Ин дар ҳолест, ки системаи қаблии ҷамъу поккории обпартовҳои Қайроқум аз соли 1998 хароб гашта, ҳама обҳои партови шаҳр бо шабакаи ягонаи обу корез ба Баҳри Тоҷик ҷорӣ мегардад.
Ин дар ҳолест, ки канори обанбори Қайроқум бо осоишу фароғатгоҳҳои нав ба нави худ ба машҳуртарин ҷои истироҳату шиноварӣ ва табобат дар Тоҷикистон табдил меёбад ва садҳо нафар аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа тамоми фасли сол ба хотири фароғату табобат ба осоишгоҳҳои канори Баҳри Тоҷик меоянд.
Охун Абдураҳмонов, сардори идораи обу корези шаҳри Қайроқум дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, акнун талош доранд бо барқарор намудани системаи ҷамъу поксозии партоб дар канори шаҳри Қайроқум ва тавассути насосҳо равон кардани маҷрои обҳои партоби шаҳр ба он, вазъро ислоҳ кунанд: “2-3 насоси пуриқтидор мегузорем ва партобҳоро бо қубур ба ҳавзҳои поккорӣ, ки дар баландӣ ҷойгир аст, мепартоем. Иқтидори маркази поккорӣ 16 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз. Бо ҳамин роҳ ҷорӣ шудани партоб ба обанборро пешгирӣ мекунем.”
Оқои Абдураҳмонов афзуд, бозсозии системаи ҷамъу поккории оби партоби Қайроқум бо 319 ҳазор доллар маблағе, ки Бонки аврупоии Бозсохт ва Рушд ихтисос додааст ва маблағгузорӣ аз буҷаи Қайроқум, сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, ҳудуди 3 километр хати лӯла то ҳавзҳои поккорӣ бо маблағи шаҳрдорӣ кашида хоҳад шуд. Аммо масъулон ҳанӯз замони аниқи татбиқи ин барномаро эълон накардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Абдураҳмонов, ин кор баъд аз харидани насосҳову кашидани қубур ва бо роҳи тендер интихоб кардани иҷрокунанда, оғоз хоҳад гашт.
Обанбори Қайроқум, маъруф ба Баҳри Тоҷик бо гунҷоиши беш аз 3 миллиард метри мукааб об яке аз панҷ обанборҳои бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯди Сир маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи сокинон, то солҳои 50 уми асри гузашта оби Қайроқум тозаву қобили нӯшидан буд. Аммо мақомоти шӯравӣ аз пайи иҷрои нақшаи пахтаву саноатӣ поёноби заҳролуди заминҳои кишт, партовҳои корхонаҳову шабакаҳои обу корези шаҳрҳои канори рӯди Сир ва обанборро ба ин манобеъи бузурги об сарозер карданд. Оби Сиру Қайроқум олудаву нопок ва зарарнок шуд. Дар рӯзҳои мо сокинон аз истифодаи оби он ба сифати нӯшокӣ ва зарурати рӯзгор парҳез меварзанд. Оби Қайроқум танҳо барои обёрии зироат истифода мешавад .
Бисёр сокинони маҳаллаҳои атрофи Баҳри Тоҷик, солҳои ахир аз оббозӣ дар обанбор худдорӣ мекунанд. Ҳамроҳ шудани об партови манзилҳои бисёртабақаи шаҳр ба обанбор сокинонро аз гирифтор шудан ба бемориҳои гузаранда бим медиҳад. Як ҷавонзани сокини шаҳри Қайроқум мегӯяд, табибон барои писари наврасаш, ки бемории тӯлониро паси сар кард, оббозиву офтобхӯриро хеле муфид хондаанд, аммо бо дидани он, ки партовҳои шаҳр ба баҳр мерезад, вай фарзандашро аз рафтан ба канори обанбор манъ мекунад.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба маълумоти расмӣ, соли равон шумораи гирифторони бемориҳои гузаранда дар вилояти Суғд 14 дар сад афзудааст. Ва табибон як сабаби инро дар истифода аз оби нопоки ошомиданӣ меноманд.
Аммо мусоҳибам ба ислоҳи вазъ ва гардондани маҷрои партов аз обанбор ба сӯи маркази поккорӣ он қадар хушбин нест.
Вай мегӯяд, ҳамин тавр, 5 сол пеш низ мақомот аз бунёди маркази нави ҷамъу поккории обҳои партоби шаҳри Қайроқум бо маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ эълон дошта буданд. Аммо он барнома бо сабабҳои норӯшан ба марҳалаи иҷро нарасид.