духтарашро гирад, ба беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ рафтааст. Аниқтараш бо чашмонаш бинад, ки домодаш бемор аст ё не? Вақте миёни одамҳои зиёд пурсидани мешавад ки чаро чунин корро кардааст, ки домодаш мегӯяд, ки тағоӣ биё дар берун гап занем, инҷо ҷои гап нест. Ман ҷавоби духтарро додани нестам, баъд падари Дилором мегуяд, ки чихел ҷавоб додани нестӣ ки бо корд задӣ кӯдакашро куштӣ.»
Дар ҳамин ҳол, Абдуғаффор Маҳмадалиев, додситони ноҳияи Данғара, ки ин парванда зери назораташ аст, дар суҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, Акбар Шарифов дар пайи «рашки оилавӣ» ба ин ҷиноят даст задааст ва ӯ то рӯзи содир кардани ҷиноят ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бемории рӯҳиро надоштааст. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев феълан нисбати Акбар Шарифов тибқи моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ) ва моддаи 32 қисми 1 (суиқасд) Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз шудааст. «Дар ташхиси якуми психологие ки мо таъин карда будем, гуфтанд, ки мо дар шароити амбулатория ташхис карда наметавонем, барои ҳамин мо қарор кати барои ташхис равон кардем ба беморхонаи ҷумҳуриявӣ. Аллакай, хулоса се рӯз пеш тайёр шуда будаст, ки ташхиси мукаллаф доданд, яъне девона нест ва ҳаракатҳои худашро идора карда метавонад.»
Ҷаноби Маҳмадалиев ҳамчунин гуфт, таҳқиқи парванда рӯзҳои наздик ба охир расида, он ба суд ирсол мегардад. Аммо ончӣ дар ин қазия беҷавоб мемонад, нақши модарарӯс аст, ки шояд аз муҳаббати зиёд ё рашки домангир барои фарзанд ва набераи таваллуднашудаи худ пешомади фоҷиаомезеро таҳия ва амалӣ кард. Ин бандҳое эҳтимол на аз кодекси ҷиноӣ, балки ахлоқиянд?